2 июл дар километри 250-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе – Ваҳдат –Рашт –Лахш», дар ҳудуди маҳаллаи «Ҳавзак» аз сабаби гармии ҳаво сатҳи оби дарёчаи «Сугак» баланд шуд. Оби аз соҳил баромада пеши як қисми ҷараёни дарёи «Сурхоб»-ро баст.
Дар натиҷаи офати табиӣ об ин қитъаи роҳи мошингарди «Лаби Ҷар Сангвор» – ро хароб сохта, як пули 24 метраро корношоям гардонид. Дар километрҳои 5, 14, 26, 47 роҳ муваққатан баста шуд.
Муассисаи давлатии маҳаллии нигоҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи корӣ ва техникаи вазнини махсусро барои ба таври фаврӣ андешидани тадбирҳо оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ сафарбар намуд. Худи ҳамон рӯз дар киломатрҳои 5, 14, 26 роҳ барқарор карда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шуд.
Дар айни замон коргарон ва мутахассисон бо истифода аз 2 мехлопата ва 3 дулан барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар киломатри 47-уми роҳ кор мекунанд. Ҳайати Вазорати нақлиёти ҶТ таҳти роҳбарии муовини Вазир Фаррух Нематзода дар ҷои офат қарор дорад ва иҷрои корҳоро назорат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон то 5 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон хатари омодани сел боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар саросари ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 37-39 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе то 6 июл ҳавои чанголуд ва баланд шудани сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосфера бо моддаҳои ғуборолуд, зарраҳои андозаи 10 мкр (Рм-10) ва 2,5 мкр (Рм-2,5) интизор меравад.
Дар робита ба ин, роҳбарияти Вазорати нақлиёти ҶТ ба ҳамаи муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои соҳа супориш дод, ки омодагии пурраи техникаи барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард истифодашавандаро таъмин кунанд. Дар баробари ин, Вазорати нақлиёт аз ронандагоне, ки ба минтақаҳои кӯҳӣ мераванд, хоҳиш мекунад, ки дар роҳҳо хеле бодиққат бошанд ва Қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя кунанд.