31 май туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз сару либос, ҷиҳози мактабӣ ва маводи ғизоӣ ба 190 нафар тарбиягирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор тақдим гардид.
Туҳфаҳоро аз номи Сарвари давлат муовини Раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии ТоҷикистонХайринисо Юсуфӣ ва Директори Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Қурбонзода супориданд.
Омузгорону тартиятгирандагон ва волидайни онҳо барои ғамхорию дастгирии ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ намуда, иброз доштапнд, ки имрӯз ҷиҳати таълиму тарбияи кудакону наврасон шароити мусоид фарҳам буда, биноҳои маъмурию таълимӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон таъмиру навсозӣ карда шудааст. Аз ҷорниби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиса саривақт бо маводи ғизоӣ, сару либос ва лавозимоти зарурии таълим таъмин карда мешавад.
Мактаб- интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино муддати 60 сол боз фаъолият дорад. Ин муассисаи таълимӣ ҳамасола даҳҳо нафар бачагони нуқсони биноидоштаро номаи камол медиҳад ва онҳо шоҳроҳи зиндагии худро бо фурӯғи дониши андӯхта равшан менамоянд.
Дар муассиса хонандагон аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон таҳсил менамоянд, дониш, ҳунар ва забон, аз ҷумла забоҳои гуногунп хориҷӣ меомӯзанд, ба варзиш машғул мешаванд. Барои сайқал додани маҳорати онҳо 54 нафар омӯзгорони собиқадору варзида софдилона меҳнат мекунанд.