Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 17-07-2024 Просмотрено: 2292

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, рейтингҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

 Шоми 13 июл боронҳои шадид боиси  омадани сел дар ҳудуди деҳаҳои Пасруд ва Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд гардиданд, ки бар асари он  роҳи байнидеҳагӣ муваққатан баста шуд.

Дар натиҷаи корҳои анҷомдодаи муассисаи нигоҳдории роҳ аз деҳаи Пинён то деҳаи Пасруди ҷамоати деҳоти Фондарё то нисфи шаб роҳ пурра тоза карда шуд ва ҳаракат дар он барқарор гардид.

 Ҳамчунин, 13 июл пас аз нисфирӯзӣ, дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Косатарош, Шинг, Лоиқ Шералӣ ва Ворӯ дар наздикии Панҷакент сел омад.  Тӯдаи гил ба роҳҳои маҳаллӣ зарар расонд, ки онҳо низ барқарор карда шуданд.

Шаби 14 июл дар натиҷаи боришоти шадид дар километри 9,8 роҳи мошингарди «Рогун – Ваҳдат –  Рашт – Лахш», дар маҳаллаи Паси Мураҳо, сел фурӯ рехт, ки дар натиҷа ин қитъаи роҳ баста шуд.

 Барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсуси муҳандисии муассисаи нигоҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТ истифода шуд ва то нисфирӯзӣ корҳо ба анҷом расиданд, қитъаи роҳ пурра тоза ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор гардид.

Ҳамчунин субҳи рӯзи якшанбе дар километри 237-уми роҳи мошингарди «Кӯлоб-Хоруғ» дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ҷараёни сел пеши роҳро баст. Айни замон роҳ тоза карда,   ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар он барқарор карда шудааст.

 Тибқи иттилои обуҳавошиносони тоҷик, дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  хавфи омадани сел ва фаромадани ярч боқӣ мемонад.

Дар робита ба нн, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи муассисаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди мамлакат супориш додааст, ки омодагии пурраи қувваи корӣ ва воситаҳои техникии дар ихтиёрашон бударо барои зуд бартараф намудани оқибатҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ таъмин намоянд.

Вазорати нақлиёт инчунин аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки эҳтиёткор бошанд, аломатҳои роҳро нодида нагиранд ва  Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян  риоя кунанд.                                     

***

Аз 13 июл то 25 август ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт, бинобар гузаронидани корҳои таъмирӣ дар хиёбони Ҳ.Шерозии шаҳри Душанбе, ки бо кӯчаи А. Кахоров ва А. Маҳмадалӣ пайваст аст, муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора шӯъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

 Аз ронандагони воситаҳои нақлиётхоҳиш мекунем, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя кунанд ва аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

***

Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки ба гузаронидани назорати сарҳад дар фурудгоҳ тавассути системаҳои автоматикунонидашудаи назорати шиноснома – «дарвозаи электронӣ»  рабт доранд.    

 «Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳуқуқ доранд тавассути «дарвозаи электронӣ» аз назорати сарҳадӣ гузаранд. Тартиби гузаштан аз системаи автоматикунонидашудаи назорати шиноснома аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ карда мешавад», - гуфта мешавад дар санаде, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст.

 Зикр карда мешавад, ки дар сурати убури сарҳади давлатӣ тавассути «дарвозаи электронӣ» дар ҳуҷҷатҳо аломатҳои дахлдор гузошта намешаванд.      

Системаи автоматикунонидашудаи назорати шиносномаҳо дар  сарҳад шахсияти мусофирро дар асоси маълумоти биометрикӣ муайян месозад. Барои гузаштан аз он, мусофир шиносномаро ба дастгоҳе мегузорад, ки тамоми маълумоти шиносномаи биометриро бе иштироки сарҳадбон нусхабардорӣ (скан)  ва тафтиш мекунад.

 Дар шиносномаи биометрикӣ микрочип мавҷуд аст, ки маълумоти он бо ёрии дастгоҳи махсус хонда ва санҷида мешавад. Дастгоҳ дар муддати кутоҳ таносуби беназири чеҳраи мусофирро бо тасвири чипи шиноснома муқоиса мекунад. Вақти гузариши назорати сарҳадӣ аз «дарвозаи электронӣ» барои  мусофире, ки аллакай омода аст, аз 30 то 45 сонияро ташкил медиҳад.                                       

***

Мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ҶТ аз 2 апрели соли 2024, ҳангоми бақайдгирии давлатӣ дар  БДА ба автомобилҳои барқии мусофирбарӣ рақамҳои сабз дода мешаванд.

Қарор дар бораи додани рақамҳои сабз ба мошинҳои барқии мусофирбар дар доираи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Консепсияи гузариш ба системаи  нақлиёти мусофиркашонии барқӣ дар пойтахт барои солҳои 2023-2026 қабул карда шудааст.

