Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои чӣ тасмаи бехатариро бастан шарт аст?

Санаи нашр: 21-06-2024 Просмотрено: 4048

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти № 668, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ташаккули низоми устувори муносибатҳои ҳуқуқӣ, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шудааст.

Бисёр ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ қабул карда шудаанд, ки мо бояд онҳоро донем, зеро ин санадҳо барои таъмини ҳуқуқи инсон, шароити мусоиди кору рӯзгори одамон ва фаъолияти мураттаби ин ё он соҳа пешбинӣ шудаанд.

Тавассути маводҳои бахши нав мо кӯшиш хоҳем кард, ки дониши ҳуқуқии худро баланд бардорем ва муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба ҳамаи кормандони соҳа фаҳмонем.

 Ин дафъа дар бораи он сӯҳбат мекунем, ки чаро бастани тасмаи бехатарӣ  шарт аст.

Сарсухан

Тавре ки қаблан хабар дода будем, дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои минтақавии алоқа дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ4)» 3 апрели соли 2024 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарордод дар бораи зиёд намудани масъулияти ронандагон барои истифодаи тасмаи бехатарӣ ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба имзо расид. Аз ҷониби фармоишгар онро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби иҷрокунанда Директори ширкати машваратии (консалтингии) Бритониё EASST Expertise LTD Эмили Карр имзо карданд.

Ҳадаф аз имзои ин қарордод, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, пеш аз ҳама Вазорати корҳои дохилии ҶТ, андешидани тадбирҳо  ҷиҳати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ оид ба баланд бардоштани масъулияти ронандагони воситаҳои нақлиёт, истифодаи ҳатмии тасмаи бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, гузаронидани маъракаи васеи иттилоотӣ оид ба зарурат ва манфиати истифодаи тасмаи бехатарӣ мебошад.

Ширкати EASST Expertise LTD 5 апрели соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдори мамлакат оғози корҳоро дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Тибқи шартнома мӯҳлати иҷрои  тадбирҳои машваратӣ 18 моҳро ташкил медиҳад.

Таърихи пайдоиш ва рушди тасмаи бехатарӣ

Бори аввал ихтироъкори англис Ҷорҷ Кэйли дар ибтидои асри XIX истифодаи тасмаи бехатариро пешниҳод кард. Ва аввалин патенти чунин таҷҳизот дар ИМА соли 1885 дода шуд.

Соли 1903 соҳибкори фаронсавӣ Луис Рэно, ки соли 1899 ширкати мошинсозии «Renault»-ро таъсис додааст, камарбанди панҷ нуқтаи бехатариро ихтироъ кард.

Соли 1909 дар Англия бо мақсади нигоҳ доштани мусофир дар курсии мошин дастгоҳи бехатарӣ ихтироъ карда шуд, ки аз пружинаи спиралии диаметраш калон ва тасмаҳо иборат буд.

             Соли 1913 бори аввал дар таърихи авиатсия тасмаро Адольф Пегу истифода бурд, аммо то солҳои 1930-ум тасма дар ҳавопаймоҳо истифода намешуд.

         Тасмаи дорои се нуқтаи бехатариро, ки ҳоло дар ҳама ҷо истифода мешавад, дар охири солҳои 1950-ум муҳандиси ширкати автомобилсозии «Volvo»-и Шветсия Нильс Болин эҷод кардааст. Маҳз ӯ муайян сохт, ки ронанда ва мусофирро дар курсии худ тасмаи аз китф ба камар дарозшуда нигоҳ медорад, ки онро бо як даст ҳам бастан мумкин аст.

        Соли 1957 Шветсия аввалин кишваре шуд, ки чунин тасмаи бехатариро қонунӣ кард. Соли 1961 ИМА ва соли 1970 Фаронса низ ба шведҳо пайравӣ карданд. Дар ИҶШС истеҳсоли оммавии тасмаи бехатарӣ охири соли 1974 ба роҳ монда шуд. Шуруъ аз соли 1977 тасмаи бехатарӣ дар автомобили «ГАЗ-24» насб карда шуд.

        Истифодаи ҳатмии тасма барои курсиҳои пеш соли 1979 қонунӣ карда шуд.

       Бо мурури вақт сохтори тасмаҳои бехатарӣ тағйир пазируфт, аз ҷумла онҳо худтанзимкунанда шуданд ва на танҳо дар курсиҳои пеш, балки дар курсиҳои қафо низ насб гардиданд.

Ба ҳар ҳол, тасма ба чӣ лозим аст?

 Тасмаи бехатарӣ воситаҳои бехатарии ғайрифаъол (маҷмӯи хусусиятҳои сохторӣ ва амалиётии мошин, аз қабили камарбанди бехатарӣ, унсурҳои фурӯбарандаи энергия, болиштҳои ҳавоӣ, сутуни роҳбарикунанда ва ғайра) мебошад, ки барои нигоҳ доштани ронанда ва мусофири мошин (ё дигар воситаи нақлиёт) дар ҳолати садама ё таваққуфи ногаҳонӣ ҳангоми кор накардани воситаҳоии бехатарии фаъол (масалан, системаи тормоз) барои пешгирии садама пешбинӣ шудааст.

Истифодаи тасмаи бехатарӣ ҳаракати ронанда ё мусофирро тавассути инерсия, инчунин бархӯрдҳои эҳтимолии онҳоро бо ҷузъиёти дохили мошин ё дигар мусофирон  пешгирӣ менамояд.

