Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо муовини Котиби иҷроияи КИА СММ мулоқот кард

Санаи нашр: 12-06-2024 Просмотрено: 1534

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи душанбе, 10 июн бо муовини Котиби иҷроияи Кумиссиони иқтисодии Аврупои СММ (КИА СММ) Дмитрий Марясин мулоқот кард.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумиссиони иқтисодии СММ-ро оид ба беҳтар намудани алоқаи нақлиётӣ ва баланд бардоштани самаранокии он баррасӣ намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки Кумиссиони иқтисодии Аврупои СММ (КИА СММ) соли 1947 бо мақсади рушди фаъолияти иқтисодӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ байни ин минтақа ва сойири ҷаҳон таъсис дода шудааст. Кумиссиони иқтисодии Аврупои СММ яке аз панҷ кумиссиони иқтисодии минтақавии Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб меёбад.