Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 01-08-2024 Просмотрено: 2425

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, рейтингҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Душанбе сохтмони се таваққуфгоҳ барои мошинҳо идома дорад. Дар ин бора дар нишасти матбуотии шаҳрдории пойтахт 26 июл хабар дода шуд.

Зикр карда шуд, ки таваққуфгоҳҳо дар маркази шаҳр дар кӯчаҳои Айнӣ ва «Бохтар» низ ба нақша гирифта шудаанд. Илова бар ин, дар нақшаи маъмурияти шаҳр дар оянда сохтмони якчанд таваққуфгоҳҳои калон дар назар  аст.

Мавриди зикр аст, ки соли 2020 КВД «Шаҳри ҳушманд» сохтмони таваққуфгоҳҳои бисёрқабатаро дар маркази шаҳр ва дар назди марказҳои савдо тибқи Нақшаи генералӣ эълон карда буд.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорь» аз 25 июни соли 2021 № 1794 пешбинӣ шудааст.

***

КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ то 80 фоиз имтиёзҳо пешниҳод намудааст. Дар ин бора 12 июли соли равон дар ҷаласаи васеи  ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти  хабар дода шуд.

 Ҳамчунин ҳамкории судманд бо маъмурияти роҳи оҳани давлатҳои ИДМ ба роҳ монда шуда, барои интиқоли бор аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо имтиёзҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Дар қатораи мусофирбари «Душанбе-Кӯлоб» 60% тахфиф ва тибқи мувофиқа бо роҳи оҳани кишварҳо (Русия, Қазоқистон ва Узбекистон) ба мусофироне, ки чиптаҳоро пешакӣ мехаранд, то 45% сабукӣ пешбинӣ шудааст.

 Зикр карда шуд, ки ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмилалии борҳо назаррас аст. Ба ин намуди нақлиёт 72,2% боркашонии байналмилалӣ рост меояд.

***

Имрӯз аз 5567,9 км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки дар тавозуни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон қарор доранд, дар зиёда 3500 км (62,8%) маълумот оид ба дороиҳои роҳ ҷамъоварӣ карда шудааст.

Маълумоти ҷамъоваришуда дар якҷоягӣ бо мушовирони ширкати байналмилалии Corporate Solutions барои омода кардани харитаи электронӣ, аз ҷумла муайян кардани хатти ҷудокунандаи роҳ аз рӯи намуд, муайян кардани навъи роҳ, хати ҳаракат ва ғайра коркард карда мешавад.

Тавре қаблан хабар дода шуд, моҳи сентябри соли 2023 бори аввал дар Тоҷикистон маъракаи муҳим ва ҳатмии баҳисобгирии дороиҳои роҳ – шиносномадиҳии роҳҳои автомобилгард оғоз гардид.  Тадбири мазбур аз роҳи байналмилалии дорои аҳамияти стратегии «Душанбе – Кулма», ки дарозиаш 1008 км-ро ташкил медиҳад, оғоз пазируфт.

 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд бо таҷҳизоти замонавӣ барои бақайдгирии дороиҳои роҳ таъмин карда шудааст. Он аз ҷониби ширкати Зеландияи Нав харидорӣ  ва ба ҷумҳурӣ ворид  гардид ва дар мошини сабукрави тамғаи TOYOTA-PRADO насб карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки шиносномадиҳии роҳҳо тибқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021 таҳти № 1794 «Дар бораи роҳҳои автомобилӣ ва фаъолияти роҳдорӣ» амалӣ карда мешавад.

***

      Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ба роҳбарони ҳамаи муассисаҳои хоҷагии роҳҳои кишвар супориш дод, ки нақшаи шинондани дарахтонро дар канори роҳҳои автомобилгард таҳия ва тасдиқ намуда, ба Вазорат пешниҳод кунанд.

     Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024 таҳти № 374 «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ба вазорат супориш дода шудааст, ки дар ин давра 5 миллион ниҳоли дарахт шинонад. Нақшаи солона зиёда аз 300 ҳазор ниҳолҳои дарахтро дар бар мегирад.

