Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ТАВАҶҶУҲ! Аз 2 то 6 июл дар Душанбе маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешавад

Санаи нашр: 02-07-2024 Просмотрено: 2459

 Аз 2 то 6 июл дар баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бинобар ташрифи меҳмонони олииқадр  ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан  маҳдудуд карда мешавад. Дар ин хусус Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии (РБДА) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ («Садбарг»), хиёбони А.Рӯдакӣ то кӯчаи Карамов, хиёбони Сомонӣ то назди беморхонаи «Шифобахш», кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур ва Шероз маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ мешаванд ва аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.