Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 08-07-2024 Просмотрено: 1470

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, рейтингҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Чин дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ният дорад, ки якҷоя ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» - ро амиқан пеш барад. Дар ин бора Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар мақолаи муаллифии «Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: ба хотири ояндаи зебо» изҳор дошт.

Раҳбари Чин таъкид кард, ки чунин қарор ба манфиати мусоидат ба рушд ва эҳёи ду кишвар қабул шудааст.

«Барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми тиҷорат, суръат бахшидан ба сохтмони қитъаҳои калидии роҳи автомобилгарди «Чин – Тоҷикистон» ва зиёд кардани парвозҳои мустақими ҳавопаймо бо назардошти талаботи ҷонибҳо ба сафарҳои тарафайн бояд тадбирҳои нав андешида шаванд», - менависад Раҳбари Чин Си Ҷинпин.

Си Ҷинпин зикр кард, ки имрӯз Душанбе дар роҳи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо боварӣ қадам мезанад.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки дар ҷараёни сафар ӯ ҳамроҳ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро ба баррасӣ мегиранд, ки ин имкон медиҳад муносибатҳо «ба зинаҳои нав» бароварда шаванд.

Мақолаи Раиси ҶТ 5 июл дар сомонаи АМИТ Ховар нашр шуд.

Ёдовар мешавем, ки Раиси ЧМЧ Си Ҷинпин аз 4 то 6 июл бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон буд.

***

4 июл дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти «СҲШ плюс» дар мавзӯи «Таҳкими муколамаи бисёрҷониба – талош барои сулҳи пойдор ва рушди устувор» иштирок намуданд.

Сарвари давлат афзоиши босуръати гардиши тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои «оилаи СҲШ»-ро  тахзаккур дода, пешниҳод намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштараки мушаххас бо ҷалби иқтидори давлатҳои нозир ва шарикон дар соҳаҳои технологияҳои баланд, инноватсия ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ оғоз карда шавад. Ҳамчунин зарурати ҷалби фаъолонаи давлатҳои нозир ва шарикони муколама ба фаъолияти Шӯрои тиҷоратии СҲШ ва Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ қ таъкид карда шуд.

Пешвои миллат даъват карданд, ки аз иқтидори ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика самараноктар истифода бурда, кишварҳои «оилаи СҲШ» ба Созишнома дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки соли 2014 дар Душанбе ба имзо расида буд, ҳамроҳ гарданд.

***

Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид. Дар ин бора 28 июн дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид,  иттилоъ дода шуд.

Тадбирҳо ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, барқарор кардани ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳ доштани тавозуни устувори табиӣ, мутобиқ шудан ба равандҳои тағирёбии иқлим равона карда шудаанд.

 Сарвари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои татбиқи самараноки Барномаи мазкур тадбирҳои мушаххас андешанд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки шумораи хоҷагиҳои парвариши ниҳолҳоро зиёд ва самаранокии кори онҳоро беҳтар  бояд кард.

***

Дар Тоҷикистон аз 1 июли соли 2024 нафақа, стипендия ва маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд мешавад. Аз ҳамин сана ҳадди ақали музди меҳнат дар кишвар то 800 сомонӣ (73 доллари ИМА) боло бурда мешавад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар доираи Паёми навбатиашон ба Парлумони мамлакат иттилоъ доданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Афзоиши музди меҳнат ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, ки ба аксари сокинони ҷумҳурӣ таъсир мерасонанд, аз 1 июли соли 2024 ба амал меояд. Аз ҷумла, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо аз андозаи муқарраршудаи индексатсия 30% зиёд мешаванд.

Музди меҳнати кормандони соҳаҳои зерин 40% зиёд мешавад:

👉 мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ;

👉 муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ;

👉 соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ;

👉 дигар ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва буҷетӣ.

