Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёт бо Гуруҳи Маъмурияти Бонки ҷаҳонӣ мулоқот кард

Санаи нашр: 03-06-2024 Просмотрено: 1278

27 майи соли равон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Гуруҳи Миссияи (маъмурияти) Бонки ҷаҳонӣ мулоқот кард, ки дар он ҷузъиёти татбиқи лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки аз 27 май то 14 июни соли 2024 Миссияи (маъмурияти) Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади шиносоӣ бо рафти татбиқи Марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» бо Гуруҳи татбиқи лоиҳаи Вазорати нақлиёти кишвар якчанд мулоқот  доир мекунад.

Дар мулоқоти нахустин, ки 27 майи соли равон бо иштироки Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид, ҳайати бонуфузи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ зери роҳбарии Абдул Ҳамид Халилӣ -  мутахассис оид ба нақлиёт ва дар ҳайати Судешна Митра – мутахассис оид ба бехатарии нақлиёт дар роҳ,  Раҳимдҷон Асангазиев – сармутахассис оид ба масоили амалиётӣ, Маманбек Реймов – мутахассис оид ба масоил ва сиёсати тадбирҳои ҳифзи иҷтимоӣ, роҳбарият ва кормандони Гуруҳи татбиқи лоиҳаи Вазорати нақлиёти ҶТ  ширкат намуданд.

 Сараввал Азим Иброҳим аз ҳамкориҳои Бонки ҷаҳонӣ бо кишварамон, бахусус, дар соҳаи роҳу нақлиёт ёдовар шуда, изҳори итминон намуд, ки ба  туфайли дастгирии доимӣ ва фаъоли Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон лоиҳаи «БРАМОМ-4» бо сифати баланд ва дар вақти муайянгардида татбиқ  мегардад.

Айни замон, ҳамаи тадбирҳои ба нақша гирифташуда дар доираи ҷузъиёти  1 лоиҳаи «БРАМОМ-4»  дар 4 иншооти вилояти Суғд ва дар 2 қитъаи сохтмонии ВМКБ дар марҳилаи фаъоли амалишавӣ қарор доранд. Тибқи барномаи Миссияи БҶ сафарҳои саҳроӣ ба ин минтақаҳо пешбинӣ шудаанд, ки дар ҷараёни онҳо меҳмонон метавонанд бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои таҷдидшаванда шинос шаванд.

Вазири нақлиёти ҶТ зимни вохӯрӣ инчунин дар бораи татбиқи ҷузъиёти 2-и лоиҳа – «Баланд бардоштани бехатарии дороиҳои роҳ ва бехатарии ҳаракат дар  роҳ» - сухан гуфта, изҳор намуд, ки кор дар ин самт ба таври назаррас пеш  меравад. Аввали моҳи апрел дар доираи лоиҳа бо ширкати консалтингии бритониёии EASST Expertise LTD  оид ба  хизматрасониҳои машваратӣ  ҷиҳати дастгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (РБДА)-и ВКД ҶТ дар баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ қарордод ба имзо расид.

  Айни замон раванди интихоби мушовир барои таҳияи ҳуҷҷати муҳими давлатӣ – Стратегияи миллии баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

 Фаъолияти лоиҳа дар самти  таъсиси Обсерваторияи бехатарии ҳаракат дар роҳ низ бомуваффақият пеш меравад.  Феълан бо дастгирии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи супориши техникӣ барои интихоби мушовири байналмилалӣ таҳия шудааст.

Тибқи татбиқи ҷузъиёти 2 лоиҳаи «БРАМОМ-4» таҳияи низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) дар Тоҷикистонро низ  дарбар мегирад ва    татбиқи он талошҳои муштараки донорҳоро талаб мекунад.

Гуфта шуд, ки дар доираи лоиҳа таъсиси махзани рақамикунонидашудаи  НИДР барои бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва таҳлили маълумот оид ба роҳҳои автомобилгарди кишвар ба пешрафти фаъолияти Вазорати нақлиёти ҶТ дар ин самт мусоидат хоҳад кард. Феълан ширкати баналмилалии Corporate Solutions мушаххасот ва ҳуҷҷатҳои тендериро барои таҳияи НИДР омода кардааст.

Дар навбати худ Абдул Ҳамид Халилӣ ба роҳбарияти вазорат барои ҳамкориҳои судманд арзи сипос намуда, зарурияти татбиқи лоиҳаҳои ба нақлиёт ва роҳҳои кишвар вобастабуда ва  омодагии Гуруҳи Бонки ҷаҳониро  ҷиҳати густариши ҳамкории минбаъда дар ин самт махсус  зикр намуд.