Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Навиштаи «TIR» дар «фураҳо» чӣ маъно дорад ва чаро мошинҳои боркашро «фура» меноманд

Санаи нашр: 13-06-2024 Просмотрено: 3634

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти № 668, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ташаккули низоми устувори мносиботи ҳуқуқӣ, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шуд.

Бисёр ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ қабул карда шудаанд, ки мо бояд онҳоро донем, зеро ин санадҳо  барои таъмини ҳуқуқи инсон, шароити мусоиди фаъолияти одамон ва фаъолияти мураттаби ин ё он соҳа пешбинӣ шудаанд.

Дар маводҳои бахши нав мо кӯшиш хоҳем кард, ки дониши ҳуқуқии худро баланд бардорем ва муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба ҳамаи кормандони соҳа фаҳмонем.

Агар шумо боре ҳангоми тамбавшавии воситаҳои нақлиёт дар роҳ дар паҳлӯи мошини боркаш истода ё умуман роҳро муоина карда бошед, шояд дар баъзе «фураҳо» навиштаи «TIR» ба чашматон хӯрда бошад. Ин ибораи мухаффаф (ихтисоршуда) танҳо барои «зебаш» набуда, дар логистикаи байналмилалии нақлиёт чизи муҳим аст.   

Биёед бубинем, ки дар паси ин се ҳарф чӣ ниҳон аст, ба чӣ хотир онҳо муҳиманд ва инчунин чаро мошинҳои боркашро «фура» меноманд?

                 Усули кор ва афзалиятҳо

«TIR»  шакли ихтисоршудаи (аббревиатура) ибораи «Transports Internationaux Routiers», яъне «Ҳамлу нақли байналмилалии роҳ» мебошад. Ин системаи байналмилалиест, ки соли 1975 дар Женева бо мақсади осон кардани интиқоли бор байни кишварҳои гуногун таъсис ёфтааст. Дар  ниҳоди ин система идеяи транзити гумрукӣ ҷойгир буда, усули кор хеле оддӣ аст: бор дар оғози хатсайр мӯҳр зада ва танҳо пас аз расидан ба ҷои таъинот санҷида мешавад. Ин вақти интиқолро кам мекунад ва хатарҳои эҳтимолии марбут ба расмиёти маъмурии назорати гумрукӣ ва вайроншавии борро низ коҳиш медиҳад.

Барои интиқолдиҳандагон ин маънои кам кардани вақти таваққуф дар сарҳад ва кам кардани хароҷоти интиқолро дорад.  Ба ҷуз ин системаи мазбур бехатарии борҳоро аз сабаби кам шудани шумораи санҷишҳо тақвият бахшида, фиребу худъаро аз байн мебарад, хатари зарар ва дуздиро коҳиш медиҳад. Дар асл, барои хадамоти гумрук низ системаи «TIR» муфид аст. Он тартибро стандартӣ ва содда мекунад, сарбории корро коҳиш медиҳад ва самаранокиро боло мебарад. Дар маҷмӯъ, ҳамкории байни кишварҳо дар доираи системаи «TIR» ба рушди тиҷорати байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ мусоидат  менамояд.

Аммо, барои иштирок дар ин система мошинҳои боркаш бояд ҳуҷҷатҳои махсус дошта бошанд, ба монанди «CARNET TIR» ё дафтарчаи МДП. Ин ба ронандагон имкон медиҳад, ки назорати гумрукиро байни кишварҳо бо тарзи содда гузаранд.  Бояд донист, ки    ин маънои пурра аз санҷиш озод шуданро надорад. Агар шубҳа ё зарурат ба миён ояд, мошинҳои боркаши дар системаи «TIR» иштироккунанда низ метавонанд дар гумрук аз санҷиши иловагӣ гузаранд. Ин кафолат медиҳад, ки ҳамаи қоидаҳо ва стандартҳои зарурии бехатарӣ ҳангоми интиқоли борҳо аз марзҳо риоя карда шаванд.

