Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

РОҲҲО ОМИЛИ ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚӢ. Ин нукта дар Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-инвест - 2024» махсус зикр гардид

Санаи нашр: 27-07-2024 Просмотрено: 2405

Роҳҳо на танҳо одамон ва минтақаҳои гуногунро ба ҳам  мепайванданд ва наздик месозанд, балки яке аз омилҳои асосии пешрафту тараққии тамоми соҳаҳо мебошанд. Чунин тазаккур дод Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот 26 июл зимни ифтитоҳи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-инвест-2024» дар шаҳри Хоруғ.

Ба гуфтаи Раиси ВМКБ, пас аз сохтмону таҷдиди  шоҳроҳи автомобилгарди «Душанбе-Қулма» зиндагӣ дар вилоят ранги дигар гирифт, таъдоди воситаҳои нақлиёт, шумораи мусофирон, ҳаҷми боркашонӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ торафт меафзояд.

Форуми байналмилалии «Помир-инвест-2024», ки имсол дар он 250 нафар сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ширкату корхонаҳо  ва  корпуси дипломатӣ иштирок карданд, натиҷаи  таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумуи пайвастаи  Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон арзёбӣ гардид.

Дар ҳамоиш муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаррух Неъматзода роҷеъ ба татбиқи барномаю лоиҳаҳои давлатии  сармоягузорӣ дар самти бунёду таҷдиди роҳу пулҳо сухан ронда, зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.

Имрӯз ҷиҳати тақвияти рушди соҳаи роҳу нақлиёт 4 барномаи давлатӣ, аз ҷумла «Барномаи мақсадноки давлатии рушди  маҷмаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2025»,  «Барномаи ҷорӣ намудани Низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» мавриди татбиқ қарор доранд.

 Тавре Фаррух Неъматзода зикр кард,  аз соли 1991 то соли 2023 дар  ВМКБ танҳо барои бунёди роҳҳои мошингард 241,3 млн доллари ИМА ҷалб гардида, 1172 км роҳ ва  39 пул сохта, ба истифода дода шуд. 

Ҳоло дар вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 263,6 миллион доллари ИМА мавриди татбиқшавӣ қарор дошта, ҳамзамон боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи 680 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2019  баъди ифтитоҳи қитъаи роҳи «Шкев – шаҳраки Қалъаихумб»- и шоҳроҳи «Кӯлоб – Хоруғ – Қулма»  ба бунёду навсозии қитъаи роҳи «Қалъаихумб – даромадгоҳи Рӯшон»  шуруъ карда шуд, ки айни ҳол бо маром ҷараён дорад.

Тавре зикр гардид, ин қитъаи роҳ хеле душворгузар буда, 109 километр дарозӣ дорад ва баъди навсозии он роҳ 16 километр кӯтоҳ гардида, дар маҷмӯъ, 92,3 километр роҳи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба истифода дода мешавад.

«Албатта, бо ташкили чунин долонҳо боркашониву мусофирбарии байналмилалӣ зиёд гардида, имкониятҳои транзитиву сайёҳии Бадахшони куҳӣ бамаротиб тақвият меёбад, - гуфт Фаррух Неъматзода.  

Роҷеъ ба аҳамияти роҳу пулҳои замонавӣ дар рушду тараққиёти иқтисодиёти кишвар муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ашурбой  Солеҳзода  низ дар ҳамоиш таъкид намуд.

Хотиррасон мешавем, ки Форуми байналмилалии «Помир-инвест» бори аввал дар Хоруғ соли 2011 доир гардида буд ва аз он вақт то ин ҷониб пайваста гузаронида мешавад.