Хабарҳо

slider_img

Дар Вазорати нақлиёт нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал доир гардид

Санаи нашр: 24-07-2024 Просмотрено: 2426

 24 июл дар Вазорати нақлиёт мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 «Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти  фаъолияти вазорат ва ташкилоту муассисаҳои зертобеи он дар нимсолаи аввали соли 2024 баргузор гардид.

Нишасти матбуотӣ бо иштироки Вазири нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовинони ӯ, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва идораю муаасисаҳои тобеи вазорат ва доираи васеи кормандон воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар гузаронида шуд.

Дар оғози нишаст ба рӯноманигорон  маълумотнома (пресс-релиз) дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соҳаи роҳу нақлиёт дар шаш мощи аввали соли 2024 пешниҳод карда шуд.

Нишасти матбуотӣ пурра ба саволу ҷавоб бахшида шуд. Вазири нақлиёт ба пурсишҳои зиёди хабарнигорони АМИТ «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Халқ овози», «Садои мардум», «Истиқлол», «Тоҷикистон», «Азия Плюс», шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Илм ва табиат», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Радиои Тоҷикистон, радиои «Овози тоҷик», хабаргузориҳои ИТАР ТАСС,  «Sputnik» (Русия), ТВ «МИР», радиои «Озодӣ» (ИМА) ва ғайра оид ба фаъолият дар самтҳои гуногуни соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла оид ба масоили марбут ба роҳи оҳан, ҳамлу нақл, созишномаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҷараёни сохтмони роҳи «Қалъаихум –  Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон», азнавсозӣ дар нақби «Истиқлол» ва ғайра ҷавобҳои мушаххас дод.