Қаблан қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи то 1 сентябри соли 2025 пурра гузаштан ба хизматрасонии мусофирони таксӣ бо истифода аз нақлиёти барқӣ ба имзо расида буд.

***

 Меҳмондорони парвозҳои (стюартҳо) ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар курсҳои  бозомӯзӣ барои кишварҳои долони «Як камарбанд – як роҳ», ки дар музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гашт, ширкат намуданд. Дар ин бора маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар медиҳад.

Шунавандагони курсҳо аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба ва баландихтисоси Коллеҷи касбӣ-сайёҳӣ ва авиатсионии шаҳри Саняи музофоти Хайнан таълим дода шуданд.

Мавзӯъҳое, ба монанди идоракунии бехатарии авиатсионӣ, интиқоли мусофирон, бехатарии ҳавопаймо дар ҳолатҳои фавқулодда, расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ҳангоми  парвоз ва ғайра муҳокима карда шуданд.

Ҳамчунин, шунавандагони курсҳо бо фаъолияти Коллеҷи касбӣ-сайёҳӣ ва авиатсионии шаҳри Саня шинос гардиданд.                                         

***

Тоҷикистон ва Русия тасмим гирифтанд, ки логистикаро рушд диҳанд: интиқоли сабзавоту мева ба вилояти Ростов афзоиш ёфт. Аз ин рӯ, мутахассисони «Россельхознадзор» ба хулоса омаданд, ки норасоии меваю сабзавот дар шабакаҳои тиҷоратии минтақа вуҷуд надорад, хабар медиҳад ТАСС.

 Зикр карда мешавад, ки самтҳои воридот ба ин вилояти Русия тағйир пазируфтаанд, аммо ҳаҷм коҳиш наёфтааст.

 «Дар давраҳои қаблӣ мева асосан аз Туркия, Озарбойҷон, Миср ва Эрон ворид мешуданд. Ҳоло бештар чунин маҳсулот аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон меояд», - таъкид кардаанд мутахассисон.

Тоҷикистон лӯбиё, себ, нок ва меваҳои хушк, Узбекистон каду, пиёз,   мавиз ва бодоми заминӣ, Қазоқистон бошад дар навбати аввал себ содирот мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон 10 гузаргоҳи афзалиятноки тиҷоративу транзитӣ дорад, ки аз шарқ ба Ғарб ва Шимол ба Ҷануб аз қаламрави ҷумҳурӣ мегузаранд. Дар ҷумҳурӣ сохтани якчанд маҷмааҳои логистикӣ, ки аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ доранд, ба нақша гирифта шудааст. Онҳо дар асоси Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 таъсис дода мешаванд. Барои сохтмони ин иншоот лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 100 миллион доллар омода карда шудаанд.

***

Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) пешниҳод намуд, ки оид ба рушди мошинсозии вазнин созишнома ба имзо расонанд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

 Зикр карда мешавад, ки сохторҳои дахлдори давлатҳои иштирокчии ИДМ лоиҳаи пешниҳодкардаи ҷониби Тоҷикистонро, ки бо тартиби муқарраргардида ба баррасии мақомоти олии ИДМ ворид карда мешавад, тасдиқ карданд.

Лоиҳаи созишнома ба муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар, ки  бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қабул гардидааст, асос ёфтааст.

ДАР МИНТАҚА

Дар Бишкек аз троллейбусҳо комилан даст мекашанд ва ҳамаи хатҳои барои ин намуди нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинишударо аз байн мебаранд. Бо чунин изҳорот шаҳрдори пойтахти Қирғизистон Айбек Ҷунушалиев баромад кард, хабар медиҳад 10 июл Fergana.ru бо истинод ба Агентии миллии иттилоотии «Кабар».

Тибқи иттилои манбаъ, шаҳрдор ҳадафи ин амалро фароҳам овардани шароити бароҳат барои шаҳрвандон шарҳ дод. Ба ҷои троллейбусҳои аз кӯчаҳои Бишкек  гирифташуда, гуфт ӯ, автобусҳои барқӣ ба кор медароянд.

«Ҳама хатҳои барқ, кабелҳо дар зери замин гузошта мешаванд. Троллейбусҳо танҳо дар як масир ҳаракат карда метавонанд ва мо онҳоро муваққатан ба кӯчаҳои дигар равона карда наметавонем. Яъне, онҳо танҳо метавонанд дар хатҳои худ ҳаракат кунанд ва дар вақти таъмир ва бастани роҳ, тағир додани хатсайри онҳо ғайриимкон аст»,-далел овардааст Ҷунушалиев.

