Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ТАБРИКОТИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба муносибати Иди касбии роҳиоҳанчиён

Санаи нашр: 17-08-2024 Просмотрено: 2868

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 17 август  Рӯзи кормандони нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуд.

Матни табрикоти Вазир дар зер пешниҳод мегардад.  

Роҳиоҳанчиёни шарафманди кишвар!

 Ҳамаи Шуморо ба муносибати Иди касбии роҳиоҳанчиён, ки дар фазои орому осоиштаи кишвар ва ягонагию ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям. 

 Имсол Рӯзи роҳиоҳанчиёни кишварамон маротибаи 30-юм ҷашн гирифта мешавад.

Агар ба таърихи роҳи оҳани кишвар назар андозем, бунёди он ҳанўз соли 1880  аз тарафи Русия ибтидо гирифта, соли 1925 сохтмони роҳи оҳани «Тирмиз -Душанбе» ба дарозии 245 километр оғоз ёфт ва  1 сентябри соли 1929 ба охир расид.

Давраи навини рушди Роҳи оҳани Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, яъне аз рӯзи мақоми давлати соҳибихтиёр гирифтани кишварамон оғоз гардида, 17 августи соли 1994 бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи Шӯъбаи Душанбегии Роҳи оҳани Осиёи Миёна  Роҳи оҳани Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бинобарин ин 17 август расман Рӯзи кормандони нақлиёти роҳи оҳан эълон гардидааст.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Роҳбарияти давлат дар қатори дигар  самтҳои соҳаи нақлиёт ба рушду тараққиёти  роҳи оҳан низ аҳамияти хоса дода, сохтмону таҷдиди хати роҳи оҳан ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар қатораҳоро вазифаи аввалиндараҷа арзёбӣ намуданд.

Аз ин хотир ба туфайли дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлоли давлатӣ соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвар ба пешравиҳои зиёд ноил гардида, 218,95 км хати роҳи оҳан сохта ба истифода дода шудааст. Бунёди роҳи оҳани «Бохтар (Қӯрғонтеппа) – Кӯлоб» ба масофаи 132 км, сохтмони  қитъаи роҳи оҳани «Ваҳдат  – Ёвон»- и роҳи оҳани «Душанбе – Бохтар – Кӯлоб» ба дарозии  умумии  40,7 км (бо шумули 3 нақб ба дарозии 3643 метр, 8 пул ба дарозии 683,2 метр) аз ҷумлаи ин  дастоварҳо  мебошанд.

Ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи стратегии мамлакат, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо сохтан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон лоиҳаи озмоишии ҳамлу нақли мултимодалии бор тавассути долони «Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия» дар истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ба роҳ монда шуд, ки  долони мазкур бо назардошти кам шудани масофа ва арзон гардидани арзиши интиқоли мол нисбат ба долонҳои мавҷуда самаранок буда, пайвастани Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути роҳи автомобилгард ба эҳёи Шоҳороҳи бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақа мусоидат мекунад.

Имрӯз ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи афзалиятноки сармоягузории сохтмони хатти нави роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён» корбарӣ идома дошта, 30 июли соли 2024 Протоколи музокирот миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (КОICА) дар бораи таҳияи Асоснокукунии техникиву иқтисодии (АТИ) лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани мазкур  ба имзо расид.

Бо татбиқи муваффақонаи лоиҳаи мазкур Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил ёфта, ҳамлу нақли молу маҳсулот бо мамлакатҳои ҳамсоя меафзояд, ки ин ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои кишварҳои минтақа аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Ҳамзамон лоиҳаҳои сармоягузории хариди вагону локомотивҳо таҳия гардида, барои муаррифӣ ва маблағгузории минбаъда ба якчанд созмону хазинаҳои маблағгузори байналмилалӣ ва шарикони рушд пешниҳод гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки истифодабарии нақлиёти роҳи оҳан дар иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда дошта, зиёда аз 72,0 фоизи боркашонии байналмилалии Тоҷикистон маҳз бо ин намудани нақлиёт амалӣ карда  мешавад.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбарии байналмилалӣ қатораҳои мусофирбарӣ дар хатсайри  «Душанбе – Тошканд – Душанбе», «Кӯлоб – Волгоград– Кӯлоб», «Душанбе –  Волгоград – Душанбе» ва «Хуҷанд– Волгоград– Хуҷанд» ба фаъолият оғоз намуда,  ҳаҷми мусофирбарии байналмилалӣ аз ҳисоби хатсайрҳои мазкур дар нимсолаи аввали соли  равон  31 ҳазор мусофирро ташкил намуд.

Ҳамчунин қатораҳои мусофирбарӣ дар   хатсайрҳои «Душанбе – Бохтар – Кӯлоб – Душанбе» ва «Душанбе – Турсунзода – Душанбе» дар хизмати мусофирон қарор дошта, дар нимсолаи аввали соли 2024  ҳаҷми мусофирбарӣ дар дохили кишвар 183 ҳазор мусофирро ташкил дод.

Имрўзҳо Роҳи оҳани Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат ва саъю кӯшиши роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  дар пайи амалишавии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати кишвар дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дигар самтҳои фаъолият ба пешравию дастовардҳои нав  ноил гардидааст, ки боиси ифтихор аст.

Мо  итминони комил дорем, ки минбаъд низ аҳли ин корхона  дар  рушди бемайлони соҳаи роҳи оҳани кишвар, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар, ободониву созандагӣ ва  пешрафти иқтисодиёти мамалакат саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Бо ҳамин ниятҳои нек шумо, собиқадорон ва кормандони  феълии соҳаро бо Рӯзи кормандони  нақлиёти роҳи оҳан табрик гуфта, дар пешбурди фаъолияти корӣ, ва саҳмгузорӣ дар ободониву созандгии Тоҷикистони азизамон муваффақиятҳои  чашмрас ва ба якояки шумо осудагиву тансиҳатӣ  таманно  дорам.

Идатон муборак роҳиоҳанчиёни сарбаланди Тоҷикистон!