***

Кори умумии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ва марказҳои миллии шарикии давлатӣ ва хусусӣ (ШДХ) таваҷҷӯҳ ба бор овард. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдор аст, ки дар якҷоягӣ бо БАОР ва бо дастгирии Маркази татбиқи лоиҳаҳои ШДХ ташаббуси омодасозии лоиҳаи ШДХ оид ба таъсиси маркази логистикӣ дар гузаргоҳи «Фотехобод-Ойбек» дар марзи Тоҷикистону Узбекистон барои беҳтар намудани логиститкаи автомобилӣ, техникаи кишоварзӣ, роҳи оҳан, махсус ва борҳоро таҳия намояд. Дар ин бора намояндаи Маркази татбиқи лоиҳаҳои ШДХ Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Раҳмонов дар ҷараёни ҷаласаи солона ва форуми тиҷоратии БАТР дар Алмаато изҳор дошт.

Директори калони идоракунии Бонки авруосиёии рушд Денис Ильин илова кард, ки ШДХ яке аз воситаҳои асосӣ барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ бидуни воридшавии ҷиддии буҷа ё ӯҳдадориҳои буҷетӣ мебошад.

***

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи нав оғоз шуд, ки аз ҷониби ширкати Кореяи Ҷанубӣ барои назорати риояи қоидаҳои таваққуфгоҳи мошинҳо маблағгузорӣ мешавад.

«Дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва барои таҳкими ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии (МИҲД) шаҳри Душанбе ва КВД «Шаҳри ҳушманд» («Smart City») 24 июн татбиқи лоиҳаи сармоягузории "Rexgen" оғоз гардид», -  иттилоъ дод хадамоти матбуоти МИҲД пойтахт.

Зикр гардид, ки лоиҳа танҳо ба ҳисобгирии вайронкунии қоидаҳои таваққуфгоҳ дар истгоҳҳои ҷамъиятии Душанбе нигаронида шудааст.

«Системаи нав имкон медиҳад, ки риояи қоидаҳои таваққуфгоҳ, бехатарӣ ва беҳтар кардани сифати умумии зиндагӣ дар шаҳр самараноктар назорат карда шавад», - гуфта мешавад дар хабар.

Созишнома дар бораи татбиқи ин лоиҳа моҳи сентябри соли гузашта ба имзо расида буд. Тибқи ин санад, ширкати Кореяи Ҷанубӣ «RexGen» дар Душанбе системаи сабти видеоии вайронкунии қоидаҳои таваққуфгоҳро дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ таъсис медиҳад. Ин система бо платформаи асосии «Шаҳри бехатар» ҳамгиро карда мешавад. Созишнома насби системаҳои сабти видеоро дар 350 истгоҳи нақлиёти ҷамъиятии пойтахт пешбинӣ мекунад.

***

  Аз 27 июн ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon Air» парвозҳои мустақимро байни Душанбе ва Исломобод, ки то соли 2022 анҷом дода мешуд, аз сар гирифт. Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, парвозҳо ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Парвоз аз Душанбе соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ, парвози бозгашт аз Исломобод соати 13:30 сурат мегирад. Парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 амалӣ мегарданд.

                      

***

Ба парки техникии филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон 10 адад техникаи нав – 3 притсепи муқтадир ва 7 воситаи нақлиёти махсус барои интиқоли маводҳои зарурӣ ҷиҳати нигоҳдории роҳҳо ворид карда шуд. Дар маҷмӯъ шумораи техника ба 228 адад расид. Дар ин бора 21 июн АМИТ  «Ховар» бо истинод ба филиали ҷамъияти саҳомии Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

  Қаблан филиали ширкат якчанд булдозеру пнритсепро барои зуд бартараф кардани оқибатҳои тармафуроӣ ва кашонидани фаврии онҳо харидорӣ карда буд. Таҷриба нишон дод, ки мавҷудияти притсепҳо ба баланд бардоштани самаранокии кор мусоидат мекунад. Дар робита ба ин, қарор қабул карда шуд, ки 3 трейлери иловагӣ  ворид карда шаванд.

