Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи логистика ба мувофиқа расиданд

Санаи нашр: 01-06-2024 Просмотрено: 1053

29 май дар Душанбе байни Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасниҳои логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва «Маркази байналмилалии логистикии Ҷинлидаи шаҳри Қошғар»- и Ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.     

       Зери санад Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмиддин Саломзода ва Директори генералии «Маркази байналмилалии логистикии Ҷинлидаи шаҳри Қошғар»- и НМ Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Янг Сиҷианг имзол гузоштанд.

       Тибқи Ёддошти тафоҳум:

       - Тарафҳо  ҳамкориро дар соҳаи нақлиёту логистика ва рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва контейнерӣ   густариш медиҳанд;

       - Маркази байналмилалии логистикии шаҳри Қошғар ҷиҳати дастгирии ширкатҳои боркашонии Тоҷикистон вобаста ба таъмини ройгони таваққуфгоҳҳо ва будубоши ронандагони тоҷик ба таври имтиёзнок мусоидат намуда, ҳангоми ба амал омадани мушкилот ба ронандагони тоҷик (фиреб хӯрдан аз ҷониби ширкатҳои боргуселкунанда, ширкатҳои миёнарав, ба охир рвасидани муҳлати раводид, ғалат ва бо хатоҳои техникӣ ба расмият даровардани бор, бемор шудани ронанда) ва ғайра кумакҳои аввалиндараҷаи ройгон, аз ҷумла ёрии ҳуқуқӣ мерасонад. Марказ инчунин ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои интиқоли бор, пешниҳоди хизматрасониҳо ба ронандагони тоҷик, аз ҷумла таъмини хизматрасониҳои боркунию борфарорӣ, таъмин кардани воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон бо бор дар шаҳри Қошғар ба таври имтиёзнок мусоидат менамояд;

        - Тарафҳо бо мақсади баланд бардоштани  маҳорат ва дониши кормандон  ба иштироки мутахассисони якдигар дар семинару таҷрибаомӯзиҳо ва дигар маъракаҳо  мусоидат менамоянд;

        - Тарафҳо ҳамкориро оид ба рушди истифодабарии технологияҳои рақамӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва соддагардонии раванди интиқоли бор ба роҳ мемонанд.

Ёдовар мешавем, ки «Маркази байналмилалии логистикии Ҷинлида» дар шаҳри Қошгар, начандон дур аз марз бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ҷойгир аст ва аз ин рӯ, пеш аз ҳама, ба ҳамлу нақли бор дар ин самт хизмат мерасонад ва ба рушди тиҷорати осиёӣ мусоидат мекунад.

 Марказ аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (IRU) аккредитатсия шудааст.

Инчунин  мавриди зикр аст, ки Қошғар, ки онро «дарвозаи тиҷоратӣ» дар Ғарби Чин меноманд, маркази асосии логистикӣ барои борҳое мебошад, ки байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳо интиқол дода мешаванд.