***

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим 24 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки сохтмони қитъаи роҳи «Калаихумб-Ванҷ-сарҳади Рӯшон» бояд дар аввали соли 2025 ба анҷом расад.

«Супориш буд, ки сохтмони ин қитъа то охири соли ҷорӣ ба анҷом расонида шавад. Аммо бинобар зарурати сохтмони босифати ду нақб, панҷ   долон ва 65 иншооти сунъӣ сохтмони ин қитъа метавонад якчанд моҳ тӯл кашад. Оғози соли оянда мӯҳлати пешбинишудаи ба охир расидани сохтмон аст», - иброз дошт Вазир.

Ба гуфтаи ӯ, ба туфайли ин нақбҳо тӯли умумии роҳ 16 км кутоҳ мешавад.

«Яке аз нақбҳо 1,8 км дарозӣ хоҳад дошт, дуввумӣ - 3,4 км. Муҳим он аст, ки корҳо босифат анҷом дода шаванд. Аз ин рӯ барои ба итмом расонидани лоиҳа вақти иловагӣ лозим аст», -  тазаккур дод Азим Иброҳим ва  илова кард, ки корҳо дар бунёди роҳ бо суръати баланд идома доранд.

***

Татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар Хуҷанд идома дорад. Дар ин бора Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шаш моҳи соли 2024 изҳор дошт.

 Ба гуфтаи ӯ, дар татбиқи лоиҳа баъзе мушкилоти марбут ба ҷаримаҳои баланд барои ҳуқуқвайронкуниҳо ба миён омадаанд. Дар ҳамкорӣ бо сармоягузор - ширкати Huawei пешниҳод карда шуд, ки иқдоми мазкур аз ҷаримаҳои хурдтар оғоз карда шавад, то бори иқтисодӣ барои сокинон сабук  гардад.

 «Дар айни замон 80% корҳо аллакай ба анҷом расидаанд, сармоягузорон барои қадамҳои минбаъда омодаанд. Дар доираи лоиҳа насби камераҳои назорати видеоӣ дар 62 нуқтаи шаҳр ва навсозии ҳамаи чароғакҳои роҳ ба нақша гирифта шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 10-12 миллион сомониро ташкил медиҳад ва пас аз ба итмом расидани мувофиқа татбиқи бевосита оғоз меёбад», –  зикр намуд Фирдавс Шарифзода.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» баланд бардоштани сатҳи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ронандагӣ мебошад.

***

Камераҳои «Шаҳри беҳатар» дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон низ насб карда мешаванд. Дар ин бора нашрияи «Хатлон» бо истинод ба маъмурияти шаҳр хабар медиҳад.

Нашрия  навиштааст, ки барои татбиқи лоиҳа ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба имзо расидааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои насби камераҳои назоратӣ 9 миллион доллар сарф хоҳад гардид.

Системаи мазкур муоинаи ҳаракати роҳ, назорати видеоӣ, насби таҷҳизоти видеоӣ ба мошинҳои милитсия ва дигар тадбирҳои бехатариро дар Бохтар пешбинӣ мекунад.

***

Ба қарибӣ дар Тоҷикистон намоишгоҳи деринтизори Chery – истеҳсолкунандаи пешгоми мошинҳои Чин кушода мешавад.

Маркази 4S Chery дар Душанбе дар кӯчаи Раҳмон Набиев, 205 (наздики фурӯшгоҳи “Акрам Мебел”) ҷойгир карда мешавад ва моделҳои охирини мошинҳои Chery-ро муаррифӣ мекунад. Инчунин як қатор хизматрасониҳо, аз ҷумла хизматрасонии техникӣ пешниҳод карда мешаванд.

***

Тоҷикистон ва Туркманистон барои боркашонии зиёд имтиёзҳои нави транзитӣ ҷорӣ карданд. Дар ин бора Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқот бо хабарнигорон 24 июли соли равон иттилоъ дод.