Хариди мошинҳои боркаш инчунин ба такмили минбаъдаи кор, хусусан дар самти интиқоли бефосилаи маҳсулот ва масолеҳи сохтмонӣ, ки барои хидматрасонии роҳҳо муҳиманд, такон мебахшад.                                      

***

Ба наздикӣ аз Душанбе ба Урумчӣ (Чин) бо ҳавопаймо 645 кг гелоси тоҷикӣ интиқол дода шуд, хабар медиҳад рӯзномаи расмии Чин «Жэньминь жибао».

Тибқи маълумоти рӯзнома, гелосе, ки ҳар сол аз моҳи май то июн ба миқдори калон аз Тоҷикистон ва Узбекистон оварда мешавад, ба туфайли лаҳми зиёд ва лаззати шаҳдбори худ дар байни харидорони чинӣ талаботи зиёд дорад. Ин мева тавассути бандарҳои боркаш ба бозори дохилии Чин ворид карда мешавад. Дар айни замон, Чин ба бузургтарин бозори истеъмолии гелоси Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.  

***

Масъалаҳои марбут ба афзоиши шумораи парвозҳои транзитӣ бо истифода аз алоқаи мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар Боку дар доираи саммити ҷаҳонии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ CANSO-2024 (Canso Global ATM Summit 2024) баррасӣ шуданд.

 Ҳамоиши «Canso Global Atm Summit 2024» намояндагон ва роҳбарони корхонаҳои аэронавигатсионӣ ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоти хидматрасонии аэронавигатсиониро аз 42 кишвари ҷаҳон ҷамъ овард, беш аз 70 нафар мутахассисон масъалаҳои устувории экологӣ, аз ҷумла мубориза бо тағйирёбии иқлим, коҳиш додани партовҳои карбон, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва такмили раванди идоракунии ҳаракати ҳавоиро бо мақсади ноил шудан ба парвозҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза баррасӣ карданд.

ДАР МИНТАҚА

Зиёда аз 4000 адад воситаи нақлиёт дар 2 соли оянда дар шарқи Қазоқистон ба утилизатсия (нобудкунӣ) фиристода мешаванд. Дар минтақа зарурати навсозии куллии парки техникаи кишоварзӣ ба миён омадааст. Давлат ва бахши хусусӣ кӯшиш мекунанд, ки мушкилотро якҷоя ҳал кунанд.

Фарсудашавии миёнаи мошинҳои агротехникии Қазоқистон ба 80% расидааст. Дар айни замон, ҳар сол танҳо 4,5% парки мошинҳо ва тракторҳои ҷумҳурӣ нав карда мешавад, хабар медиҳад «24KZ». Танҳо ташкилотҳои калони кишоварзӣ метавонанд  техникаи нав харидорӣ кунанд.

***

 Дар Қазоқистон ба мошинҳои боркаши гаронвазн ҳаракат дар роҳҳои кишвар манъ карда шуд. Ин ба онҳое, ки 25 тонна бор мекашонанд, дахл надорад, зеро меъёри иҷозатдодашудаи ниҳоӣ ҳамин миқдор аст.

«Мошинҳои боркаше мавҷуданд, ки ба ҷои 25 тонна зиёда аз 100 тонна бор мегиранд. Ин мошинҳо ба категорияи «самосвалҳои карйерӣ» (маъданкаш) дохил мешаванд, яъне онҳо бояд аслан дар конҳои маъдани кӯҳӣ ҳаракат кунанд. Аз ин рӯ, таъсири  барзиёд вуҷуд дорад,  бинобарин роҳҳои мо ба ҳолати бад гирифтор мешаванд. Мо меъёри иҷозатдодашударо манъ намекунем, дар доираи ин меъёрҳо бигузор ҳаракат кунанд», - гуфт ҳангоми суҳбат дар Парлумон муовини Вазири нақлиёти ҶҚ Мақсад Калиакбаров.   