 Тибқи маълумоти Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (IRU), ки кафолати фаъолияти системаи «TIR» мебошад, зиёда аз 70 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ин система мебошанд. Ҳар сол миллионҳо мошинҳои боркаш бо истифода аз афзалиятҳои «TIR» аз марзҳо мегузаранд, ки ин гувоҳи равшани самаранокӣ ва зарурати он аст.

                TIR-EPD дар Тоҷикистон

Се сол пеш, зимистони соли 2021 ду мошини боркаши пур аз пахта сарҳади Тоҷикистону Узбекистонро ба самти Туркия убур карданд. Дар доираи ин интиқол дар Тоҷикистон бори аввал системаи пешниҳоди қаблии иттилооти электронӣ ба мақомоти гумрукӣ TIR-EPD истифода шуд. Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (IRU) он замон дар сомонаи худ ин иқдоми муҳимро дар самти рақамисозии нақлиёт дар Тоҷикистон гарм истиқбол намуда, чунин зикр кард: «Рақамисозӣ бо мақсади содда кардани нақлиёти автомобилӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, махсусан муҳим аст, зеро он ба рушди хатсайрҳои заминӣ ҷиҳати беҳтар кардани дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ ва бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад».

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ба қатори Қазоқистон ва Узбекистон, ки дар онҳо системаи рақамии МДП каме пештар - моҳи ноябри соли 2020 ҷорӣ шуда буд, ҳамроҳ гардид.

         Татбиқи ин лоиҳа ҳамчун марҳилаи муҳим дар амалишавии лоиҳаи минтақавӣ оид ба содда кардани расмиёти савдо, ки аз ҷониби IRU бо дастгирии Агентии ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) ва Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратии ИМА (CLDP) дар ҳамкории зич бо ҳукуматҳои миллӣ ва аъзои IRU дар минтақа  роҳандозӣ  гардидааст, ном бурда шуд.  

 IRU дар роҳи дастгирии рақамисозии минбаъдаи системаи МДП барои омода кардани бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ба қадами оянда – татбиқи пурраи eTIR тибқи замимаи нави 11 ба Конвенсияи МДП, ки 25 майи соли 2021 эътибор пайдо намуд, фаъолият мекунад.

 Дозвол (рухсатнома) аз «CARNET TIR»  ё дафтарчаи  МДП  чӣ тафовут дорад?

Дозвол (аз калимаи лаҳистонии “Zezwolenie”) ва ё «Рухсатнома барои гузаштани автомобили боркаш» – ин ҳуҷҷатест барои интиқолдиҳандагон ҷиҳати бурдан мол ба кишвари  дигар. Онро вазорати нақлиёти кишваре медиҳад, ки мошин ба он ҷо меравад. Масалан, иҷозатномаи Литваро Вазорати нақлиёти Литва, иҷозатномаи Фаронсаро Вазорати нақлиёти Фаронса медиҳад.

 Дар Русия комиссияи махсуси Вазорати нақлиёт иҷозатномаҳоро дастрас ва тақсими онҳоро назорат мекунад ва  рухсатномаҳоро барои дастрас намудан ба ширкатҳои интиқолдиҳанда ба Ассотсиатсияи интиқолдиҳандагони байналмилалии автомобилии ин кишвар месупорад.

Дар Тоҷикистон ин тартиб чунин аст: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиети ҶТ ин ҳуҷҷатҳоро ба ширкатҳои боркашонӣ (ҷамъиятҳо) медиҳад ва онҳо дар навбати худ онҳоро ба ронандагон тақсим мекунанд.

Ҳар як ҳуҷҷат рақами беназири худро дорад ва ҳангоми гузаштан аз сарҳад дар гумрук баста мешавад, онро дубора истифода бурдан ғайриимкон аст. Гузаштан аз назорати гумрук бе бастани ҳуҷҷат метавонад бо ҷарима ба маблағи якчанд ҳазор евро анҷом ёбад.

