Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ДОИРАИ МУЛОҚОТИ VI МАШВАРАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲО. Дар Остона ҷаласаи дуюми вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Санаи нашр: 08-08-2024 Просмотрено: 6276

Рӯзи панҷшанбе, 8 август, дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи дуюми вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Мулоқоти VI машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

 Дар ҷаласа Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Қарабоев, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Маҳқамов, иҷрокунандаи вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қирғизистон Абсаттар Сиргабаев ва Раиси Агентии «Туркменавтоулаглари»-и Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди  Девони Вазирони Туркманистон Гуванчмират Акмаммедов иштирок ва суханронӣ карданд.

 Зимни суханронии худ Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим аз ҷонибҳо даъват кард, ки ба имкониятҳои густариши ҳамкорӣ ва коркарди модели ягонаи рушди логистика ва шабакаи нақлиётӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба масъалаи рушди хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар миқёси минтақа низ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.

 «Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти қаблии машваратии сарони давлатҳои минтақа дар Душанбе моҳи сентябри соли гузашта пешниҳод намуданд, ки консепсияи марказҳои логистикӣ дар Осиёи Марказӣ таҳия гардад», - гуфт Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаҳои ҷаласаи кунунии вазирони нақлиёти минтақа ба ин мусоидат хоҳанд намуд.

 Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи дуюми вазирони нақлиёт Протоколи ҷамъбастӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба рушд ва ҳамгироии марказҳои логистикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 2-юми вазирони нақлиёти минтақа дар доираи Мулоқоти VI машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки фардо, 9 август дар Остона бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон баргузор мешавад, доир гардид.

Сарони давлатҳо дар Остона инчунин дар ҳамоиши роҳбарони кишварҳои муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» иштирок мекунанд.