Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Иштирок дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия

Санаи нашр: 31-05-2024 Просмотрено: 1248

    Муовини Вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода ва сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорат Сайфулло Қодирзода дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии иқтисодии (КБИ) Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки  28 май дар шаҳри Анқара доир гардид, иштирок намуданд.

Дар ҷаласа, ки  масъулини вазорату идораҳо ва субъектҳои бахши хусусии ҳарду ҷониб иштирок  доштанд,  масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, энергетика, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

Дар доираи ин сафар, ки  аз 25 то 30 майи соли равон сурат гирифт,  28 май вохӯрии муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва сардори Раёсати нақлиёти рӯизамини Вазорат Сайфулло Қодирзода бо муовини Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Ҷумҳурии Туркия Енвер Искурт ва Директори генералии Хадамоти танзим дар нақлиёти Вазорати нақлиёт ва инфрасохтори Туркия  Мурат Бастор баргузор гардид.

Зимни вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба ҳамлу нақли дуҷониба бо нақлиёти автомобилӣ байни кишварҳо, аз ҷумла боркашонии байналмилалӣ, масъалаи будубоши ронандагон дар ҳудуди кишварҳо, таъмин ва истифодабарии сӯзишворӣ дар ҳудуди Туркия, ҳамкорӣ дар самти рушди долонҳои нақлиётии мултимодалӣ, мубодилаи рухсатномаҳо (дозвол) ва ғайра мавриди муҳокима қарор дода шуданд.