Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ИМЗОИ ҚАРОРДОД БО ШИРКАТИ ИТАЛИЯ. Оид ба хизматрасониҳои машваратӣ дар таҳияи Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 31-07-2024 Просмотрено: 2767

Имрӯз, 31 июл,  байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ширкати итолиёвии FRED Engineering S.R.L дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи  «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» қарордод оид ба хизматрасониҳои машваратӣ ҷиҳати дастгирии Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи  «Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи амал барои солҳои 2024-2034» ба имзо расонида шуд. Онро аз ҷониби фармоишгар -  Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва аз ҷониби татбиқкунанда - директор оид ба рушди ширкати FRED Engineering S.R.L (Италия) Франсиско Рейна имзо намуданд.

Қарордод дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати андешидани чораҳои иловагӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба имзо расид.

Зимни ба имзо расонидани қарордод  Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим тазаккур дод, ки хизматрасониҳои машваратӣ бояд босифат, дар муҳлати муайяншуда ва тибқи талабот ва меъёрҳои амалкунанда иҷро карда шаванд. Гуфта шуд, ки дар таҳияи Стратегияи миллӣ, ки ҳуҷҷати зарурии давлатӣ мебошад, бояд коршиносони пуртаҷриба ва донандаҳои хуби қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ ҷалб карда шаванд.

Дар маросими баимзорасонии қарордод намояндагони РБДА  ВКД  ҶТ  бо роҳбарии муовини аввали сардори раёсат, полковники милиса Бахтиёр Вайсзода ва намояндагони ширкати машваратии CAI Consulting, ки шарикони иҷрокунанда мебошанд, низ иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки арзиши иҷрои хизматрасониҳои машваратӣ наздики 480 ҳазор доллари ИМА-ро бо дарназардошти андозҳо ташкил намуда, муҳлати иҷроиши корҳо 12 моҳро аз рӯзи ба имзорасии қарордод дар бар мегирад.

Назорати иҷрои корҳои машваратӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба зиммаи роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва Гуруҳи татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4» вогузор карда шудааст.

Мақсади асосии мусоидати ширкати машваратчӣ дар таҳияи Стратегияи миллӣ – таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва нақшаи амали он барои солҳои 2024-2034 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррар намудани низоми ягонаи қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад.

Ширкати машваратчӣ ҳамчун аъзои Гуруҳи  кории Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Вазорати нақлиёт бояд дар таҳияи Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ  дар асоси Нақшаи глобалии амалҳои Созмони Миллали Мутаҳид барои солҳои 2020-2030 «Даҳсолаи амал барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ»   мусоидат карда, вазъияти баамаломадаро оид ба бехатарӣ дар роҳҳои кишвар таҳлилу  баҳогузорӣ ва барои беҳтар намудани он пешниҳодоти мушахасси  худро ирсол намояд.

Нақшаи глобалии «Даҳсолаи амал барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ»  аз 5 самти асосии бехатарии ҳаракат дар роҳ: «Идоракунии бехатарии ҳаракат дар роҳ», «Роҳҳои нисбатан бехатар ва мобилият», «Воситаҳои нақлиётии нисбатан бехатар», «Иштирокчиёни нисбатан бехатари ҳаракат дар роҳ ва вокуниш пас аз садамаҳо» иборат мебошад.