Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилии Тоҷикистон

Санаи нашр: 25-07-2024 Просмотрено: 2385

Бахшида ба Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 25 июл ҷашн гирифта мешавад, дар Вазорати нақлиёт ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он фаъолони соҳаи нақлиёти автомобилӣ, собиқадорон ва меҳмонони фахрӣ ширкат намуданд.

Дар оғоз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳозиринро ба ифтихори ин иди касбӣ табрик гуфта, аз таърихи таъсиси он, нақши соҳаи роҳу нақлиёт дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, муваффақиятҳои бадастомада дар соҳа дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуд.

Сипас меҳмонони фахрӣ, собиқ вазирони нақлиёти кишвар Олимҷон Бобоев, Абдураҳим Ашӯр, Фаррух Муҳиддинов, Хайрулло Асозода, собиқадорони соҳа Ҷумъахон Зуҳуров ва Робия Завқиева ба сухан баромада, аҳли нишастро бо идашон муборакбод карданд ва аз фаъолияти худ дар ин соҳа мисолҳои мушаххас оварданд.

Дар охир ба  як гуруҳ фаъолон  барои саҳми арзандаашон дар рушди  нақлиёти автомобилӣ бо мукофотҳои соҳавӣ тақдир карда шуданд. Аз ҷумла, 16 нафар бо нишони сарисинагии «Нақлиётчии фахрӣ» ва 18 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Фаъолияти арзандаи ҶСК «Сорбон»-и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Занҷираи Осиёгии таҳвил», ҶСП «Эко Такси» ва ҶСП  «Терминали Чорбоғ»-и шаҳри Душанбе бо «Сипоснома»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдир гадид.