Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Протоколи музокирот миёни Вазорати нақлиёти ҶТ ва Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (КОICА) дар бораи таҳияи Асоснокукунии техникиву иқтисодии (АТИ) лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» баргузор гардид.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зикр намуд, ки ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур баромадан ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) буда, он барои таъмини рушди тиҷорати минтақавӣ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди бунёдгардида, паст намудани сарборӣ ва шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард мусоидат хоҳад кард.
«Дар сурати бомуваффақият татбиқ намудани лоиҳаи мазкур Тоҷикистон ба кишвари ҷаззоби транзитии роҳи оҳан табдил ёфта, ҳамлу нақли молу маҳсулот бо мамлакатҳои ҳамсоя меафзояд, ки ин ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои кишварҳои дигари минтақа бисёр муфид хоҳад буд», - гуфт Вазир.
Иҷрокунандаи вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ким Ҷун Сик изҳор намуд, ки лоиҳаи мазкур як қадами дигар ба ояндаи пешрафтаи Тоҷикистон аст ва бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 комилан мувофиқат мекунад. Он имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба баҳр барояд ва ба як ҳалқаи калидии ҳамлу нақли байналмилалӣ табдил ёбад. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ низ созгор аст.
«Лоиҳаи мазкур нахустин лоиҳаи Кореяи Ҷанубӣ оид ба бунёди роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ мебюшад», - гуфт Сафир ва изҳори умедворӣ кард, ки он дар муддати се сол пурра татбиқ гардида, дар таҳкими робитаҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим хоҳад бозид.
Мавриди зикр аст, ки Протоколи музокироти мазкур дар натиҷаи гузаронидани якчанд даври гуфтушунидҳо миёни ҷонибҳо тартиб дода шуд ва он тамоми ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқии раванди таҳияи Асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён»-ро ба танзим медарорад.
Арзиши умумии Асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа 4 млн. доллари ИМА, дарозии хати роҳи оҳани бунёдшаванда то сарҳади Афғонистон 51 километр, пулҳои гуногунандоза 28 адад ва қубурҳои обгузар 160 ададро ташкил медиҳанд.