 «Аз ҷониби Туркманистон барои транзит аз Тоҷикистон имтиёзҳо пешниҳод карда шуданд. Акнун дар бандарҳои Туркманистон боркашонҳои тоҷик метавонанд 60 рӯз дар терминали «Туркманбошӣ» ройгон бимонанд», – хабар  дод Азим Иброҳим.

ДАР МИНТАҚА

Дар Қазоқистон синни ҳадди ақал барои ронандагони автобусҳо (категорияи D) кам карда шуд. Қонунро Президенти ЧҚ Косим-Жомарт Токаев имзо кард, хабар медиҳад Tengri Auto.

Пештар, барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии категорияи D, довталаб бояд ба синни 25-солагӣ расида, собиқаи сесолаи кор дар автобусҳои хурд (зеркатегорияи D1), инчунин як сол дар нақлиёти боркаш (зеркатегорияи С1) медошт.

Пас аз имзои санади нав аз ҷониби Токаев, матни қонун «Дар бораи нақлиёти автомобилӣ» аз 4 июли соли 2003 чунин таҳрир ёфт:

«Ба интиқоли мусофирон бо автобусҳое, ки ба ғайр аз курсии ронанда зиёда аз 16 ҷойи нишаст доранд ва троллейбусҳо ба ронандагони аз 23-сола боло, ки собиқаи кории ронандагии на камтар аз се сол, аз ҷумла собиқаи идоракунии воситаҳои нақлиёти марбут ба зеркатегорияи D1 на камтар аз як сол сол доранд, иҷозат дода мешаванд».

Қонун пас аз 60 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи имзо эътибор пайдо мекунад.

***

Ба соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар Узбекистон аз ин ба баъд экостикерҳо дода мешаванд, ки дастрасии мошинҳоро ба минтақаҳои муайяни экологии шаҳр танзим мекунанд.

 Сар аз ин сол дар тамоми минтақаҳои кишвар ба мошинҳо вобаста ба категорияи экологии онҳо ба таври  ройгон стикерҳои «сабз», «зард» ва «сурх» дода мешаванд.

Ин тадбир дар қарори  Девони вазирони ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳои коҳиш додани таъсири манфии воситаҳои нақлиёт ба муҳити атроф» пешбинӣ шудааст.

Тибқи қарор, аз 1 июни соли 2024 дар ҷумҳурӣ системаи «нақлиёти экологӣ» барои назорати риояи меъёрҳои иҷозатдодашудаи таъсири зарарноки партовҳои моддаҳои ифлоскунанда аз ҳамаи категорияҳои воситаҳои нақлиёт ба муҳити атроф марҳила ба марҳила ҷорӣ карда шуд.

Мувофиқи санад, қаламравҳо то соли 2030 аз рӯи вазъи воқеии экологии марбут ба ҳаво ба чунин минтақаҳои экологӣ тақсим карда мешаванд: тоза (сабз), миёна (зард) ва зараровар (сурх). Ронандагони мошинҳое, ки параметрҳои экологии онҳо ба минтақа мувофиқат намекунанд, ҷубронпулӣ пардохт мекунанд ё наметавонанд ба он ворид шаванд.

«Маблағҳои бадастомада барои беҳтар кардани вазъи экологии кишвар ва ҳифзи муҳити зист равона карда мешаванд», - гуфта мешавад дар матни санад.

Мошинҳои хизматрасонии таъҷилӣ  ва нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксиҳо ва таксиҳои хатсайрӣ) метавонанд ба ҳама минтақаҳои экологӣ бидуни маҳдудият ва мамнӯъ ворид шаванд.

***

Як ширкати чинӣ ният дорад, ки дар Қирғизистон корхонаи бастабандии автобусҳои барқӣ бунёд кунад, ки он на танҳо бо истеҳсол, балки бо хидматрасонии “насли” нави нақлиёти ҷамъиятӣ низ машғул хоҳад шуд.

