Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 10-06-2024 Просмотрено: 2512

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо,  радабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

                                ДАР ТОҶИКИСТОН

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ходимони илму маориф, ки 30 майи соли 2024 баргузор гардид, номгӯи барҷастаи  пешрафту дастовардҳои 33 соли соҳибихтиёриро эълон карданд.

Ба гуфтаи Сарвари давдлат, даҳ соли аввали истиқлолият дар шароити муқовимати дохилӣ ва низоъҳо гузашт. Дар ин давра Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои низомӣ, яъне Қувваҳои мусаллаҳи мо  аслан дар ҷои холӣ таъсис дода шуданд.

 «Танҳо аз соли 2000 мо имконият пайдо кардем, ки таназзули иқтисоди миллиро боздорем ва ба оғози марҳилаи рушд ворид шавем, - иброз доштанд Пешвои миллат.-Дар солҳои минбаъда мо ба сохтмону таҷдиди роҳҳои кишвар шурӯъ карда, беш аз 2000 километр роҳҳои муосир, зиёда аз 30 километр нақбҳои автомобилӣ ва садҳо пули нав бунёд намуда, Тоҷикистонро, ки қаблан ба се қисм тақсим шуда буд, ба як қаламрави воҳид табдил додем».

 Ба гуфтаи Пешвои миллат, соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Дар тӯли солҳои истиқлолият ба кишвар зиёда аз 1 миллион мошинҳои сабукрав ворид карда шуданд.                                                            

                                        ***

Ширкатҳое, ки дар Душанбе мусофиркашонӣ (таксӣ) мекунанд, бояд то 1 сентябри соли 2025 пурра ба нақлиёти барқӣ гузаранд. Қарори дахлдорро дар ин бора Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имзо кардааст, иттилоъ дод хадамоти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт.

 Қарор дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии пойтахт барои солҳои 2023-2026 қабул шудааст.

                                       ***

 Дар Душанбе камераҳои автоматӣ ва радарҳои дар роҳ насбшуда ба кор медароянд, онҳо аз 20 июни соли 2024 фаъол карда мешаванд. Таҷҳизоти номбурда панҷ намуди вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд кардани суръати ҳаракат, набастани камарбанди бехатарӣ, таваққуф дар хатҳои дуюм ва сеюм, баромадан ба хатти муқобили ҳаракат, монеа эҷод кардан ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиётро сабт мекунанд.

Дар маҷмӯъ, дар шаҳр ва атрофи он, дар чорроҳаҳо, терминалҳои мусофирбарӣ, истгоҳҳо, даромадгоҳҳо ба шаҳр ва дар ҷойҳое, ки ҳаракати нақлиёт зиёд аст, зиёда аз 6 ҳазор адад чунин техника насб карда мешавад.

                                        ***

Дар роҳи мошингарди «Душанбе-Чанок» аз 1 июн то 31 августи соли 2024 маҳдудияти ҳаракати мошинҳои боркаш аз соати 10 то 19 ҷорӣ карда шуд, хабар медиҳад филиали ширкати IRS.

Маҳдудиятҳо танҳо ба мошинҳои калонҳаҷм ва боркаш бо бори иҷозатдодашудаи меҳварии на бештар аз 6 тонна дахл доранд.

 Зикр карда мешавад, ки ин тадбир аз сабаби риоя накардани баъзе ронандагон ба талаботи мавҷуда  андешида мешавад, ки ба зарурати таъмири асосӣ дар қисматҳои алоҳидаи роҳ боис гардид.

«Маҳдудияти вақт барои нигоҳ доштани ҳолати роҳ ва бехатарии ҳаракат ҷорӣ карда шуд», хулоса мекунад IRS.

Тибқи маълумоти манбаъ, соли ҷорӣ барои таъмири ин роҳ зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт истифода карда мешавад.

                                           ***

Аз 5 июн ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» теъдоди парвозҳоро дар самти «Душанбе-Мюнхен-Душанбе» зиёд кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти ширкат хабар медиҳад.

 Ҳоло парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба - рӯзи чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.