Вай афзудааст, ки автобусҳои барқӣ ва дигар нақлиёт бештар мобилӣ мебошанд ва ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳои пойтахт хатсайрҳои онҳо ба осонӣ аз нав сохта мешаванд, аммо бо троллейбусҳо ин кор имконнопазир аст.

Илова бар ин, тибқи омори шаҳрдори пойтахт, шумораи мусофирон дар троллейбусҳо тадриҷан коҳиш меёбад. Соли гузашта 8 миллион нафар аз ин намуди нақлиёт истифода карданд, соли ҷорӣ се миллион камтар.  

Ҷунушалиев инчунин шикоят кард, ки хидматрасонии «нақлиёти экологӣ» ба шаҳр гарон аст. Ба гуфтаи ӯ, барои нигоҳдории троллейбусҳо ҳар сол зиёда аз 200 миллион сом ($2,3 миллион) талаб карда мешуд.

***

Дар Қазоқистон рейдҳои васеъмиқёси «Диққат, мошинҳои гаронвазн!» баргузор шуданд, ки зимни онҳо назорати ҳаракати автомобилҳои борашон вазнин, аз ҷумла самосвалҳо пурзӯр карда шуд, хабар медиҳад Tengri auto.

«293 қонуншиканӣ бо ситонидани ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми тақрибан 100 миллион танга ошкор карда шуд. Дар маҷмӯъ, аз оғози ин маърака, Нозироти назорати нақлиётӣ 30 санҷишро дар якҷоягӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма анҷом доданд. Бояд тазаккур дод, ки мошинҳои боркаши вазнин аксар вақт ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва қоидаҳои боркашонӣ, аз ҷумла параметрҳои иҷозатдодашудаи вазни воситаҳои нақлиёт роҳ медиҳанд», — гуфта мешавад дар хабар.

 Дар кишвар то имрӯз зиёда аз 450 ҳазор адад воситаҳои нақлиёти боркаш ба қайд гирифта шудаанд, ки зиёда аз 60 ҳазори онҳо самосвалҳо мебошанд. Гуфта мешавад, ки меъёри бори иҷозатдодашуда 25 тонна аст.

ДАР ҶАҲОН

 Ба туфайли тадбирҳои сабукгардонии вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Чин, яъне транзити бидуни раводид барои 72 ва 144 соат, шумораи сафарҳои сайёҳон аз кишварҳои гуногун ба  ҶМЧ афзоиш меёбад, хабар медиҳад рӯзномаи давлатии  «Жэнминь жибао».

 Тибқи маълумоти Саридораи давлатии Чин оид ба муҳоҷират аз 5 июл, дар нимаи аввали соли равон 14,635 миллион шаҳрвандони хориҷӣ тавассути бандарҳои гуногун ба Чин ворид шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152,7% зиёд аст. Дар байни онҳо 8,542 миллион нафар тавассути транзити бидуни раводид ворид шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба маълумоти соли гузашта 190,1% афзоиш ёфтааст. Дар нимаи аввали соли 2024 тавассути бандарҳои Пекин 307 ҳазор сайёҳи хориҷӣ  аз рӯи барномаи  транзити бидуни раводид ворид шудаанд, 33 ҳазору 700 нафар, ки ба талабот ҷавобгӯ буданд, имконият пайдо карданд, ки дар пойтахти Чин 144 соат бимонанд. Ду рақами дар боло зикршуда нисбат ба рақамҳои соли гузашта мутаносибан 10,12 ва 7,24 маротиба зиёдтаранд.                                           

***

 Аз 8 то 11 июль дар Екатеринбург 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром-2024» баргузор шуд. Ин бузургтарин майдони саноатӣ, тиҷоратӣ ва содиротии Русия аст. Мавзӯъҳои асосӣ инноватсия дар саноат ва истеҳсоли рақамӣ буданд.

 Дар намоишгоҳ соҳаҳое ба монанди мошинсозӣ, энергетика, металлургия, автоматикунонии саноатӣ ва IT, дорусозӣ, тиб ва ғайра муаррифӣ шуданд.

Дар майдони «Иннопром» ҳама чиз, аз тумблерҳо ва лампаҳои хурд то моделҳои бузурги қатораҳои роҳи оҳан, трамвайҳо ва муҳаррикҳои ҳавопайморо дидан мумкин буд.Масалан, поезди баландсуръатро нишон доданд, ки онро корхонаи «Локомотивҳои Урал» истеҳсол мекунад. Бори аввал тарҳи пурраи сарвагон бо кабинаи мошинист ва пулти идоракунӣ пешниҳод карда шуд.

Дар «Иннопром» инчунин пурқувваттарин мошини ҷаҳон бо унсурҳои сӯзишвории водородӣ NAMI Hydrogen муаррифӣ карда шуд. Он дар асоси Aurus Senat сохта шудааст ва ба сегменти люкс мутаалиқ буда, назири худро надорад.