Барои мақсадҳои гуногун рухсатномаҳо мавҷуданд:

иҷозат барои борфарорӣ, боркунӣ ва транзит дар ҳарду самт дар кишваре, ки чунин иҷозат додааст;

          иҷозат танҳо барои транзит ё танҳо боркунӣ ва борфарорӣ.

         Дар баъзе кишварҳо барои ҳар як амал иҷозати алоҳида лозим аст.

Барои чӣ мошинҳои боркашро «фура» меноманд?

Имрӯзҳо боркашонӣ дар ҳаёти одамон ҷойгоҳи махсус дорад, он на танҳо заминӣ, балки инчунин ҳавоӣ ва ҳам баҳрӣ метавонад бошад. Аммо феълан аз ҷиҳати талабот  маъмултарин навъи ҳамлу нақл роҳи  заминӣ,  аниқтараш, ҳамлу нақли автомобилӣ боқӣ мемонад.

Барои интиқоли борҳои калон ва калонҳаҷм ҳоло тракторҳо (тягачҳо) бо нимапритсепҳо истифода бурда мешаванд. Вобаста ба он, ки чӣ бояд интиқол дода шавад, ин тракторҳо метавонанд худпарто, бортӣ ё систернаҳо бошанд. Аммо, ҳамаи ин нақлиёти заминӣ, новобаста аз шакл, баробар  «фура» номида мешаванд.

 Инак, агар мо ба таърих назар андозем, мебинем, ки калимаи «фура» дар дигар забонҳо аз забони олмонӣ дар нимаи дуюми асри XX гирифта шудааст. Дар забони олмонӣ калимаи "Fuhre" қаблан ба аробаи боркаш, ки одатан бо аспҳо ё говҳо баста мешуданд, нисбат дода мешуд. Ин аробаҳо ҳам барои артиш ва ҳам барои тиҷорат муҳим буданд, зеро онҳо маҳсулот, лавозимоти ҷангӣ ва дигар молҳоро интиқол медоданд.

 Пас аз пайдоиши аввалин мошинҳои боркаш, бисёр калимаҳое, ки барои ишора ба интиқоли аспҳо истифода мешуданд, ба намудҳои нави нақлиёт гузаштанд. Оҳиста-оҳиста истилоҳи «фура» нисбат ба мошинҳои боркаши калон, ки аробаҳои кӯҳнаро иваз мекарданд, истифода мешуд. Калимаи «фура» махсусан дар кишварҳои ИДМ маъмул гардид ва зуд паҳн шуд.

                              Хулоса

Навиштаи «TIR» дар мошинҳои боркаш на танҳо ихтисорот, балки рамзи ҳамкории байналмилалӣ ва логистикаи муассир аст. Ин система раванди ҳамлу нақли байналмилалиро хеле осон ммекунад ва суръат мебахшад, ҳам барои интиқолдиҳандагон ва ҳам хадамоти гумрук амният ва сарфакориро таъмин мекунад. Дафъаи дигар, агар шумо ин навиштаҷотро бинед, хоҳед донист, ки дар паси он як системаи мукаммал мавҷуд аст, ки кору рӯзгори ронандагонро осон ва ба тиҷорати байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Дар мавриди номи «фура» бошад, дар асл ҳама чиз оддӣ аст. Ин калима аз олмониҳо гирифта шудааст, ки маънои аробаи калон ё аробаи боркашониро дошт. Он ба мардуми дигар кишварҳо писанд омад ва ба номи мошинҳои боркаши муосир  бадал шуд.  

            (Дар ин мавод маълумотҳои Вазорати нақлиёти ҶТ, Иттиҳоди  

          байналмилалии нақлиёти автомобилӣ ва сомонаи iXBT.com  

             истифода шудаанд)