 Ба гуфтаи ӯ, мошинҳои гаронвазн мунтазам роҳҳоеро, ки ба маблағи 500 миллиард танга бунёд шудаанд, вайрон мекунанд. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурӣ манъи нав ҷорӣ карда мешавад. Барои вайрон кардани он дар доираи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима пешбинӣ карда мешавад. Андозаи маблағи ҷаримаҳо ҳанӯз маълум нест.

***

  Таҳти сарпарастии Созмони давлатҳои туркӣ (СДТ) Иттиҳоди марказҳои логистикӣ ва интиқолдиҳандагон таъсис дода шудааст, хабар медиҳад агентии Sputnik.

Дар Тошканд ҳуҷҷатҳои таъсиси муассисаи байналмилалии «Иттиҳоди марказҳои логистикӣ ва интиқолдиҳандагон» таҳти сарпарастии СДТ ба имзо расиданд.

 Сохтори нав ба рушди боркашонӣ ва марказҳои логистикӣ дар кишварҳои СДТ   мусоидат хоҳад кард.                                           

***

Туркманистон омода аст, ки шумораи мошинҳои боркаши аз Афғонистон воридшавандаро, ки тавассути гузаргоҳи марзӣ байни шаҳрҳои Серхетабат ва Торгунди борҳои тиҷоратӣ интиқол медиҳанд, то 120 адад дар як рӯз зиёд кунад.

Ин масъала дар мулоқоти Консули генералии Туркманистон дар Афғонистон Батир Ёлов бо волии вилояти Ҳироти Афғонистон  Нур Аҳмад Исломҷар баррасӣ шуд. Дар ин бора  агентии  иттилоотии Bakhtar news рӯзи 26 июн хабар дод.

ДАР ҶАҲОН

Чин ният дорад, ки бо кишварҳое, ки дар тӯли хатсайрҳои қатораҳои боркаши «Чин-Аврупо» ҷойгиранд, ҳамкорӣ кунад, то рушди босифати ин роҳи оҳанро суръат бахшад. Дар ин бора 26 июн намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Лин Тзян изҳор дошт, хабар медиҳад рӯзномаи «Жэнмин жибао»   бо истинод ба агентии «Синхуа».

Дипломати чинӣ дар брифинги рӯзноманигорон чунин изҳорот дод, вақте аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар моҳи май ҳаҷми баланди боркашонии ҳармоҳаро дар хатсайрҳои «Чин-Аврупо» шарҳ диҳад.

Лин Тзян зикр кард, ки имсол интиқоли борҳо тавассути роҳи оҳан дар масири  «Чин-Аврупо» натиҷаҳои хуб  дод. Аз ҷумла, дар моҳи май қатораҳои боркаш 1724  сафар анҷом доданд ва 186 ҳазор teu /бист фути муодили контейнерӣ/ борҳои гуногунро интиқол доданд. Ин мутаносибан 14 ва 13 фоиз  дар ифодаи солона зиёдтар аст ва барои хатсайрҳои роҳи оҳани боркаши «Чин-Аврупо» ҳадди нави моҳона мебошад.   

***

Ифлосшавии ҳаво ба саломатии одамон торафт бештар таъсир мерасонад ва дуввумин омили пешбари хатари марг дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.     Дар ин бора дар нашри панҷуми гузориши «Вазъи ҳавои ҷаҳон» зикр шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти СММ.

Гузорише, ки 25 июни соли 2024 аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи таъсири саломатӣ (Институти тандурустӣ) нашр шудааст, гувоҳӣ медиҳад, ки ифлосшавии ҳаво дар соли 2021 боиси марги 8,1 миллион нафар дар саросари ҷаҳон шудааст.  Чандин миллион сокинони Замин аллакай бо бемориҳои музмини марбут ба ҳавои бад зиндагӣ мекунанд, ки ин ба системаҳои тандурустӣ, иқтисод ва ҷомеа фишори зиёд меорад.