***

  Шӯрои сиёсати саноатии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) лоиҳаи маҷмӯи тадбирҳоро оид ба ҳавасмандгардонии истифодаи гази табиӣ ҳамчун сӯзишвории моторӣ барои давраи то соли 2030 тасдиқ кард. Дар ин бора аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи шӯро, ки дар Екатеринбург, дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром» баргузор шуд, хадамоти матбуотии Кумитаи  иҷроияи ИДМ хабар дод.

 «Аъзои шӯро лоиҳаи Маҷмӯи тадбирҳоро оид ба рушд ва ҳавасмандгардонии истифодаи гази табиӣ ҳамчун сӯзишвории моторӣ барои воситаҳои нақлиёти давлатҳои иштирокчии ИДМ барои давраи то соли 2030   ва низомнома дар бораи гурӯҳи корӣ оид ба рушд ва ҳавасмандгардонии истифодаи гази табиӣ ҳамчун сӯзишвории моторӣ <...> дар назди Шӯрои сиёсати саноатии давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро тасдиқ карданд», - гуфта мешавад дар хабар.    

 

Рӯзномаи маҷлис, ки дар он намояндагони Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок карданд, доираи васеи масъалаҳоро  оид ба соҳаҳои гуногуни саноат дарбар мегирифт. Лоиҳаҳои консепсияи рушди ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи саноати сабук ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он пешниҳод карда шуданд. Аъзои шӯро пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи зарурати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозии вазнин дастгирӣ карда, лоиҳаи созишномаи дахлдорро тасдиқ намуданд.                                             

***

 Маҷмаи Умумии СММ солҳои 2025-2034-ро «Даҳсолаи СММ оид ба мубориза бо тӯфонҳои рег ва чанг» эълон кард, хабар медиҳад агентии иттилоотии «Синхуа».

Бо қабули қатъномаи дахлдор бидуни овоздиҳӣ,  Маҷмаи Умумӣ давраи 10-соларо ба мубориза бо ин падидаҳои метеорологӣ хоҳад бахшид.

 Маҷмаи Умумӣ ба Дабири кулли СММ пешниҳод кард, ки барои банақшагирӣ ва ташкили чорабиниҳои даҳсола дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишвари алоҳида тадбирҳои зарурӣ андешад ва  тазаккур дод, ки хароҷот бояд тавассути саҳмҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла аз  бахши хусусӣ пӯшонида шаванд.

Дар пешниҳоди матни лоиҳаи қатънома аз номи Гурӯҳи 77 ва Чин, дипломат аз Уганда изҳор дошт, ки тӯфонҳои регу хок мушкилоти нигаронкунандаи ҷомеаи байналмилалӣ мебошанд, ки оқибатҳои он аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ чен карда мешаванд.

Тӯфонҳои чанголуд алоқаи нақлиётӣ ва таъмини зиндагии аҳолиро дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ халалдор месозанд. Дар ин ҷо давраҳои тӯлонии бе борон, минтақаҳои калони биёбонҳои регбор ва гилхез, пӯшиши наботот ва  бодҳои шадид омилҳое мебошанд, ки ба пайдоиши тӯфонҳои регу хок мусоидат мекунанд.

Чунин падидаҳо барои ноил шудан ба 11 аз 17 Ҳадафи рушди устувори СММ торафт бештар таҳдид мекунанд, таъкид кард ӯ ва илова намуд, ки қатънома ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо мақсади пешгирии тӯфонҳо, мубориза бо онҳо ва коҳиш додани оқибатҳо нигаронида шудааст.

***

Toyota тасмим гирифт, ки land Cruiser 300-ро навсозӣ кунад. Мошин мултимедиаро бо дастгирии cd ва dvd - дискҳо аз даст медиҳад, ки алтернативаи он кортҳои хотираи формати MicroSD ва интерфейси HDMI хоҳанд буд.

Инчунин, тибқи маълумоти Best Car, мошин  гузинаи навтарини маҷмӯи ёварони ронанда ва бехатарии Toyota Safety Sense 3.0-ро мегирад, ки бо камераи иқтидораш баланд, радари такмилёфта ва системаи шинохти объект барои пешгирии бархӯрд фарқ мекунад. Навсозии нармафзор «тавассути ҳаво» сурат мегирад.

Land Cruiser 300 соли оянда модели назорати интеллектуалии круизӣ ва системаи нигоҳдории мошинро дар хати беҳтаршуда ба даст меорад.

Намуди зоҳирии мошин, монанди хати агрегатҳои қувва, бетағйир боқӣ мемонад – ягона чизе, ки интизор меравад, навсозии нармафзори системаҳои идоракунӣ мебошад.

Муаррифии  модели ҷадид моҳи декабри соли 2024 баргузор мешавад.