20 июни соли 2024 дар сиғаи видеоконфронс ҷаласаи 11-уми вазирони нақлиёти давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд. Ҷаласа дар доираи раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар СҲШ дар солҳои 2023-2024 доир гардид.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини Вазири нақлиёти ҶТ Фаррух Нематзода намояндагӣ кард.
Муовини дабири кулли СҲШ Д.Кейн бо изҳори хушнудӣ зикр намуд, ки айни ҳол Созмони Ҳамкории Шанхай дар самти рушди соҳаи нақлиёт дар назди худ ҳадафҳои қобили таваҷҷӯҳ мегузорад ва мехоҳад ба муҳаррики пурқуввати рушди иқтисодии давлатҳои узви Созмон табдил ёбад.
Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо оид ба амалҳои муштарак дар соҳаи рушди инфрасохтори нақлиётӣ, масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба, инчунин тавсеаи самтҳои ҳамкорӣ дар доираи СҲШ табодули афкор намуданд.
Имкониятҳои фаровони санадҳои қаблан қабулшуда, аз қабили Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба рушди ҳамбастагӣ ва ташкили долонҳои самараноки нақлиётӣ ва Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба декарбонизатсияи нақлиёт, пешбурди раванди гузариш ба рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ барои ноил шудан ба самаранокӣ ва устувории баландтар зикр гардид.
Иштирокчиён зарурати ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани мувофиқа ва қабули Низомнома дар бораи Гурӯҳи махсуси корӣ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро махсус таъкид намуданд, ки он ба қабули қарорҳои амалӣ ва мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт мусоидат намуда, инчунин корҳоро дар доираи санадҳои соҳавии дар доираи СҲШ қабулшуда фаъол мегардонад.
Аз натиҷаи кори ҷаласа протокол ба имзо расид ва қарор қабул карда шуд, ки кор оид ба такмили лоиҳаи Низомномаи болозикр бо мақсади тасдиқи он дар маҷлиси навбатии вазирон, ки дар доираи раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар СҲШ ба нақша гирифта шудааст, идома дода шавад.
Ҷаласаи навбатии вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲШ соли 2025 таҳти раесати ҶМЧ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 3-4 июл дар Остона саммити навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад. Дар ин бора Котиботи СҲШ хабар додааст. Дар он сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 16 кишвар: Қазоқистон, Ҳиндустон, Эрон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус, Муғулистон, Озарбойҷон, Қатар, АМА, Туркия ва Туркманистон, инчунин Дабири кулли СҲШ ва Директори иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ширкат хоҳанд кард. Интизор меравад, ки дар саммит Дабири кулли СММ ва роҳбарони созмонҳои дигарип байналмилалӣ, ба монанди ИДМ, СҲИ, Конференсияи ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (СВМДА), СААД, роҳбарони кишварҳои нозир ва шарикони муколама низ иштирок кунанд.
Сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар саммити навбатӣ доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ва масоили сиёсиро баррасӣ мекунанд.