Бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи нақлиёти автомбилӣ рўзи 24 – июл дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи тантанавӣ доир гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони соҳаи нақлиёт ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ иштирок доштанд.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода табрикоти вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳимро ба саҳми ҳозирин расонд, ки дар он кулли кормандони соҳаро бо иди касбиашон, ки ҳамасола рўзи 25 – июл таҷлил мегардад, шодбош гуфта, оид ба нақши соҳа дар пешрафти иқтисодиёти кишвар, дастовардҳои дар замони Истиқлол ба дастовардаи нақлиётчиён ва ба талаботи замон ҷавобгў гардондани соҳа маълумот додааст.
Сипас, бо фармони вазири нақлиёт як қатор кормандони фаъоли соҳа барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа ва фаъолияти пурсамарашон бо нишони сарисинагии «Нақлиётчии фахрӣ» ва Ифтихорнома қадр гардиданд.
Дар фарҷом кормандон ва фаъолони соҳа ба сухан баромада, барои қадрдонӣ ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт изҳори сипос намуданд. Нуринисо Бобоева – раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони нақлиёту хоҷагии роҳ низ нақлиётчиёнро бо иди касбиашон табрик гуфта, барои фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо танманно дошт.