Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, рейтингҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Бо дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2023-2028, дар пойтахти мамлакат боз як ширкати кироякаш - «Эко таксӣ» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар расми рӯнамоии 400 адад электромобилҳои ширкат 18 июн муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс, Саидзода роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Эко таксӣ» ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ иштирок карданд.
7 июн Раиси шаҳри Душанбе қарорро дар бораи гузариши таксӣ ба мошинҳои барқиро имзо кард ва дастур дод, ки то 1 сентябри соли 2025 барои гузариши пурра ба системаи нақлиёти барқӣ тадбирҳо андешида шаванд. Дар ҳоли ҳозир дар пойтахт аллакай зиёда аз сад нуқтаи барқпуркунии мошинҳо фаъолият мекунанд.
Бояд зикр кард, ки ҳанӯз соли 2022 Дар Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба кодекси андоз қабул гардида, соҳибони мошинҳои барқиро аз пардохти боҷ ҳангоми воридоти онҳо ба ҷумҳурӣ озод мекунанд. Дар робита ба ин, воридоти мошинҳои барқӣ дар соли гузашта 1,5 ҳазорро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 ду баробар бештар аст.
***
Аз 20 июн дар Душанбе таваққуфгоҳҳои автоматикунонидашудаи пулакӣ барои мошинҳо ба кор шурӯъ мекунанд. Мақсади асосӣ ба тартиб даровардани таваққуфгоҳҳо ва кам кардани тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахт гуфта мешавад.
Пас аз омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта, КВД «Smart City» («Шаҳри ҳушманд») - и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифт, ки барои ҳалли ин мушкилот, ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳҳо ва коҳиш додани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар якчанд нуқтаҳои пойтахт таваққуфгоҳҳои автоматикунонидашударо ба кор медарорад.
***
«Бонки исломии рушд лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғунро дастгирӣ мекунад», - изҳор дошт Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер 10 июн пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Мулоқот дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Душанбе баргузор гардид.
«Тоҷикистон Бонки исломии рушдро яке аз шарикони муҳими худ мешуморад ва мо аз ҳамкории судманд бо он изҳори қаноатмандӣ менамоем»,- гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Тазаккур дода шуд, ки маблағгузорӣ дар доираи ин ҳамкорӣ беш аз 900 миллион долларро ташкил дод ва зиёда аз 100 лоиҳаро дар бар гирифт. Дар айни замон, бонк 7 лоиҳаи сармоягузориро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ ба маблағи 237 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад.
Ҷонибҳо дар бораи густариши муносибатҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат ва кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, рушди сайёҳӣ, бонкдорӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва ислоҳот сӯҳбат карданд.
Истифодам «энергияи сабз», рушди «иқтисодиёти сабз», рақамисозӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои «сабз» дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт низ дар рушди муносибатҳо муҳим дониста шуданд.
***
Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд (ХАСР) омода аст ба Тоҷикистон барои лоиҳаҳои энергетика, нақлиёт ва тандурустӣ 500 миллион доллар ҷудо намояд.
Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд ҳоло лоиҳаҳоро ба маблағи беш аз 500 миллион доллари ИМА баррасӣ мекунад ва ният дорад ин маблағҳоро ҷудо кунад, гуфт Директори иҷроияи ХАСР Андрей Широков 10 июн дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд, ки он таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Широков илова кард, ки ин лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва тандурустӣ таҳия ва пешниҳод шудаанд.
Хазинаи Авруосиеии субот ва рушд (ХАСР) механизми молиявии минтақавӣ бо ҳаҷми беш аз 9 миллиард доллари ИМА мебошад, ки соли 2009 аз ҷониби Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Ҳадафи ХАСР мусоидат ба суботи иқтисодӣ ва молиявӣ дар давлатҳои иштирокчии Хазина, инчунин дастгирии рушди устувори онҳо мебошад.
