Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ маҷлиси ботантана баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва кормандони вазорат, намояндангони идораҳои зертобеи он, фаъолон ва собиқадорони соҳа ширкат намуданд.
Дар маҷлис Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар бораи таърихи ин санаи муборак, аҳамияти он дар рушду нумӯи кишвар ва ҳиссаи кормандони соҳаи роҳу нақлиёт дар расидан ба ваҳдати миллии мардум суханронӣ кард.
Дар зер матни суханронӣ пешниҳод мегардад.
Ҳозирини муҳтарам, ҳамкорони арҷманд,
Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол 27 июн дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад.
Бо истифода аз ин фурсат ҳамаи шумо ва дар шахсияти шумо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро ба ифтихори ин ҷашн самимона табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромии пойдор ва осоиши рӯзгор таманно менамоям.
Ҳар яки мо хуб дар ёд дорем, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз қадамҳои нахустини даврони истиқлолу озодӣ бар асари фитнаву дасисаи душманони дохилию хориҷии миллати тоҷик бо мухолифатҳои шадиду бесобиқаи сиёсӣ ва баъдан бо гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар як муддати кӯтоҳ шиддати мухолифат ба ҳадде расид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба миён омад.
Бо ташаббуси фарзандони огоҳу ватандӯст даъват гардидану баргузор шудани Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олӣ дар Қасри «Арбоб»-и шаҳри бостонии Хуҷанд ва интихоби роҳбарияти нави сиёсии мамлакат дар он шароити ниҳоят вазнин роҳи ягона ва дурусти қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик, бартараф намудани оқибатҳои ҷанг ва фароҳам овардани шароит барои таъмин намудани рушди Тоҷикистон буд.
Иҷлосияи Хуҷанд, ки соли ҷорӣ аз санаи баргузории он 32 сол сипарӣ мегардад, дар маҷмуъ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, аз ҷумла, рамзҳои асосии давлатдории мо – Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ қабул гардиданд, Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Яке аз дигаргуниҳои муҳиме, ки дар он иҷлосия ба амал омаданд, ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки тибқи онҳо ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ ва Раиси Ҳукумати мамлакат вогузор шуд. Аз ҷониби аксари кулли вакилони мардумӣ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ ва Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Сарвари давлат интихоб гардиданд.
Баъди ба ин вазифа интихоб шуданашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин суханронии худ чунин иброз доштанд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман ба шумо сулҳ меорам!.. Ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар гардем, то ки суботу оромиро дар ҷомеа барқарор созем. То он даме, ки охирин гуреза ба Ватан, ба хонаю дари худ барнагардад, ман худро ором ҳис карда наметавонам».
Ин суханон дар қалби ҳамаи мардуми мо, ки аз зиддияту даргириҳои он айём хаста шуда буданд, шуълаи умед барафрӯхт. Ин қадамҳои нахустини кишвари мо ба сӯи сулҳу оромии кишвар ва ваҳдати миллӣ буд. Ҳамин тавр, хишти аввали давлатдории навини ҷумҳурии маҳбубамон гузошта шуд.
Ҷаноби Олӣ аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданашон аз паи иҷрои ҳамин нияту ҳадафҳои нек – баргардонидани гурезаҳо, ба эътидол овардани вазъи ҷомеа, ободкорию созандагӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳдошти шароити зиндагии мардум камари ҳиммат бастанд.
30-юми сентябри соли 1993 дар суханронии нахустини худ ба ҳайси Сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 48-уми Маҷмаи умумии ин созмони бонуфузи олам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
6 ноябри соли 1994 тавассути нахустин раъйпурсӣ дар давлати соҳибистиқлоламон Конститутсияи комилан нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қатори 10 конститутсияи беҳтарини ҷаҳон ном бурда шуд. Худи ҳамон рӯзи таърихӣ, 6 ноябри соли 1994, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи шаффофу озоди демократӣ бо касби 87,6% овози аҳолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Баъдан бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди музокироти сулҳ байни тоҷикон оғоз гардид, ки дар кишварҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон беш аз чор сол идома ёфт. Гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо имзои санади тақдирсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом пазируфтанд.
Қобили зикр аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва таъмин намудани ваҳдати миллӣ на танҳо омили наҷоти миллати тоҷик гардид, балки ҳамчун як сабақи омӯзандаи таърихӣ ва таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф карда шуд.
Ҳозирини гиромӣ,
Ваҳдати миллӣ, бешубҳа, самараи талошҳои ватандӯстона, ҷавонмардона ва фидокоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Инро сарварони кишварҳои пешрафтаи олам, сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи олам эътироф кардаанд. Маҳз садоқат ба арзишҳои миллӣ ва шинохти воқеии ватандорӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, миллионҳо нафар шаҳрвандони кишвари азизамонро ба хонаву кошонаашон баргардонд, барои оғози рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми шарафманди он шароит фароҳам овард.
