Форуми Оливер Вайман ва Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти нақлиётӣ (ITS) - и донишгоҳи Калифорния дар шаҳри Беркли (штати Калифорния, ИМА) натиҷаҳои таҳлили ҷолиби худро нашр карданд. Онҳо 13 хизматрасониро дар се минтақа – Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Осиё арзёбӣ намуданд. Ба ғайр аз хизматрасонии мобилӣ тадқиқот хизматорасониҳои иловагиро амсоли истгоҳҳои барқдиҳӣ (EV) ва ҳалли масъалаи таваққуфгоҳҳои «ҳушманд» (интеллектуалӣ) фаро гирифт.
Тадқиқот афзоиши миёнаи тақрибан 10% дар як солро дар даҳсолаи ҷорӣ то соли 2030 дар муқоиса бо 5% барои тамоми бахши таҳрик пешбинӣ намудааст. Интизор меравад, ки хизматрасониҳои нав даромади солонаро дар ҳаҷми 660 миллиард доллар дар соли 2030 дар муқоиса бо 260 миллиард доллар дар соли 2020 ба даст оранд.
Интизор меравад, ки соҳаҳои иқтисодиёт бо афзоиши барқдиҳии хизматрасониҳои нақлиётӣ устувортар мешаванд. Бо ҷорӣ кардани мошинҳои барқӣ бо суръати тезтар, назар ба соҳибони мошинҳои хусусӣ, хизматрасониҳои нави нақлиёт метавонанд сифати ҳаворо беҳтар кунанд, сатҳи садо ва партовҳои гази карбонро дар шаҳрҳо коҳиш диҳанд ва энергияи барқароршаванда ё камкарбонро барои тавлиди нерӯи барқи иловагӣ истифода баранд.
Тадқиқот се минтақа – Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёро дарбар гирифт ва муайян сохт, ки хизматрасониҳои нав вобаста ба минтақаи ҷойгиршавӣ бо суръати гуногун рушд хоҳанд кард. Шаҳрҳои Аврупо сераҳолӣ мебошанд ва аз ин лиҳоз ба ҷорӣ кардани хизматрасониҳои микромобилӣ мусоидат мекунанд. Пешбинӣ мешавад, ки дар минтақаи Аврупо низ афзоиши шадиди шумораи мошинҳои барқӣ ва хизматрасониҳои барқӣ ба амал ояд, зеро минтақа аз Осиё дар ин самт пеш мегузарад ва дар солҳои оянда минтақаи босуръат рушдёбанда дар соҳаи мошинҳои барқӣ хоҳад шуд.
Дар Амрикои Шимолӣ, ки интизор меравад хадамоти пардохти «ҳушманди» таваққуфгоҳҳо тезтар рушд кунад, сокинони навоҳии наздишаҳрӣ муддати тӯлонӣ ба мошинҳо такя мекарданд. Ин пеш аз ҳама ба шумораи зиёди коргароне, ки берун аз шаҳроҳо зиндагӣ мекунанд; дастгирии нисбатан ками нақлиёти ҷамъиятӣ берун аз шаҳрҳо, махсусан дар ИМА; ва васеъшавии бисёр шаҳрҳои бузурги минтақа вобаста аст.
Аз ҷониби дигар, дар бисёр қисматҳои Осиё анъанаҳои деринаи истифодаи велосипедҳо ё мопедҳо мавҷуданд, ки барои хизматрасониҳои умумӣ ва мошинҳои хурд имкон фароҳам меранд. Дар минтақа барномаҳои Super apps паҳн шуданд, ки хизматрасониҳои алоқа, нақлиёт ва тиҷоратро ба платформаи ягона муттаҳид мекунанд. Интизор меравад, ки ба шарофати барномаҳои Super apps ва муваффақияти иштирокчиёни маҳаллии бозор чунин хизматрасониҳои мобилӣ тавсеа меёбад. Бозори Осиё бо шумораи зиёди аҳолӣ ва рушди зичиии аҳолӣ дар шаҳрҳо тақрибан ба андозаи бозорҳои Аврупо ва Амрикои Шимолӣ баробар аст. Он то соли 2030 чунин боқӣ хоҳад монд. Бино ба пешгӯии олимон, то соли 2030 даромади хадамоти мобилӣ дар Осиё ба 337 миллиард доллар мерасад. Даромад дар Амрикои Шимолӣ тақрибан 175 миллиард доллар ва дар Аврупо 144 миллиард долларро ташкил медиҳад.