17 июл Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Манкэл П.Микаллер мулоқот кард.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ муносибатҳои ҶТ ва ИМА дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла амният, иқтисод, энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои гуманитарӣ бо дарназардошти манфиатҳои ҳар ду ҷониб рушд мекунанд. Ду кишвар дар доираи барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ мондаанд.
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвари мо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, - гуфт Вазири нақлиёт Азим Иброҳим. - Аз ин рӯ, чанд сол қабл Сарвари давлати мо бо фармони худ Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) - ро барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карданд».
Ба гуфтаи ӯ, ТИК дар айни замон воситаҳои асосии навсозӣ дар соҳаи нақлиёт мебошанд.
«Вазорат ба Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) барои дастгирии талошҳои мо оид ба рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон арҷ мегузорад. - гуфт Вазири нақлиёти ҶТ. - Системаи электронӣ таҳия шудааст, ки шаффофият ва самаранокии раванди додани ҳуҷҷатҳои заруриро барои ҳамлу нақли автомобилӣ баланд мебардорад. Система равандҳои тиҷоратро автоматӣ мекунад, суръати қабули қарорҳоро беҳтар месозад ва инчунин дастрасӣ ба иттилоотро барои интиқолдиҳандагон осон мегардонад.
Дар мулоқот Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи рақамисозӣ ва рушди логистика ҷиҳати густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии миёни ҶТ ва ИМА изҳори омодагӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.