         Ғайр аз ин,  тасмаи бехатарӣ ҳангоми садама каме дароз мешавад ва ба ин васила энергияи кинетикии ронанда ва мусофирро аз худ мекунад ва ҳаракати онҳоро бозмедорад.

Болиштҳои ҳавоии бехатарӣ чӣ?

       Агар мошини шумо болишти ҳавоии бехатарӣ дошта бошад ва фикр кунед, ки он шуморо дар ҳама ҳолатҳо наҷот медиҳад, пас хеле соддалавҳ ҳастед.

       Истифодаи тасмаи бехатарӣ ҳатмист, агар дар наздикии ронанда ё мусофир ҳадди аққал як болишти бехатарӣ мавҷуд бошад. Тартиби боз шудани болишт  бо чунин фарзия таҳия карда мешавад, ки ронанда (мусофир) ҳангоми бозшавии болишт тасмаро бастааст. Аз ин рӯ, фаъол шудани болиштҳо дар лаҳзаи номувофиқатии ногаҳонии бадани инсон ҳангоми садама метавонад ба оқибатҳои пешгӯинашаванда оварда расонад. Масалан, ҳангоми зарбаи пеш болишти фаъолшуда ба сари ронанда ё мусофире, ки тасма набастаанд, бармехурад, ки қувваи он аз зарбаи панели пеши кабинаи мошин зиёдтар аст.    

       Аз ин рӯ, дар баъзе мошинҳои муосир болиштҳои ҳавоии  бехатарӣ дар мошинҳое, ки ронанда ё мусофир(он)и он  тасма набастаанд, ҳангоми садама фаъол намегардад.

Набастани тасмаи бехатарӣ чӣ масъулият дар пай дорад?

 Мутобиқи талаботи боби 3 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017 таҳти рақами 323 тасдиқ шудаанд, ронандаи воситаи нақлиёт уҳдадор аст, ки ҳангоми ҳаракат  тасмаи бехатариро бандад ва то он даме, ки мусофири дар курсии назди ронанда нишаста камарбанди бехатариро набандад, воситаи нақлиётрог ба ҳаракат надарорад. Ин яке аз вазифаҳои асосии ҳар як ронанда, новобаста аз навъи воситаи нақлиёт, ҳисобида мешавад.

Ҳангоми рондани мотосикл ронанда вазифадор аст, ки кулоҳи бехатарӣ (мотошлем)  пӯшад ва мусофиронро низ  бе  кулоҳи бехатарӣ интиқол надиҳад.

Бояд зикр намуд, ки тибқи муқаррароти модди 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, дар сурати истифода накардани тасмаи бехатарӣ қонунгузорӣ таҳримҳои маъмурӣ пешбинӣ мекунад.  Андозаи ҷарима барои набастани тасмаи бехатарӣ аз 1 январи соли 2024 аз ним то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо – аз 36 то 72 сомониро ташкил медищад.

Амалиёти  «Тасмаи бехатарӣ»  дар Тоҷикистон

Истифодаи тасмаи бехатарӣ, пеш аз ҳама, кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст. Мутаассифона, бисёриҳо ҳар рӯз имкони нигоҳ доштани саломатӣ ва зиндагии худро нодида мегиранд.

Тибқи маълумоти РБДА ВКД ҶТ, дар давоми ҳафт моҳи соли 2023 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 713000 ҳолати вайрон кардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст!

 Дар натиҷа шумораи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар меафзояд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 492 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 10 адад зиёд мебошад. Дар натиҷа 193 нафар ҳалок шуданд, ки нисбат ба нимсолаи аввали як соли пеш 13 нафар зиёд аст. Шумораи умумии зарардидагон 514 нафарро ташкил дод, ки ин ҳам нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 5 нафар бештар аст.

 Ин масъала 28 июли соли 2023 дар нишасти матбуотии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ масъалаи мубрам буда, масъулини вазорат мунтазам барои беҳтар намудани шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ бо истифода аз тамоми имкониятҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Зикр карда шуд, ки дар муассисаҳои истифодаи роҳҳои тобеи Вазорат сол аз сол ба барқарорсозӣ ва насби аломатҳои роҳ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар натиҷа, дар соли 2022 дар шафати роҳҳо 2 ҳазору 335 аломат ва дар нимсолаи аввали соли сипаришуда 1800 аломати роҳ насб карда шуд.

Аз ҷониби РБДА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи тадбирҳо таҳия  ва  мавридиамал қарор  дода шуд, ки он, аз ҷумла, тарғиби истифодаи камарбанди бехатарӣ, пахши филмҳо дар шабакаҳои телевизионӣ дар давоми 12 дақиқа дар бораи оқибатҳои вазнини истифода накардани тасмаи бехатарӣ, гузаронидани санҷишҳои муштарак оид ба назорати истифодаи тасмаи бехатарӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Моҳи августи соли 2023 РБДА ВКД ҶТ бори аввал дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиётро бо номи " «Тасмаи бехатарӣ» доир намуд.

 РБДА ВКД ҶТ инчунин Гурӯҳи алоҳидаро барои таъмини назорати доимии истифодаи тасмаи бехатарӣ таъсис додааст.                            

Охирсухан

Хулоса, тасмаи бехатариро на танҳо барои пешгирӣ аз ҷарима, балки пеш аз ҳама барои кам кардани ҷароҳатҳое, ки ҳангоми садама  метавон бардошт, бастан лозим аст. Инро на танҳо ронандагон, балки мусофирони воситаҳои нақлиёт бояд донанд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд.

        Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунед ва ҳаёти худро зери хатар нагузоред!