Сиёсати ободгаронаи Сарвари давлат Тоҷикистонро баъд аз соли 2000-ум ба арсаи ҳақиқии созандагию бунёдкорӣ табдил дод. Дар тӯли қариб чоряк аср, ки муддати начандон тӯлонист, дар кишварамон садҳо биноҳои истиқоматӣ, мактабу шифохонаҳо, майдонҳои варзишӣ ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои саноатӣ, иншооти нави энергетикӣ ба кор андохта шуданд. Илова ба Неругоҳи барқии обии Роғун, ки сохтмонаш идома дорад, неругоҳҳои барқии амалкунанда навсозӣ шуда истодаанд. Дар ин муддат ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуданд, ки дар натиҷа Тоҷикистони сепорча ба як қаламрави воҳид мубаддал гардида, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.
Симои шаҳру деҳотамон дар ин муддат билкул тағйир ёфт ва мисраи ҷовидонии шайх Ҳофизи Шерозиро ба ёд меорад: «Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо!».
Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи сиёсати бунёдкоронаи худро аз сохтмони роҳу пулҳо ва иншооти роҳдорӣ оғоз намуданд.
Дар яке аз филмҳои мустанад бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки аз тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатии Телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шудааст, Сарвари давлат дар ин бобат чунин изҳори андеша мекунанд (айнан меорам):
«Як сабаби бадбахтии одамон ҳамин буд: ҳар кас дар дараи худ, дар минтақаи худ. Ин як баҳонае буд ба маҳалҳо ҷудо шудан... Роҳҳо ҳастанд, рафтуо мешавад, хешутаборӣ байни одамон мешавад, роҳҳо мардумро ба ҳам наздик мекунанд» (поёни иқтибос).
Тавре дар ин филми мустанад намоиш ва гузориш дода мешавад, яке аз минтақаҳои душвортарин, воқеъ дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ, Девдара буд, сахраҳои азими ин мавзеъ дар дили ҳар роҳгузар ваҳм меангехт. Одамони зиёде ҳангоми гузар аз ин мавзеи хатарнок ҷони худро аз даст дода буданд.
Ҷаноби Олӣ чандин маротиба ба ин мавзеъ сафар карда, ҳатто пои пиёда гаштаанд. Вазъияти тоқатфарсои ин мавзеъро дида, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи бунёди роҳи «Шӯробод – Дарвоз» қарор бароварданд. Ҳоло аз мавзеи номбурда роҳи дар сатҳи байналмилалӣ бунёдшуда мегузарад ва ба ҳар роҳгузар фараҳу шодӣ мебахшад. Бо пешниҳоди худи Пешвои миллат Девдара ба Гулдара табдили ном кардааст.
Пас аз он роҳсозӣ ба марҳилаи нав ворид шуд. Сохтмони роҳҳо ба Чин ва тавассути Афғонистон ба Покистон ва ҳамин тариқ барои баромадан ба ҳавзаи уқёнуси Ҳинд яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Сарвари давлатро ташкил дод.
Дар тӯли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллари ИМА, 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардида, дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2183 км роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хатти роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардиданд.
Имрӯз бо камоли ифтихор гуфтан мумкин аст, ки дар таҳкими ваҳдати миллии мардуми диёрамон кормандони соҳаи роҳу нақлиёт, роҳсозону роҳдорон, лоиҳасозон, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдидли роҳҳои кишварамон саҳми бориз гузоштаанд ва барои ин ба ҳамаи шумо изҳори ташаккур мекунам.
Дӯстони азиз,
Аҳаммияти сулҳу оромӣ дар замони муосир ва хусусан, солҳои охир, ки инсоният бо мушкилоти ниҳоят сахту сангин рӯ ба рӯ гардидааст, торафт боло меравад.
Мову шумо бояд сарзамини зебои худро сидқан дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ расем ва шукронаи сулҳу амнияти кишвар ва ваҳдати миллиро ҳамеша ба ҷо оварем.
Вусъат бахшидани заҳмати созандаву бунёдкорона ба хотири ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон вазифаи ҳар яки мо – соҳибони Ватан мебошад.
Солҳои охир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум як силсила барномаҳои сармоягузории давлатӣ таҳия ва қабул гардида, дар онҳо ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ афзалият дода шуд.
Имрӯзҳо бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 623 млн. 246 ҳазор доллари ИМА мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.
Бо итминон гуфта метавонам, ки мову шумо минбаъд низ дар пиёда сохтани сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани кишварамон, рушди иқтисодиёти он, беҳдошти некуаҳволии мардум, сохтмони роҳу пулҳо ва ба ин васила боз ҳам наздику қарин сохтани сокинони чумҳурии соҳибистиқлоламон фаъолона ширкат хоҳем кард.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо 27–умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бароятон зиндагии осуда, саломатии хуррамӣ ва хушрӯзию шодкомиҳо таманно мекунам.
Саломату сарбаланд бошед!