Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

РОҲҲО ВА ПУЛҲО БАРҚАРОР МЕШАВАНД. Бар асари боронҳои пай дар пайи имсола ба иншооти роҳу нақлиёт осеби ҷиддӣ расид

Санаи нашр: 31-05-2024 Просмотрено: 1389

Имсол боришоти пай дар пайи борон, омадани сел ва фаромадани ярч ба соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон хисороти зиёд ворид кард. Бар асари офатҳои табиӣ, мувофиқи маълумоти пешакии мутахассисон, дар маҷмуъ ба 133 километр роҳҳои автомобилгард ба маблағи 19 407,3 ҳазор сомонӣ, 15 адад пул бо дарозии 544 метр ба маблағи 17 664,17 ҳазор сомонӣ ва 7 адад қубур бо дарозии 82 метр ба маблағи 37,5 миллион сомонӣ  осеб расид.

Аз ҷумла, дар навоҳии тобеи марказ,  дар минтақаи Рашт 12,7 километр роҳҳои автомобилгард ба маблағи 10 800 ҳазор сомонӣ ва 7 адад пул бо дарозиии 138 метри тӯлонӣ, дар минтақаи Ҳисор 76,15 километр роҳҳои автомобилгард ба маблағи 8 349,3 ҳазор сомонӣ, 7 адад пул бо дарозии 362 метри тӯлонӣ ва 7 адад қубур бо дарозии 82 метри тӯлонӣ, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 42,7 километр роҳҳои автомобилгард ба маблағи  238 ҳазор сомонӣ ва 1 адад пул ба дарозии 44 метри тӯлонӣ ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 километр роҳҳои автомобилгард зарар диданд.

Аз ҷониби муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои зерсохтори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёрии техникаву таҷҳизоти махсуси роҳдорӣ  дар километрҳои 114 ва 119-и роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии «Ваҳдат-Рашт-Лахш» роҳи таворавӣ сохта, аз киломатри 139 то 140 ин роҳ аз селовардҳо тоза карда шуд.

Инчунин дар пули роҳи автомобилгарди «Лабиҷар-Сангвор-Дарвоз» ба дарозии 98 метри тӯлонӣ корҳои барқарорсозӣ идома дошта, айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар километри 0+500 тавассути  роҳи таворавӣ ба роҳ монда шудааст.

Як адад пули зарардидаи деҳаи «Ҷонварсӯз» - и ноҳияи Файзобод барқарор карда шуда, дар дигар пулҳо корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

Дар маҷмуъ, барои таъмини  ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт айни замон роҳҳои автомобилгарди бар асари офатҳои табиӣ зарардида муваққатан барқарор карда шудаанд.

Барои барқарорсозии роҳҳои автомобилгард зиёда аз 25 адад техникаву механизмҳои роҳдорӣ сарфарбар гардидаанд.