Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

НАҚШАИ ҶАҲОНӢ. Даҳсолаи амал оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ

Санаи нашр: 15-08-2024 Просмотрено: 2669

Тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ №74/229, бо мақсади кам кардани фавт ва ҷароҳат дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ солҳои 2021-2030 Даҳсолаи амал оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ эълон карда шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 садамаи нақлиётӣ (соли 2023 – 492 садама) рух додааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар захмӣ шуданд, хабар дод муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода рӯзи 8 август дар нишасти матбуотӣ.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, танҳо дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон 4364 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 1692 нафар  ҳалок гашта, 4776 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Натиҷаҳои таҳлили РБДА Вазорати корҳои дохилии ҶТ нишон медиҳанд, ки аксари садамаҳои нақлиётӣ бо сабабҳои риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аниқтараш баланд будани суръати ҳаракат (75%), нақзи қоидаҳои тағйири хати ҳаракат дар роҳ ва пешигирӣ ё обгон (45%), рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, набастани камарбанди бехатарӣ, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ ҳангоми рондани мошин, беэътиноӣ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ҳолати бади роҳҳо ва набудани аломатҳои роҳ ва ғайра ба амал меоянд.

 Ба андешаи коршиносон, афзоиши теъдоди автомобилҳо дар кишвар низ боиси тамбашавӣ ва ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ мегардад. Солҳои охир шумораи мошинҳо дар Тоҷикистон хеле афзудааст. Тибқи маълумоти ВКД ҶТ, то 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёт - сабукрав, боркаш, мусофирбарӣ ба қайд гирифта шудааст. Як сол пеш ин рақам ба 601 136 адад баробар буд. Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 562 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав мавҷуд буд.                                            

                                          ***

Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар бораи вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки соли 2023 нашр шудааст, ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар ҷаҳон тақрибан 1,3 миллион нафар ҷони худро аз даст медиҳанд, 50 миллион нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мегиранд. Ин омор дар ҳар 24 сония як нафар ва дар як рӯз зиёда аз се ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Садамаҳои нақлиётӣ ба иқтисодиёти кишварҳо ва дар маҷмӯъ ба ҷомеа зарари зиёди иҷтимоӣ, моддӣ ва демографӣ мерасонанд. Сеяки ҳалокшудагон дар садамаҳои нақлиётӣ одамони синни фаъолтарини қобили меҳнат (26-40 сола) мебошанд. Тақрибан 20% осебдагон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ маъюб мешаванд. Ба ақидаи мутахассисон, зарари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои автомобилгард нисбат ба ҳамаи дигар садамаҳои нақлиётӣ (ҳавопаймоҳо, киштиҳо, қатораҳои роҳи оҳан ва ғайра) бештар аст.

         Омори фавти одамон бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ нисбат ба кишварҳои пешрафта се маротиба зиёд аст. Сатҳи баландтарини фавт дар Африқо – 26,6 ҳолат ба ҳар 100,000 нафар ва сатҳи пасттарин дар Аврупо – 9,3 ҳолат ба ҳар 100,000 нафар мебошад.    

        Мутобиқи маълумоти СҶТ, то соли 2030 тақрибан 70% аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ хоҳанд кард, ки ин талаботро ба нақлиёти ҷамъиятӣ дучанд мегардонад.            

             Чораҳои пешгирии тавсияшаванда

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва комиссияҳои минтақавии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо шарикони барномаи «Ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид дар самти бехатарии ҳаракат дар роҳ» ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҳамчун роҳнамо барои дастгирии   Даҳсолаи амал оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ (солҳои 2021-2030) ва расидан ба ҳадафҳои он, Нақшаи ҷаҳонӣ ба тасвиб расонидаанд.

 Дар Нақшаи ҷаҳонӣ амалҳои зарурӣ барои ноил шудан ба ин ҳадаф оварда шудаанд ва аз ҳукуматҳо ва шарикон даъват карда мешавад, ки  муносибати дастаҷамъонаи  «Системаи бехатар» - ро  ба кор баранд.

Ҳадафи ин нақша ҳавасмандгардонии ҳукуматҳои миллӣ ва маҳаллӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор мебошад, ки метавонанд ба вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳ (аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеаи илмию таълимӣ, бахши хусусӣ, донорҳо, фаъолони ҷамъиятӣ, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа) дар раванди таҳияи барномаву нақшаҳои миллӣ ва маҳаллӣ ва ташаккули ҳадафҳои Даҳсолаи амал таъсир расонанд.

 Нақшаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, андешидани чунин тадбирҳоро тавсия медиҳад:

         • қабул ва таъмини иҷрои қонунҳо оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ;

         • муқаррар кардани маҳдудиятҳои суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо назардошти навъ ва хусусиятҳои функсионалии роҳҳо;

         • ҳатмӣ гардонидани истифодаи воситаҳои бехатарӣ (камарбанди бехатарӣ, дастгоҳҳои нигоҳдории кӯдакон ва кулоҳҳои амнии мотосикл);

         • маҳдуд сохтани истифодаи дастгоҳҳои электронии сайёр (телефонҳои мобилӣ, ноутбукҳо, планшетҳо, гӯшмонакҳои микрофон ва ғайра) ҳангоми рондани воситаҳои нақлиёт;

         • муқаррар ва давра ба давра мукаммал сохтани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва меъёрҳои рафтори иштирокчиени ҳаракат дар роҳ;

         • гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ аз Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;

         • муқаррар кардани синну соли ҳадди ақал барои идоракунии мошин ва талабот оид ба вазъи биниши ронандагон;

         • ҳавасмандгардонии банақшагирии системаҳои нақлиётии мултимодалӣ ва сохтмони роҳҳо бо назардошти эҳтиёҷоти пиёдагардон, велосипедронҳо ва  истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ;

         • мусоидат ба тарҳрезии ба транзит нигаронидашуда бо мақсади дар атрофи гиреҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ мутамарказ гардонидани инкишофи шаҳр ва рушди тиҷорат;

        • бунёдии шабакаҳои нави нақлиётӣ (ё навсозии шабакаҳои мавҷуда)  бо мақсади бехатарсозии роҳҳои ғайримотории ҳаракат ва қонеъ сохтани эҳтиёҷоти ҳамаи табақаҳои одамон, новобаста аз синну сол ва имкониятҳояшон;   

      • андешидани тадбирҳои инфрасохторӣ, ки риояи ҳолати мантиқӣ ва басрии суръати ҳаракатро таъмин мекунанд (масалан, 30 км/соат дар маркази шаҳр; ≤ 80 км / соат дар роҳҳои берун аз шаҳр бе хатти ҷудокунанда; 100 км/соат дар шоҳроҳҳои баландсуръат); 

       • муқаррар намудани стандартҳои самаранок, мувофиқашуда ва ҳатмии бехатарӣ барои автомобилҳои нав ва мошинҳои истифодашудаи мотордор, камарбанди бехатарӣ, системаҳои нигоҳдории кӯдакон ва кулоҳҳои амнии мотосиклҳо;

      • ба тавр возеҳу равшан гузоштани аломатҳои роҳ ва нишон додани хатҳои  басрии роҳ.

                    Тадбирҳои дар Тоҷикистон андешидашуда

      Дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»  таҳти № 1533 аз 17 майи соли 2018, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» таҳти № 1794 аз 25 июни соли 2021, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» таҳти № 1846 аз 23 декабри соли 2021, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти № 1689 аз 2 апрели соли 2020, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯйхати нишондиҳандаҳои омории ҳаракати роҳ, тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ» таҳти № 184 аз 26 апрели соли 2022 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки маҷмӯи тадбирҳоро барои таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ  муқаррар ва асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро пешбинӣ менамоянд.

 Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 323 аз 20 июни соли 2017 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, инчунин мутобиқи замимаи № 1  Аломатҳои роҳи Тоҷикистон қабул карда шуданд.

Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор шомиланд.

Таъмини бехатарии ҳаракати роҳ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ масъалаи мубрам буда, масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти мамлакат мунтазам барои беҳтар намудани шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ бо истифода аз тамоми имкониятҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

 Ин масъала, аз ҷумла, дар ҷараёни нишасти матбуотии ахири Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва зикр гардид, ки дар муассисаҳои истифодаи роҳҳо сол аз сол ба барқарорсозӣ ва ҷойгиркунии аломатҳои роҳ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар натиҷа, танҳо дар соли 2022 дар роҳҳо 2 ҳазору 335 аломат ва дар нимсолаи аввали соли 2023 беш аз 1800 аломати роҳ насб карда шуд.

