Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти № 668, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ташаккули низоми устувори муносибатҳои ҳуқуқӣ, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шудааст.
Тавассути маводҳо дар бахши сомона мо тасмим гирифтаем, ки на танҳо дониши ҳуқуқии кормандони соҳаро баланд бардорем, балки муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаро ба ҳамаи истифодабарандагони роҳу нақлиёт фаҳмонем.
Дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки мо бояд онҳоро донем, зеро ин ҳуҷҷатҳо барои таъмини ҳуқуқи инсон, шароити мусоиди кор ва зиндагии мардум ва фаъолияти муназзам дар ин ё он соҳа пешбинӣ шудаанд.
Дар маводи қаблӣ, ки 26 июли соли 2024 чоп шуда буд, мо дар бораи ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард маълумот додем.
Имрӯз мо дар бораи он сӯҳбат хоҳем кард, ки худи муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо – роҳсозон, коргарон, лоиҳакашҳо, муҳандисон ва дигарон чӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳо доранд ва масъулияту вазифаҳояшон аз чӣ иборат аст.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» аз 25 июни соли 2021 таҳти № 1794 дар ин бора чунин омадааст:
Моддаи 48. Масъулияти субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ
Субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ, ки фаъолиятро оид ба нигоҳдории кӯчаҳо, роҳҳои шаҳр ва маҳалҳои дигари аҳолинишин амалӣ менамоянд, барои иҷрои корҳои зерин масъул мебошанд:
1) нигоҳдории ҳолати кӯчаҳо, роҳҳои шаҳр ва маҳалҳои дигари аҳолинишин мутобиқи меъёрҳои амалкунанда, аз ҷумла бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон;
2) таъмини сифати корҳо оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, таъмир, нигоҳдории кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳр, инчунин маҳалҳои дигари аҳолинишин;
3) ҷойгир намудани воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, иншооти хизматрасонии роҳ ва воситаҳо барои таблиғот;
4) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти ҷуброни зарар ба истифодабарандагони кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳр ва маҳалҳои дигари аҳолинишин, ки дар натиҷаи ғайриқаноатбахш будани шароити роҳҳо ба вуҷуд омадаанд;
5) иҷрои вазифаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 49. Уҳдадориҳои шахсони мансабдори масъули сохтмон, азнавсозӣ, таъмир, истифодабарӣ, беҳдошти роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва иншооти дигар
Шахсони мансабдори масъули сохтмон, азнавсозӣ, таъмир, истифодабарӣ ва беҳдошти роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан, пулҳо, гузаргоҳҳои болои ҳам ва иншооти дигар уҳдадор мебошанд:
1) нигоҳдории иншооти ба зиммаашон вогузоргардидаро дар ҳолате таъмин намоянд, ки ба талаботи муқарраршуда ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҷавобгӯ бошанд;
2) ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳдид менамоянд, ҷиҳати сари вақт манъ ё маҳдуд кардани ҳаракат тадбирҳо андешанд;
3) ҳангоми иҷрои сохтмон, азнавсозӣ, барқарорсозӣ ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ба пуррагӣ бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро таъмин намоянд;
4) ҷойҳои иҷрои кор, ҷойҳоеро, ки дар роҳ, кӯчаҳо, гузаргоҳи роҳи оҳан мошин ва механизмҳо, масолеҳи сохтмон ва дигар ашё гузошта шудаанд, бо аломатҳои роҳи муносиб, воситаҳои ҳимоякунанда ва роҳнамоикунанда ишора карда, дар торикии шаб ё фаромадани туман бо шуълаи чароғҳои сигналдиҳӣ, ки мутобиқи меъёрҳои ҷорӣ пешбинӣ шудаанд, муайян намоянд;
5) баъди анҷом додани кор дар роҳ, кӯчаҳо, гузаргоҳи роҳи оҳан онҳоро ба ҳолате оранд, ки ҳаракати бемонеа ва бехатари воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардонро таъмин намуда, минтақаи ҳамшафатро бехатар гардонанд;
6) дар сурати ифлос шудани қисмати мошингузари роҳ, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ба таври фаврӣ барои тоза кардани онҳо ва сари вақт огоҳӣ намудани иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ оид ба хавфе, ки барои бехатарии ҳаракат ба вуҷуд омадааст, чораҳо андешанд, онҳоро бо воситаҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ муҷаҳҳаз намоянд;
7) қитъаҳои садамавию хатарнок ва ҷойҳоеро, ки ҳодисаи роҳу нақлиётӣ зиёд рӯй медиҳад, ошкор намуда, дар ин гуна ҷойҳо оид ба беҳсозии ҳолат ва ташкили ҳаракат барои таъмини бехатарӣ дар роҳ чораҳои зарурӣ андешанд;
8) монеаҳои ҳаракат дар роҳро сари вақт ошкор намуда, бартараф кардани онҳоро таъмин намоянд ва ҳангоми ғайриимкон будан онҳоро бо аломатҳои роҳ, воситаҳои иҳотакунанда ва роҳнамоикунанда муайян намоянд;
9) ҳар моҳ таҳлили садамавии ҳудудиро гузаронида, имконияти партофтани хок, санг ва маводи дигарро дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан аз ҷониби воситаҳои нақлиёт пешгирӣ кунанд;
10) ба соҳибони воситаҳои нақлиёт, агар садама дар роҳу нақлиёт бо сабаби нигоҳдории ғайриқаноатбахши истифодабарии роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан рӯй дода бошад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн пардохт намоянд;
11) дигар уҳдадориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.