Дар музокироте, ки Бишкек доир шуд, корхонаи чинии Gree Altairnano New Energy ва Вазорати иқтисоди Қирғизистон ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориро имзо карданд. Ҳуҷҷат мавзӯи ба кор даровардани корхонаи бастабандии нақлиёти шаҳрӣ дар қаламрави Қирғизистонро дар бар мегирад, ки бо муҳаррикҳои муосири барқӣ кор мекунад.

Тибқи ин санад, ширкати чинӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ин корхона ва   марказҳои хидматрасонӣ, истгоҳҳои барқдиҳӣ ва нуқтаҳои ивазкунандаи батареяро дар Қирғизистон баррасӣ хоҳад кард.   

***

Туркманистон ва Иттиҳоди Аврупо шарикии худро бо таваҷҷӯҳи махсус ба нақлиёт тақвият медиҳанд. Ин дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмии сафири Туркманистон дар Белгия С. Палвонов бо раиси маъмурияти Комиссари Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Танели Лахти таъкид карда шуд, хабар медиҳад newscentralasia.net.

Як қатор лоиҳаҳои мавҷудаи дуҷониба ва бисёрҷониба муҳокима ва самтҳои нави ҳамкорӣ баррасӣ карда шуданд. Нақлиёт ба як соҳаи калидии таваҷҷӯҳ табдил ёфтааст ва ҳарду ҷониб аҳамияти афзояндаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар заминаи васеътари муносибатҳои Осиёи Марказӣ ва ИА эътироф карданд.

Мавзӯи муҳими муҳокима оғози ояндаи платформаи ҳамоҳангсозӣ дар Туркманистон буд, ки вазирони нақлиётро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо муттаҳид мекунад, ки ин ба ҳамкории наздиктар ва ташаббусҳои муштарак дар ин бахш мусоидат хоҳад намуд.

Созишнома дар бораи ташкили платформаи ҳамоҳангсозӣ дар ҷараёни Форуми сармоягузорон оид ба алоқаи нақлиётӣ – «ИА - Осиёи Марказӣ»  моҳи январ дар Белгия ба даст омад.

ДАР ҶАҲОН

Ба шарофати лоиҳаи миллии «Роҳҳои босифат ва бехатар», ки татбиқи он дар Русия оғоз ёфтааст, корҳо оид ба навсозии шабакаи кӯчаҳо ва роҳҳо дар 105 агломератсияҳои калонтарини шаҳрии  ин кишвар идома доранд. То охири соли 2024 ҳиссаи роҳҳои дар ҳолати меъёрӣ қарордошта бояд ба 85% расонида шавад.

«Инфрасохтори бехатар ва босифати роҳ нишондиҳандаи шаҳри муосир ва босуръат рушдёбанда, ҷузъи муҳими некӯаҳволии сокинони он ва барои сайёҳон яке аз меъёрҳоест, ки дар он таассуроти умумӣ дар бораи шаҳр ба вуҷуд меояд. Ва агар дар оғози лоиҳаи миллӣ, чун қоида, майдонҳои марказӣ ва хиёбонҳо таъмир карда шаванд, ҳоло кӯчаҳо дар маҳаллаҳое, ки маҷмааҳои нави истиқоматӣ сохта мешаванд, нав карда, инчунин роҳҳо дар бахши хусусӣ таъмир карда мешаванд. Имсол дар агломератсияҳои шаҳрӣ, аз ҷумла ба таври куллӣ, зиёда аз 3,5 ҳазор км роҳҳо таъмир карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, то охири соли 2024 ҳиссаи шабакаи кӯчаҳо ва роҳҳо дар агломератсияҳои шаҳрӣ бояд дар меъёр ба 85% бирасад», - гуфт муовини Раиси Ҳуккумати Русия Марат Хуснуллин.

