Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандагони роҳ

Санаи нашр: 26-07-2024 Просмотрено: 2081

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти № 668, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ташаккули низоми устувори муносибатҳои ҳуқуқӣ, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шудааст.

Тавассути маводҳои ин бахши сомона мо тасмим гирифаем, ки на танҳо дониши ҳуқуқии кормандони соҳаро баланд бардорем, балки муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаро ба ҳамаи истифодабарандагони роҳу нақлиёт фаҳмонем.

Бисёр ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ қабул карда шудаанд, ки мо бояд онҳоро донем, зеро ин санадҳо барои таъмини ҳуқуқи инсон, шароити мусоиди кору рӯзгори одамон ва фаъолияти мураттаби ин ё он соҳа пешбинӣ шудаанд.

 Ин дафъа дар бораи он сӯҳбат мекунем, ки истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард чӣ ҳуқуқу уҳдадориҳо ва чӣ масъулият доранд.

Истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум на танҳо ҳуқуқ, балки ӯҳдадориҳо низ доранд. Ва истифодаи роҳҳои автомобилгард тибқи Қоидаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, амалӣ карда мешавад. Дар нн бора дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилӣ ва фаъолияти роҳҳо» аз 10 майи соли 2002 таҳти № 47 зикр шудааст.

Моддаи 46. Ҳуқуқи истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум

Истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳуқуқ доранд:

 1) дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ба таври озод ва ройгон ҳаракат намоянд ва борҳояшонро интиқол диҳанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

 2) ҷуброни зарареро, ки бо сабаби ғайриқаноатбахш будани ҳолати роҳ ва фаъолияти ғайриқонунии субъектони хоҷагии роҳдорӣ ба саломатӣ ва молу мулки онҳо расидааст, талаб намоянд;

 3) оид ба хатсайрҳои самти ҳаракат, ҳолати роҳ, маҳдудиятҳои муваққатӣ ва баста шудани ҳаракат, вазни иҷозатдодашуда, андоза ва суръати ҳаракат, ҳудуди қитъаи ҷудошуда, қисмати ҳамшафат ва минтақаи захиравии роҳҳои автомобилгард маълумот гиранд;

4) аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.

Моддаи 47. Уҳдадориҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард

1. Истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард уҳдадоранд:

1) роҳҳои автомобилгардро вайрон накунанд ё амалҳои дигареро содир накунанд, ки ба роҳҳои автомобилгард зарар расонда, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон монеъ шаванд;

2) муҳити зистро ифлос накунанд;

3) меъёрҳои дигареро, ки Қонуни мазкур оид ба маҳдуд намудани истифодаи роҳҳои автомобилгард ё ба вуҷуд овардани монеаҳо барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон муқаррар кардааст, вайрон накунанд.

 2. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти тасмачарх, чарх ва ҷузъҳои дигари таркибӣ дар роҳҳои автомобилгард, ки метавонанд роҳи автомобилгардро вайрон кунанд, роҳ дода намешавад.

3. Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва мақоми назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳуқуқ доранд воситаҳои нақлиёти дар қисми 2 моддаи мазкур номбаршударо боздошт кунанд ва ҳаракати онҳоро танҳо баъд аз гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла пардохти ҷуброни зарари расондашуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат диҳанд.

4. Соҳибони воситаҳои нақлиёти тасмачарх ва воситаҳои нақлиёте, ки андоза, вазни умумӣ ё сарборӣ ба меҳвари онҳо аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд, зарари ба роҳҳои автомобилгард расонидашударо бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ ва (ё) консессиядор ҷуброн менамоянд.