«Парвоз аз Душанбе соати 00:10 ва аз Мюнхен соати 17: 00 ба вақти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои моделҳои Боинг 737-800 ва 737-900 анҷом дода мешаванд», - хабар медиҳад хадамоти матбуот.

 Гуфта мешавад, ки афзоиши басомади парвозҳо байни Душанбе ва Мюнхен барои мусофироне, ки метавонанд сафари худро бо назардошти навовариҳо дар ҷадвали парвозҳо дар ин самт ба нақша гиранд, имконият ва шароити мусоид фароҳам меорад.

                                             ***

Дар Душанбе, дар кӯчаи Ҷаббор Расулов, боз як нуқтаи зарядпуркунии мошинҳои барқӣ ба истифода дода шуд, хабар медиҳад шӯъбаи иттилоотии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Ин нуқтаи пуркунии барқ тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои гузариш ба иқтисоди «сабз» ва Консепсияи гузариш ба нақлиёти барқӣ то соли 2026 таъсис дода шудааст.

Дар нуқтаи хизматрасонӣ 6 адад таҷҳизоти барқӣ бо иқтидори 120 киловатт насб карда шудааст. Ҳар як таҷҳизоти дорои ду хати барқ метавонад дар як вақт ба ду мошини барқӣ заряд пур кунад.

                                             ***

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шамсӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бо сабаби таъмир муваққатан баста шудааст. Дар ин бора МИҲД шаҳри Душанбе хабар дода, қарори дахлдори Раиси пойтахт Рустами Эмомалиро дар ин ин робита нашр кард.

 Маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ аз 29 май то 20 августи соли ҷорӣ амал мекунад ва ба қитъаи аз хиёбони Бобоҷон Ғафуров то хиёбони Абӯалӣ Ибни Сино (нуқтаи атф: аз Нозироти андози ноҳияи Сино, тавассути Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ то баромадан ба пули гардиш ба самти “Автовокзал”) дахл дорад.

 Ба Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Идораи назорати давлатӣ ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки ҳаракати нақлиёти автомобилӣ тавассути кӯчаҳои ҳамшафат ташкил карда шавад.

«Дар ҳамин ҳол, Маркази татбиқи лоиҳаҳо оид ба таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки барои танзими  ҳаракати  нақлиёт дар ин қитъаи роҳ тадбирҳо андешад ва инчунин дастрасии бемамониати мошинҳои ёрии таъҷилӣ, милитсия ва хадамоти оташнишониро ба минтақаҳои назди иншооти сохташаванда таъмин намояд», - омадааст дар хабар.

                                    ДАР МИНТАҚА

Дар Пекин 6 июн маросими расмии имзои созишномаи ҳамкорӣ оид ба пешбурди якҷояи лоиҳаи роҳи оҳани «Чин - Қирғизистон – Узбекистон» байни ҳукуматҳои се кишвар баргузор шуд.

Мувофиқи созишнома роҳи оҳан аз тариқи  масири «Қошғар  –Торугарт Макмал –Ҷалолобод  – Андиҷон» мегузарад.

Имзои  санад принсипҳо ва механизмҳои асосии ҳамкории се кишвар, аз ҷумла маблағгузорӣ, сохтмон, истифода ва нигоҳдории роҳи оҳанро муқаррар мекунад.

                                    ДАР ҶАҲОН

Ширкати таҳлилии Transport Intelligence дар бораи даромади бист ширкати бузурги нақлиётӣ, ки бо нақлиёти автомобилӣ сарукор доранд, ҳисобот пешниҳод кард.

 Пешоҳанги возеҳи бозор ширкати олмонии DB Schenker, як бахши логистикии роҳи оҳани давлатии Deutsche Bahn мебошад. Даромади ин ширкати логистикӣ 7,8 миллиард евроро ташкил дод, ки 1,7 фоизи ҳиссаи бозорро ташкил медиҳад.

«Бозингар»-и дигар дар бозори аврупоии боркашонӣ ширкати  давлатии олмонии DHL Freight (мутааллиқ ба Deutsche Post) мебошад. Ҳиссаи он дар бозор 1,2 фоизро ташкил медиҳад.

