Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

«АГАР ШУМО САРВАТМАНД ШУДАН МЕХОҲЕД, РОҲ СОЗЕД». Донишманд ва дипломати чинӣ дар бораи ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи нақлиёт

Санаи нашр: 14-06-2024 Просмотрено: 2291

Дин Тззянвэй доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муҳаққиқи калони ПажӯҳишгоҳиТАЙХЭ (Taihe Institute, TI), коршинос оид ба Осиёи Марказӣ, Синтзян ва Украина буда, солҳои 2005-2023 ба ҳайси дипломат дар мақоми консул ва мушовири сафоратхонаҳои Чин дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Украина ифои вазифа намудааст.

12 июни соли 2024 дар сомонаи АИ «Авеста» мусоҳибаи ӯ нашр шуд, ки порае аз онро мо дар зер  пешниҳоди хонандагон мегардонем.

САВОЛ: Кишварҳои мо ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки роҳу нақлиёт, васеъ намудани долонҳои транзитӣ,  таҷдиду навсозии роҳи автомобилгарди «Қулма-Каросу», оғози татбиқи марҳилаи дуюми сохтмони роҳи автомобилгарди «Душанбе-Қулма» ва густариши самтҳои алоқаи ҳавоии байнидавлатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Тоҷикистон ба шарофати ин лоиҳаҳо тадриҷан аз бунбасти нақлиётӣ берун меояд, ки ин барои кишвар дурнамои бузурги рушди иқтисодиро  пешбинӣ менамояд. Ба назари Шумо, вазъи Тоҷикистон ва умуман минтақа дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сатҳи  ҷаҳонӣ чӣ гуна тағйир меёбад? Ва Чин аз ин ҳама чӣ нафъ мебинад?

ҶАВОБ: Соли 2017 Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» - ро қабул кард, ки  самтҳои асосии рушди кишварро барои даҳ соли оянда муайян мекунад. Тибқи ин стратегия, Тоҷикистон рушди нақлиётро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки стратегия пеш мебарад, ки ҳадафи он аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтан ва ба вуҷуд овардани шабакаи бисёрсамтаи нақлиётӣ мебошад. Ташаббуси «Камарбанд ва Роҳ» низ ба рушди нақлиёт ҳамчун ҷанбаи муҳими ба даст овардани робитаи байни инфрасохтор афзалият медиҳад.

 Як зарбулмасали чинӣ ҳаст: «Агар шумо сарватманд шудан мехоҳед, аввал роҳ созед». Ин масал дар ҳама кишварҳо хеле машҳур гаштааст, яъне агар мо сарвату боигарӣ мехоҳем, аввал боят роҳҳо созем – ин ҳақиқатест, ки дар зеҳни мардум реша давондааст. Роҳ ба маънии на танҳо роҳи нақлиёт, балки инфрасохтори гуногун, минтақаи иқтисодӣ ва долонҳои иқтисодӣ, ки метавонанд ба рушди иқтисодиёти тамоми минтақа мусоидат кунанд.

 Мушоҳида кардан душвор нест, ки сохтмони инфрасохтор хатти асосӣ дар мавзӯъҳои мухталифи марбут ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» мебошад. Тоҷикистон ба роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, нерӯгоҳҳо, фурудгоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ ниёз дорад. Чин дар татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт дар Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, кӯшиш мекунад, ки дар рушди  долонҳои нақлиётӣ кумак расонад.

  Солҳои охир Чин дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои муштараку барҷаста ва теъдоди зиёди барномаҳои «хурд, вале зебо» - ро амалӣ намуд, ки сатҳи техникиро хеле баланд мебардоранд, иқтидори истеҳсолиро тақвият мебахшанд ва дар маҷмӯъ мӯҷиби боло рафтани дараҷаи некӯаҳволии мардум мегарданд.

  Мо бояд ҳамкориҳои амалиро идома диҳем. Ҳарду ҷониб бо вазифаҳои муҳими рушди иқтисодиёт ва беҳтар кардани некӯаҳволии аҳолӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Чин омода аст, ки ташаббуси «Камарбанд, Роҳ» - ро бо ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон бештар ҳамгиро намуда, дар доираи  муносибатҳоямон муҳокима, бунёд ва мубодила намояд, ҳамкориро дар самти сохтмони инфрасохтор, коммуникатсия, такмил ва навсозии роҳи мошингарди «Кулма-Карасу» пеш барад. Ҳамаи мо медонем, ки анҷоми марҳилаи якуми сохтмони роҳи автомобилгарди миёни Чин ва Тоҷикистон дар беҳдошти алоқаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон нақши мусбат бозид. Чин омода аст, ки   марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Душанбе-Кулма» - ро пеш барад.

                                       МАЪЛУМОТНОМАИ МО

Пажӯҳишгоҳи ТАЙХЭ (Taihe Institute,TI) Маркази таҳлилии иҷтимоӣ мебошад, ки дар Пекин, пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин  соли 2013 таъсис ефтааст, ки рисолати он мусоидат ба рушди осоишта ва омӯзиши мутақобила, ҳамгироии байни тамаддунҳо мебошад.

Марказ дар фаъолияти худ шиори «Ба талаботи замон – аҳамияти аввалиндараҷа» (“On Times We Focus”)-ро ба роҳбарӣ гирифта, дар ҷараёни кор заминаи амиқи илмиию таҳлилӣ  ба вуҷуд меорад, ки он ба рушди Чин мусоидат намуда, барои мубодилаи фарҳангии васеътар ва амиқтар миёни Чин ва  кишварҳои дигар кумаки зеҳнӣ мерасонад.