Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ПАРТАВИ СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ. Таъмини сифати сохтмони роҳҳо – дар мадди аввал

Санаи нашр: 24-07-2024 Просмотрено: 2143

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард ба маблағи якчанд миллиард сомонӣ амалӣ гардидааст. Кор дар ин самт идома дорад. Дар ин раванд таъмини сифати сохтмони роҳҳо бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад.

Дар ин бора Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 15 июл дар ҷаласаи назоратӣ бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, муассисаҳои тобеъ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо изҳор дошт.

Вазири нақлиёт  дар ин замина таъкид намуд, ки дар ҷараёни бунёди  роҳу пулҳо бояд риояи пурраи технологияи сохтмон таъмин карда шавад.

«Мо роҳҳои бисёр месозем ва муҳим аст, ки ин роҳҳо устувор ва пойдор бошанд. Роҳҳои хуб ва мустаҳкам умри дароз мебинанд, ба ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт, сари вақт интиқол додани бору мусофирон, пешрафти иқтисодиёт ва некӯаҳаолии халқ  мусоидат мекунанд», - иброз дошт ӯ.

Бар асоси гуфтаҳои боло Вазири нақлиёт роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор, муассисаҳои тобеъ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳоро муваззаф намуд, ки ба сифати корҳои сохтмони роҳу пулҳо  диққати аввалиндараҷа диҳанд.

«Ин супориши Сарвари давлат аст, - таъкид кард ӯ, -  Масъалаи мазкур  зери назорати махсус қарор дорад».

 Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат 28 декабри соли 2023 чунин таъкид намуданд::

 «Мо ният дорем, ки дар панҷ-шаш соли оянда тамоми роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии кишварро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ созем. Бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегии худ – табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардумамон ноил гардем.

Аз ин рӯ, дар баробари сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои автомобилгард, яке аз масъалаҳои муҳим тартиби истифодаи самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои сохташуда мебошад».

 Илова бар ин, Пешвои миллат ҳангоми ифтитоҳ ё шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони роҳҳои нав, зимни суҳбатҳо бо намояндагони ширкатҳои роҳсозӣ борҳо маслиҳат додаанд, ки ҳангоми сохтмон ба сифати корҳои бунёдӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.