Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нақлиётчӣ» маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ доир гардид

Санаи нашр: 12-07-2024 Просмотрено: 2710

Дар Вазорати нақлиёти ҶТ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии «Нақлиётчӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар маҷлис Раиси ташкилоти ҳизбии «Нақлиётчӣ», Вазири наёлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродов, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Нилуфар Каримзода, муовини Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Вазорати нақлиёт Нисо Бобоева ва аъзои ҳизб – кормандони муассисаҳои соҳаи роҳу нақлиёт ширкат намуданд.

Тибқи рӯзнома дар маҷлис 5 масъала баррасӣ гардид:

1.Ҳисобот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда;

2.Интихоби ҳайати нави Раёсат, Раис ва муовини Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;

3. Интихоби вакил ба Конфронси ХХХV КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.

4. Супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба аъзои нави ҲХДТ.

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

  Маҷлисро  Вазири нақлиёти  ҶТ Азим Иброҳим оғоз намуда, доир ба нақши калидии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, аз ҷумла фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нақлиётчӣ» ва вазифаҳои минбаъдаи он  сухан ронд.

Тавре зикр гардид, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 декабри соли 1994, дар шароити душвори сиёсию иқтисодӣ,  таъсис дода шудааст, дар муддати  30 соли фаъолияти худ таҳти роҳбарии Раиси Ҳизб, Пешвои муаззами миллат дар роҳи пойдор сохтани сулҳу субот дар ҷомеаи мо, муаррифии кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ ва дастоварду пирӯзиҳои бемисл дар тамоми соҳаҳои кишвар саҳми бузург гузоштааст.  

«Аз ҷумла, тӯли ин солҳо комёбиҳои ба дастомада дар соҳаи роҳу нақлиёт бо ташаббус ва  дастгирию роҳнамоии бевоситаи Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироку саҳмгузории аъзои Ҳизб, кормандону мутахассисони соҳа қобили зикри махсус аст», - иброз дошт Азим Иброҳим.

 Гуфта шуд, ки сифатан ва аз ҳисоби ҷавонони балаёқату ташкилотчӣ  тақвият бахшидани сафҳои ҳизб яке аз вазифаҳои муҳиму рӯзмараест, ки дар Барномаи амали ҲХДТ зикр шудааст. Бинобарин, дар давраи ҳисоботӣ 5 нафар мутахассисони ҷавони соҳа ба сафи Ҳизб қабул карда шуданд. Дар ин давра ташкилоти ибтидоии «Нақлиётчӣ» 1 маротиби ҷаласаи ҳизбӣ, 2 маротиба ҷаласаи Раёсат ва якчанд мулоқоту ҳамоишҳои судманд доир намуд.    

Сипас, тибқи масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис ва мутобиқи банди 4.4-и Оинномаи ҲХДТ ҳайати Раёсат иборат аз 7 нафар фаъолони ҳизбӣ интихоб гадид. Вазири нақлиёт Азим Иброҳим аз нав Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳазбии «Нақлиётчӣ» ва Нисо Бобоева муовини Раис интихоб карда шуданд.

Иштирокчиёни маҷлис номзадии Раиси ТИ «Нақлиётчӣ» Азим Иброҳимро ба ҳайси вакили Конфронси XXXV кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи  Шоҳмансури шаҳри Душанбе якдилона дастгирӣ намуданд.

Дар охир муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Нилуфар Каримзода ба сухан баромада, интихобшудагонро табрик гуфанд, ба 5 нафар аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаи ҳизбӣ супориданд ва дар фаъолияти минбаъдаит ТИ «Нақлиётчӣ» барору комёбӣ орзу намуданд.