Ифлосшавии ҳаво (PM2.5) асосан дар натиҷаи сӯхтани сӯзишвории ихроҷшаванда ва биомасса дар соҳаҳо, аз қабили нақлиёт, сохтмон, энергетикаи ангишт, саноат, инчунин сӯхтори ҷангалҳо ба амал меояд. Ин партовҳо на танҳо ба саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонанд, балки ба ташаккули газҳои гулхонаӣ, ки ба гармшавии сайёра боис мегарданд, мусоидат мекунанд. Табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳам аз таҳдидҳои иқлимӣ ва ҳам аз ҳавои ифлос ба таври  ҷиддӣ азият мекашанд.

***

 Тибқи гузориши солонаи Созмони байналмилалии Instergy Institute, соли гузашта партовҳои ҷаҳонии гази карбон ба атмосфера ба сатҳи рекордӣ расида, аз 40 миллиард тонна гузашт. Коршиносон инро ба миқдори зиёди истеъмоли сӯзишвории ихроҷшаванда рабт медиҳанд.

Талабот ба манбаъҳои ғайриэкологии энергия, сарфи назар аз маъруфияти манбаҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ), афзоиш меебад. Масалан, соли 2023 истеъмоли карбогидрогенҳо ба 505 эксаджоул (англ. Exajoule-воҳиди ченкунии қувваи механикӣ) расид. Афзоиши истеъмоли ангишт 1,6 %, нафт 2% – ро ташкил дод. Тибқи ҳисобҳои охирин, ҳоло инсоният дар як рӯз 100 миллион баррел «тиллои сиёҳ» (нафт) истифода мебарад.   

Дар гузориш инчунин зикр карда мешавад, ки дар Ҳиндустон истифодаи манбаъҳои энергияи ихроышаванда 8% афзоиш ёфта, ба 89% истеъмоли умумии энергия расидааст. Дар баробари ин, Ҳиндустон нисбат ба Амрикои Шимолӣ ва Аврупо бештар ангишт истифода мекунад. Дар худи Аврупо ҳиссаи истеъмоли карбогидридҳо зери 70 % коҳиш ёфтааст. Чунин натиҷа аз оғози «инқилоби саноатӣ»-и  аввали асри 19 дар ин ҷо бори аввал мушоҳида   шудааст.

 9 сол пеш, моҳи декабри соли 2015, Созишномаи Париж ба имзо расида буд, ки тибқи он кишварҳои иштирокчӣ ӯҳдадор шуданд, ки партовҳои СО2-ро дар даҳсолаҳои оянда ба манфиати муқовимат ба тағйироти иқлим коҳиш диҳанд.

Ба гуфтаи Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд то соли 2030 ба коҳиши 43% партовҳои газҳои гулхонаӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2019 ноил шавад.

***

Беш аз 30 кишвар ният доранд, ки то соли 2035 аз мошинҳои дорои муҳаррикҳои эҳтироқи (сӯзиши) дохилӣ даст кашанд, хабар медиҳад рӯзномаи The New York Times.

Тибқи маълумоти нашрия, гузариш ба истеҳсоли мошинҳои дорои муҳаррикҳои барқӣ аз ҷониби ширкатҳои Ford, Mercedes-Benz, General Motors, Volvo, Jaguar Land Rover дастгирӣ карда шуд. Баъзе аз бузургтарин дар ҷаҳон истеҳсолкунандагони автомобил, аз ҷумла Toyota, Volkswagen ва паймони Renault-Nissan-Mitsubishi, то ҳол чунин ӯҳдадорӣ нагирифтаанд.

 Илова бар ин, тавре ки дар сомонаи Маркази хабарии СММ иттилоъ дода мешавад, дар Конфронси СММ оид ба иқлим намояндагони баъзе кишварҳои Амрикои Лотинӣ мақсад гузоштанд, ки то соли 2035 ба истифодаи нақлиёти ҷамъиятии ихроҷи партовҳояшон баробар ба сифр гузаранд.