КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» (ПЛИН) дар озмуни интихоби ширкати машваратӣ оид ба корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, марҳилаи 1 (қитъаи Гулистон-Фархор)» миёни 20 ширкати хориҷӣ ғолиб омад. Вобаста ба ин байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ПЛИН шартнома ба имзо расид.
Хотиррасон мешавем, ки лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, марҳилаи 1 (қитъаи Гулистон-Фархор)» яке аз лоиҳаҳои муҳими соҳа ба шумор рафта, ҷиҳати маблағгузории таҷдиди қитъаи роҳи «Гулистон-Фархор» (29,6 км) 9-13 январи соли 2023 ҳайати Бонки Исломии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд. Ҳайати мазкур бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати нақлиёт ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо гузаронид ва дар натиҷа Протоколи амалишавии лоиҳаи мазкур ба имзо расид.
Ҷиҳати интихоби ширкати машваратӣ оид ба назорати корҳои сохтмонӣ 4 марти соли 2024 ҷаласаи Комиссия оид ба қабули пешниҳодҳои молиявии ширкатҳои машваратие, ки холи минималии тахассусии техникиро (75 хол) ба даст овардаанд, доир гардид. Дар озмун 20 ширкати зерин иштирок намуданд:
19 марти соли 2024 Комиссия ҳисоботи арзёбии ҷамъбастии техникӣ ва молиявиро баррасӣ ва тасдиқ намуд.
3 апрели соли 2024 созмони маблағгузор низ ҳисоботи зикршударо маъқул донист ва, дар натиҷа, КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ғолиби озмуни байналмилалӣ дониста шуд!
31 майи соли 2024 байни Вазорати нақлиёт ва ғолиби озмун шартнома оид ба назорати корҳои сохтмонӣ ба маблағи 2,075 млн. доллари ИМА ба имзо расид. Зери санади мазкур Вахзири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ва Директори КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» Валиҷон Махсум имзо гузоштанд.