Барои назорати риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳанӯз соли 2013 дар Душанбе лоиҳаи «Шаҳри бехатар» мавриди татбиқ қарор дода шуд, ки дар доираи он дар 75 чорроҳа ва кӯчаҳои марказӣ 855 дурбини назорати видеоӣ насб карда шудааст.

Соли 2017 ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии мамлакат ислоҳот ворид карда шуд, ки он ҷазоро барои риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сахттар кард.

Бо дарназардошти ин тағйирот, масалан, барои рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, ки боиси беэҳтиётӣ ба марги  одамон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии онҳо гардидааст, ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати 10 сол пешбинӣ шудааст.

 Инчунин мӯҳлати маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт аз 2 то 10 сол зиёд карда шуд. Идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ бо ҷарима дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисобӣ (аз 1 январи соли 2024 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомониро ташкил медиҳад) ё ҳабси маъмурӣ барои 15 рӯз бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёт то 5 сол ҷазо дода мешавад.

 Масъулият барои рондани мошин бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ низ аз 3-5 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шудааст. Барои рондани воситаи нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ дар ҳолати мастӣ андозаи ҷарима аз 50 то 400 нишондиҳанда зиёд карда шудааст. Дар ин ҳолат, дар сурати вайронкунии такрорӣ шахс метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.

 Аз ҷониби Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи  тадбирҳо таҳия ва мавриди амал қарор дода шуд, ки он, аз ҷумла, тарғиби истифодаи камарбанди бехатарӣ, пахши филмҳо дар шабакаҳои телевизионӣ дар давоми 12 дақиқа дар бораи оқибатҳои вазнини истифода накардани камарбанди бехатарӣ, гузаронидани рейдҳои муштарак оид ба назорати истифодаи камарбанди бехатарӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Моҳи августи соли 2023 РБДА ВКД ҶТ бори аввал дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти   шартии «Камарбанди бехатарӣ» доир намуд ва инчунин гурӯҳи алоҳидаро барои таъмини назорати доимии истифодаи камарбанди бехатарӣ таъсис дод.

 23 ноябри соли 2023 дар Душанбе семинар дар мавзӯи «Бехатарии ҳаракат дар роҳ ва навсозии истифодаи роҳҳои автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Семинар аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи татбиқи марҳилаи 4-уми Барномаи   беҳтар намудани роҳҳои минтақавии алоқа дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4) ташкил карда шуд.

Дар семинар намояндагони тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла Бонки миллӣ, Агентии омори назди Президенти ҶТ, вазоратҳои нақлиёт, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, КҲФ ва МГ назди Ҳукумати ҶТ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ),  Бонки ҷаҳонӣ,  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Бонки Осиёии рушд (БОР), Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) иштирок карданд.

Бо мақсади такмили таҷрибаи нигоҳдории инфрасохтори роҳҳои кишвар қисми дуюми семинар ба талаботи ислоҳоти амалияи идоракунии дороиҳои роҳ дар Тоҷикистон тибқи стандартҳои байналмилалӣ бахшида шуд.  

 «Бо мақсади рушди минбаъдаи маҷмааи нақлиётии мамлакат, аз ҷумла сохтмону таҷдиди пурраи шабакаҳои роҳҳои автомобилгард, сохтмони нақбу пулҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2,2 миллиард доллари ИМА сармоя ҷалб карда шуд, - гуфт дар семинар муовини Вазири нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода, - дар оянда барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ ҷалби тақрибан 7,3 миллиард доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст».

 Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи БРАМОМ-4 ба ноил шудан ба ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат хоҳад кард. Ҳадафи марҳилаи чоруми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4) баланд бардоштани самаранокии савдои фаромарзӣ (барои иштирокчиёни иқтисодиёти минтақавӣ) ва устуворию бехатарии инфрасохтори алоқаи минтақавӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ, густариши мубодилаи иқтисодӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва берун аз он дар тӯли Роҳи Абрешим мебошад.

31 июли соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ширкати итолиёвии FRED Engineering S.R.L дар доираи марҳилаи чоруми  Барномаи болозикр барои хизматрасониҳои машваратӣ ҷиҳати дастгирии  РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи «Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар  роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи амал барои солҳои 2024-2034» шартнома ба имзо расид. Шартномаро аз ҷониби  фармоишгар Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ва аз  ҷониби иҷрокунанда Директори рушди ширкати FRED Engineering S.R.L  (Итолие) Франсиско Рейн (Francisco Reina) имзо карданд.