***
18 июни соли 2024 соати 03:00 боришоти шадид сабаби омадани сел дар километри 368-уми роҳи автомобилгарди «Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ» шуд, ки аз қаламрави деҳаи Кеврони ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвози ВМКБ мегузарад.
Дар натиҷа, тӯдаи сангу гил ин қисми роҳи мошингардро баст ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ гардид.
Барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиети ҶТ техникаи махсус ва қувваи корӣ ҷудо гардид. Қисмати номбаршудаи роҳ тоза карда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз нав барқарор карда шуд.
ДАР МИНТАҚА
Дар Узбекистон иҷозат дода мешавад, ки барои мошинҳои барқӣ дар хонаҳо барқ насб карда шавад. Барои сокинони ин кишвар, ки мошинҳои барқӣ доранд, тарифҳои имтиёзноки барқ ҷорӣ карда мешаванд, то онҳо шабона нақлиёти «сабз» - ро дар хона бо барқ пур кунанд. Дар бораи ин навсозӣ Президенти ҶУ Шавкат Мирзиёев 11 июни соли 2024 дар машварат оид ба масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ суханронӣ кард, хабар медиҳад АИ «Фергана».
Гуфта мешавад, ки Ҳукумат баъдтар андозаи тарифҳои имтиёзнокро муқаррар мекунад. Маълум аст, ки ба сокинони ҷумҳурӣ, ки ҳисобкунакҳоро ба пуркунандаи мошинҳои барқӣ насб мекунанд, тахфиф пешниҳод карда мешавад. Нархҳои имтиёзнок танҳо шабона амал мекунанд.
Инчунин зикр карда шуд, ки дар хонаҳои хусусӣ истифодаи таҷҳизоти барқпуркунандаи то ҳафт киловатт иҷозат дода мешавад.
***
Дар вазъияти душвори нақлиёт дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон тағйироти чашмрас интизор меравад.
Тибқи нақша, дар шаҳри дорои бузургтарин дар кишвар трафики автомобилӣ имсол васати роҳҳоро васеъ намуда, ҳамзамон рушди нақлиёти ҷамъиятиро идома медиҳанд, хабар медиҳад «24kz@khabar.kz».
Президенти ҶҚ Токаев ташаббуси беҳтар кардани системаи нақлиётро дастгирӣ кард ва инчунин пешниҳод намуд, ки имкониятҳои зеҳни сунъӣ барои ҳалли мушкилоти соҳаи нақлиёт истифода карда шаванд.
***
13 июн охирин дастаи иборат аз 30 автобус аз Чин берун шуд, хабар медиҳад нашрияи «Женмин жибао».
Тибқи иттилои рӯзнома, автобусҳо қисми бузургтарин фармоиши автобусҳои мусофирбарӣ мебошанд, ки аз Чин ба Қирғизистон содир карда мешаванд.
Автобусҳои нав моделҳои кӯҳнаи нақлиёти ҷамъиятиро, ки бо сӯзишворӣ кор мекунанд, иваз менамоянд. Нақлиёти «сабз» ба беҳтар шудани сифати ҳаво дар Бишкек ва коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ мусоидат мекунад.
ДАР ҶАҲОН
Дар манотиқи гуногуни Чин тадбирҳои навсозии таҷҳизоти нақлиётие, ки ба рушди экологӣ ва камкарбонии соҳа мусоидат мекунанд, идома доранд, хабар медиҳад рӯзномаи «Жэнмин жибао».
Чанде цабл дар музофоти Хубэй нахустин масири намоишии экологии энерогияи ҳидроген ба истифода дода шуд ва ронанда бо номи У яке аз 30 ронандаи аввалини мошинҳои боркаши бо сузишвории ҳидроген коркунанда гардид. Роҳи автомобилгарди баландсуръати Шанхай – Чунтсин, ки тавассути он мошини боркашии водородии ҷаноби У ҳаракат мекунад, масири муҳими логистикӣ мебошад, ки аз ҳудуди музофолти Хубэй мегузарад.
