Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Таҷлили Рўзи Конститутсия дар Вазорати нақлиёт

Санаи нашр: 05-11-2021 Просмотрено: 3139

   Рўзи 5 ноябри соли равон бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он нахуст вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик гуфта, аз таърихи қабули ин қонуни олии кишвар, моҳият ва аҳамияти он дар созандагиву бунёдкории кишвар, пиёда сохтани орзуву ормонҳои мардуми тоҷик ба ҳозирин маълумот дода, ҳамагонро ба эҳтиром гузоштан ба ин муқаддасоти миллӣ ва риояи ҳар банди он даъват намуд.

   Вазири нақлиёт қайд кард, ки боиси сарфарозиву ифтихори мо роҳсозону нақлиётчиёни кишвар аст, ки дар ин созандагиҳо саҳми мо андаке ҳам бошад намоён аст. Бо бунёду таҷдиди роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо, кушодашавии хатсайрҳои байналмилалӣ Тоҷикистони мо ба як кишвари воҳид табдил ёфта, ба ҷаҳони мутамаддин пайваст гардид ва яке аз самтҳои стратегии Ҳукукмати кишвар - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷомаи амал пӯшид.

   Сипас сардори бахши ҳуқуқи Вазорати нақлиёт Сафарзода Мақсуд, корманди КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» Муҳаммадӣ Хоҷаев, раиси шўрои ҷавонони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Насимҷон Қосимов ва дигарон дар бораи тафсири моддаҳо, аҳамияти  қабули ин бахтномаи миллат дар пойдори сулҳу субот ва ҳимояи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон сухан карданд.

   Ҷаласаи тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ ҷамъбаст гардид.