Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 31 май бо намояндаи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО ООН, анг. UN Economic and Social Commission for Asia and the Pacific, ESCAP, UN) Фёдор Кормилитсин, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тян-Шон» ба Тоҷикистон омада буд, мулоқот доир доир намуд.
Фёдор Кормилитсин аз даъваташ ба Конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тян-Шон» изҳори сипос намуда, ба ташкилу баргузории он аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон баҳои баланд дод ва зикр намуд, ки дар чунин сатҳи баланд гирд овардани роҳбарону мутахассисони соҳаи роҳу нақлиёт ва баррасии масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳо хеле муфид аст.
Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим бапрои ширкат дар конфронс ба намояндаи ЭСКАТО арзи сипос кард, аз ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфуз изҳори қаноатмандӣ намуд ва омодагии вазоратро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо баён дошт.
Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба татбиқи Созишнома «Дар бораи таҳкими равобити байниҳамдигарии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Макрказӣ» -ро, ки дар 14 сентябри соли 2023 дар Душанбе, дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ имзо шуд, мавриди баррасӣ қарор доданд.