***

Дар Беларус нақша доранд, ки сохтмони роҳҳои навро коҳиш диҳанд ва диққати асосиро ба таъмир ва таҷдиди роҳҳои мавҷуда равона созанд. Дар ин бора сардори Саридораи роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёти ҶБ Григорий Глазко изҳор дошт, хабар медиҳад агентии давлатии иттилоотии «БелТА».

Намояндаи вазорат  зикр кард: зичии шабакаи роҳҳои автомобилгард дар ҷумҳурӣ яке аз баландтарин дар байни кишварҳои фазои пасошӯравӣ ва Аврупо мебошад. Дар роҳҳои истифодаи умумӣ зиёда аз 40% ҳамаи борҳо ва тақрибан 60% мусофирон интиқол дода мешаванд.  

«Ба зудӣ мо аз сохтмони роҳҳои нав канор меравем, то маблағҳоро ба таъмиру таҷдиди роҳу пулҳои мавҷуда сарф кунем», - иброз доштааст Григорий Глазко.

Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷӯҳ ба ҳифз ва такмил додани шабакаи мавҷудаи роҳҳо, ба ҳолати дурусти нақлиётӣ ва амалиётӣ дар доираи таъмири ҷорӣ ё асосӣ равона  мегардад. Ҳангоми таъмир ба иваз кардани рӯйпӯши роҳҳо диққат дода мешавад.

***

Дар Чин барои мошинҳои барқӣ пуркунандаи барқии сайёр  ихтироъ карда шуд.

 Рамзи QR-ро скан карда, фармоиш додан мумкин аст, пас аз он пуркунандаи мобилии интеллектуалии рангаш сафед бо дарозии 2 метр ва баландии қариб 2 метр ба таври худкор ба таваққуфгоҳи таъиншуда «меояд», то мошинро бо барқ пур кунад. Бо истифода аз барномаи мобилӣ, соҳиби мошини барқӣ метавонад дар вақти дилхоҳ раванди пуркунии сӯзишворӣ    ва хароҷоти онро назорат кунад, хабар медиҳад рӯзномаи «Жэнмин жибао».

Дар шаҳри Лючжоу, ноҳияи мухтори Гуанси-Чжуан, корпоратсияи Guangxi Auto «пардохти мобилӣ барои мошинҳо бо манбаъҳои нави энергия» - ро таҳия кард. Акнун ба ронандагон лозим нест, ки марказҳои пуркунии барқро худашон ҷустуҷӯ кунанд, пуркунандаҳои ҳаракаткунанда мошини барқиро, ки ба пуркунӣ ниёз дорад, худашон пайдо мекунанд.

***

Комиссияи Аврупо 134 лоиҳаро дар соҳаи нақлиёт интихоб кард, ки барои маблағгузории онҳо аз Хазинаи Иттиҳоди Аврупо Connecting Europe Facility (CEF) зиёда аз 7 миллиард евро ҷудо карда мешавад. Ин бузургтарин бастаи кӯмаки молиявӣ дар доираи барномаи ҷории нақлиётии CEF мебошад. Ба ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳан 80% маблағҳои пешниҳодшуда рост меояд. Лоиҳаҳои пешбарӣ аз 408 дархости пешниҳодшуда интихоб карда мешаванд.

Маҷмӯи умумии молиявӣ асосан ба дастгирии лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси экологии European Green Deal ва стратегияи ҳифзи табиат ва ҳаракати зеҳнии Sustainable and Smart Mobility равона карда шудааст.

Пеш аз ҳама, рушд ва навсозии шабакаи трансаврупоии гузаргоҳҳои нақлиётӣ (TEN-T), инчунин такмили алоқаҳои трансмарзӣ пешбинӣ карда мешавад. Ба ин низомномаи навшудаи Иттиҳоди Аврупо оид ба TEN-T, ки 18 июли соли 2024 мавриди амал қарор гирифт ва ба ташаккули нақлиёти устувор, рушди намудҳои экологии нақлиёт, рақамисозӣ ва долонҳои мультимодалӣ равона шудааст, мусоидат мекунад.