Ба гуфтаи роҳбари ширкати логистикӣ, мошини боркаши бо энергияи водород коркунанда дар ҳар 100 км метавонад партовҳои гази карбонро 100 кг кам кунад, ки ба ин васила ширкат квотаи карбонро ба даст меорад, ки арзиши он ба 20 ҳазор юан баробар аст. Бо қабули васеи мошинҳои боркаши ҳидрогенӣ, арзиши умумии занҷири таъминоти логистикӣ тақрибан 15% коҳиш меебад.
***
Нархи миёнаи бензин дар истгоҳҳои сӯзишворӣ дар Русия аз 4 то 10 июни соли 2024 нисбат ба ҳафтаи гузашта 0,2 фоиз афзуда, сӯзишвории дизелӣ 0,1 фоиз гаронтар шуд, хабар дод Хадамоти федеролии омори давлатӣ (Росстат) 14 июн.
Хадамоти омор ҳисоб кардааст, ки то 10 июни соли 2024 арзиши бензин дар Федератсияи Русия нисбат ба сатҳи охири моҳи декабри соли 2023 ба андозаи 2,1 фоиз боло рафта, нархи миёнаи сӯзишвории дизелӣ 1,1 фоиз афзудааст.
Соли 2023 нархи бензин дар кишвар 7,2% боло рафт, дар ҳоле, ки сатҳи таваррум солона 7,4% -ро ташкил дод. Дар соли 2022 нархи бензин 0,9% боло рафта буд, дар ҳоле ки таваррум 11,9% -ро ташкил дода буд.
***
Агентии «Reuters» 15 июни соли 2024 хабар дод, ки Иттиҳоди Аврупо пас аз ИМА ният дорад, ки боҷҳои воридоти мошинҳои барқиро аз Чин ба таври назаррас афзоиш диҳад.
Мувофиқи маълумоти агентӣ, вобаста аз истеҳсолкунанда афзоиш метавонад аз 17% то зиёда аз 38% бошад. Дар пасманзари маҳдудиятҳои нав аз ҷониби мақомоти Аврупо, ҷомеаи коршиносон ва истеҳсолкунандагон аз вокуниши эҳтимолии Пекин нигаронанд.
***
Ҳафтаи гузашта нархи бензин дар Рига ва Таллин поин ва нархи сӯзишвории дизелӣ дар Вилнюс боло рафт. Дар ин бора маълумоти агентии LETA, ки 15 июни соли 2024 нашр шуд, гувоҳӣ медиҳад.
Аз ин пеш нархи баландтарини бензин дар Таллин, пас аз он дар Рига ва сипас дар Вилнюс ба қайд гирифта шуд. Дизели гаронтарин охири ҳафта дар Рига, сипас дар Таллин ва арзонтарин дар Вилнюс ба мушоҳида расид.
***
1 июни соли 2024 қарори Ҳукумати Федератсияи Русия таҳти №754 дар бораи ҷойгир кардани воситаҳои статсионарии фиксатсия, воситаҳои ҳаракаткунандаи фиксатсия ё воситаҳои мобилии фиксатсия қабул карда шуд. Он аз 1 сентябр як қатор талаботҳоро ба камераҳое, ки дар роҳҳо барои сабти вайронкунии Қоидаҳои ҳаракати роҳ насб карда мешаванд, ҷорӣ мекунад.
Рӯйхати ҷойҳое, ки системаҳои фотовидеофиксатсияро насб кардан мумкин аст, муайян карда шудаанд. Дар байни нуқтаҳо имконияти гузоштани камера дар ҷое мавҷуд аст, ки назорати бехатарии ҳаракат бо қарори ҳукумат амалӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, интизор шудан лозим нест, ки камераҳо танҳо дар чорроҳаҳо ва ҷойҳои консентратсияи садамаҳо гузошта шаванд.