Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН. Рушди ҳамкорӣ дар самти логистика ба манфиати кор дониста шуд

Санаи нашр: 03-07-2024 Просмотрено: 1756

Тавре қаблан хабар додем, 2 июл Сарвазири Ҷумҳуриии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Худи ҳамон рӯз баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъи ду ҷониб идома ёфт.

Тавре сомонаи расмии Сарвари давлати Тоҷикистон www.president.tj хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ва маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамаҷонибаи пайвандҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Покистон муҳокима гардид.

Дар ин зимн ҷонибҳо хоҳони густариши бештари робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, бахшҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан ва кишоварзӣ шуданд.  

Дар идомаи мулоқот масъалаи дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои ҷаҳонӣ, хусусан роҳҳо ва бандарҳои обии Покистон муҳокима карда шуда, ҷонибҳо ба амалисозии лоиҳаҳои пайвастшавии ду кишвари дӯст тавассути роҳҳои мошингарду оҳан диққати зиёд доданд.

Рушди ҳамкории дуҷониба дар самти логистика ва баррасии имкониятҳои таъсис додани марказҳои логистикӣ дар яке аз минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Покистон ба манфиати кор дониста шуд. 

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардида, дар ҳузур ва бо иштироки Пешвои миллат ва Сарвазири Покистон 9 санади муҳим ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ба Изҳороти муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аз натиҷаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон имзо гузоштанд.

Зимни суханронии худ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихии Созишнома дар бораи шарикии стратегиро махсус таъкид намуда, изҳори боварӣ намуданд, сатҳи сифатан нави робитаҳои ду ҷониб омили рушди самарабахши онҳо дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ хоҳад гардид.

Ба гуфтаи Пешвои миллат, дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ ҷонибҳо ба таври муфассал маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии  дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

«Қобили тазаккур аст, ки соли равон дар асоси муқаррароти Созишномаи моҳи декабри соли 2022 баимзорасида «Дар бораи тиҷорати транзитӣ», бори аввал аз Покистон корвони мошинҳои боркаши  Ширкати миллии логистикии  Покистон ба Тоҷикистон ворид шуд, – зикр намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. – Мо умед дорем, ки доираҳои сармоягузори кишвари дӯсти Покистон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи он иштироки фаъолу судманд хоҳанд дошт. Ин, алалхусус, ба барномаҳои рушди саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ тааллуқ дорад».