Рӯзҳои охири моҳи июли соли ҷорӣ бар асари таъғирёбии иқлим, аз меъёр зиёд гардидани гармии ҳаво ва об шудани пиряхҳо дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сатҳи оби дарёҳо баланд гардида, сел омад ва роҳҳои автомобилгардро хароб кард.
Аз ҷумла, субҳи 28 июл сатҳи дарёи Сурхоб баланд гардида, 600 метр роҳ дар километри 255-уми роҳи дорои аҳамияти байналмилалии «Ваҳдат -Рашт -Лахш -сарҳади Қирғизистон» зери об монд, ки дар натиҷа ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути он муваққатан қатъ гардид.
Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт ва муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ва минтақаи Лахш ба таври фаврӣ бо ҷалби қувваи корӣ, 6 адад техникаи вазнини муҳандисӣ ва дигар таҷҳизоту механизмҳо паи бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ шуда, ҳамзамон ба масофаи 800 метр бо паҳноии 5 метр роҳи таворавӣ омода ва ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиётро таъмин намуданд.
Инчунин 28 июл, бинобар аз меъёр зиёд гардидани сатҳи оби дарёи Хингоб дар километри 48-уми роҳи автомобилгарди байналмилалии «Лабиҷар-Сангвор» 300 метр роҳ зери об монд.
Дар ин ҷо низ бо қувваи коргарону мутахассисон ва техникаву механизмҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Сангвор ва аҳли ҷамоатчигӣ ба дарозии 750 метр роҳи таворавӣ сохта, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин карда шуд.
Дар ҳолати паст гардидани сатҳи оби дарёҳои Сурхобу Хингоб зарари расида ҳисобӣ ва қисматҳои харобгардидаи роҳҳо аз нав барқарор карда мешаванд.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 то 5 августи соли 2024 дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гармии ҳаво, баландшавии сатҳи об дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Сурхоб, Панҷ, Вахш ва хатари омадани сел боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, роҳбарияти Вазорати нақлиёти ҶТ ба ҳамаи муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои соҳа супориш додааст, ки омодагии пурраи техникаи барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард истифодашавандаро таъмин кунанд.
Дар баробари ин, Вазорати нақлиёт аз ронандагоне, ки ба минтақаҳои кӯҳӣ мераванд, хоҳиш мекунад, ки дар роҳҳо хеле бодиққат бошанд ва Қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя кунанд.