***

Дар  Дубай таксиҳо бесарнишин карда мешаванд. Он аввалин шаҳри берун аз Амрико хоҳад буд, ки дар он таксиҳои бесарнишини Origin пайдо мешаванд. Шартномаи интиқоли нақлиёти бесарнишин бо ширкати амрикоии Cruise ба имзо расид.

Таксиҳо мисли микроавтобуси барқӣ хоҳанд буд, ки шаш ҷои нишаст ва дарҳои ҳаракаткунанда доранд. Аммо мошинҳо чамбарак (рул) ва педал надоранд.

​ Аввалин мошинҳои бесарнишин (шаттлҳо) дар кӯчаҳои Дубай ҳанӯз соли 2023 пайдо шуда буданд ва то соли 2030 шумораи онҳо то 4 ҳазор адад хоҳад расид. Тибқи нақшаҳои аморот, то соли 2030 чоряки тамоми нақлиёти шаҳрӣ бе иштироки ронандагон мустақилона ҳаракат хоҳанд кард.

Дар назар аст, ки ширкати амрикоии Cruise-и ИМА дар АМА дафтари худро кушояд – он барои таъминот ва нигоҳдории мошинҳо масъул хоҳад буд. Ширкат ҳуқуқи истисноии хидматрасонии таксиҳои бесарнишинро дар Дубай то моли 2029 ба даст меорад.

***

Дар иёлати Огайои ИМА истеҳсоли оммавии таксиҳои парвозкунандаи барқӣ оғоз меёбад. Дар ин бора дар саҳифаи худ дар X (собиқ Twitter) губернатори минтақа Майк Девайн хабар додааст.

Ширкати ҳавопаймоии Joby Aviation аэротакси истеҳсол мекунад. Cарвари иёлат бо ифтихор зикр кард, ки корхонаи нав ду ҳазор ҷойи корӣ таъсис медиҳад.

Намояндагони ширкат дар сӯҳбат бо ABC News илова карданд, ки таксиҳои оянда ба таври амудӣ парвоз карда ва фуруд хоҳанд омад. Нақлиёт як халабон ва чор мусофирро ҷойгир мекунад ва чунин мошин метавонад то 322 километр дар як соат ба масофаи тақрибан 161 километр суръат гирад.

Joby Aviation нақша дорад, ки ба лоиҳа 477,5 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Дар як сол дар корхона то 500 мошини парвозкунандаи барқӣ истеҳсол карда мешавад. Сохтмони корхона ва оғози истеҳсолот дар соли 2025 пешбинӣ шудааст.

***

     Натиҷаҳои таҳқиқоти ба наздикӣ аз ҷониби Ҷорҷ Яннис, профессори банақшагирии нақлиёт ва муҳандисии Мактаби муҳандисии Донишгоҳи миллии техникии Афина ва  ҳамтои донишгоҳии ӯ номзади илмҳои техникӣ Ева Микелараки гузоронидашуда нишон доданд, ки коҳиш додани суръат то 30 км/соат бехатарии ҳаракат дар роҳро дар шаҳрҳои Аврупо ба таври ҷиддӣ беҳтар сохтааст.

       Ба ҳисоби миёна, ҷорӣ кардани маҳдудияти суръати ҳаракат то 30 км/соат дар шаҳрҳо садамаҳои нақлиётӣ, марг ва ҷароҳатҳоро мутаносибан 23%, 37% ва 38% коҳиш додааст.  

       Суръати пасттар инчунин манфиатҳои экологӣ овард: партовҳо ба ҳисоби миёна 18%, сатҳи ифлосшавии садо 2,5 дБ ва  сарфи сӯзишворӣ 7% коҳиш ёфтаанд.

       Тадқиқот маълумоти миқдорӣ ва сифатиро дар 40 шаҳри гуногуни Аврупо, аз ҷумла Брюссел, Париж ва Тсюрих таҳлил кард.