 Инчунин зикр кардан ҷолиб аст, ки воҳидҳои нақлиётии ширкатҳои бузурги логистикӣ, ба монанди DSV (ҷойи сеюм дар раддабандӣ) ва Kuehne + Nagel (панҷум) низ дар мавқеҳои аввал қарор гирифтаанд.

Дар радабандӣ (рейтинг) ширкатҳои Аврупои Ғарбӣ бартарӣ доранд. Дар бистгонаи аввал ягона намояндаи Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ширкати Girteka (Литва) маҳсуб меёбад, ки мақоми 13-умро ишғол кардааст.

Дар бистгонаи аввал ҳафт интиқолдиҳандаи олмонӣ, ду ширкатӣ аз Франсия, Белгия, Дания ва ду филиали аврупоии корпорасияҳои амрикоӣ (Fedex ва XPO) дохил шудаанд. Швейтсария, Нидерландия, Австрия ва Италия як намояндагӣ доранд.

                                          ***

Ширкати машваратии (консалтингии) Brand Finance рӯйхати ҷадиди ширкатҳои гаронбаҳои логистикии ҷаҳонро нашр кард. Пешгоми ягона ширкати амрикоии UPS мебошад, ки арзиши бренди он 35,4 миллиард долларро ташкил медиҳад. FedEx ва интиқолдиҳандаи ҷопонӣ JR мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карданд.

Тибқи иттилои ширкат, UPS сарфи назар аз 8 дарсад коҳиш ёфтани арзиши бренд (дар як сол то 35,4 миллиард доллар) дар ҷои аввал аст.

 Бренди амрикоии FedEx дар мақоми дуюм қарор дорад, афзоиши он 11 фоиз – то 28,9 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бренди ҷопонии JR дар ҷои сеюм қарор дорад, ки тавонистааст арзиши худро 12 фоиз зиёд карда, ба 13,8 миллиард доллар расонад.

                                                  ***

Ширкати эстонии Elmo Rent технологияеро ихтироъ кардааст, ки имкон медиҳад шумо мошинро дар кӯча дар ҷои колратон нишаста идора кунед.

Ширкати эстонии Elmo ширкати иҷораи мошинҳои барқӣ мебошад. Бисёре аз ронандагон аллакай пай бурданд, ки мошинҳои ширкат дар роҳҳои ин кишвар бе ронанда ҳаракат мекунанд. Дар ин мошинҳо ронанда воқеан ҳузур дорад, аммо ӯ дар утоқи бароҳати офис — ҷои кориаш нишастааст.

 Албатта, ин идеяи нав нест, зеро стартапи олмонии Fernride низ ба шумо имкон медиҳад, ки мошинҳои нимавтономӣ ва боркашро аз масофа идора кунед. Гузашта аз ин, қарори ширкати олмонӣ имкон медиҳад, ки ҳатто 25 мошин дар як вақт идора карда шавад. Аммо технологияи эстонҳо дар сатҳи баландтар ҷорӣ карда шудааст.

                                                          ***

Ба наздикӣ дар кӯчаи Тсанзяни ноҳияи Юйхан шаҳри Ханҷоу /вилояти Чжэтзяни Чин/ нозири роботӣ пайдо шуд, хабар медиҳад рӯзномаи «Жэнмин жибао».

Дар робот зеҳни сунъӣ, маълумоти васеъ ва дигар технологияҳо насб шудаанд, ки ба туфайли онҳо нозири аз ҷониби ширкати маҳаллӣ таҳияшуда метавонад мустақилона масири худро ба нақша гирад ва навбатдорӣ кунад. Вай инчунин овозҳоро мешиносад ва ба вазъият бо истифода аз экрани сенсорӣ «баҳо медиҳад». Ин   ба сари вақт ошкор кардани вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ  мусоидат мекунад. Робот вайронкуниҳоро, ба монанди таваққуфгоҳи нодуруст ё қуттиҳои пур аз партовҳо, сабт мекунад.