Хабарҳо

slider_img
slider_img

«РОҲ БА СӮИ ТЁН-ШОН». Дар Конфронси бвйналмилалӣ оид ба масоили ҳамлу нақл миёни кишварҳои ОМ, ИДМ ва ИА сессияи мавзӯӣ доир гардид

Санаи нашр: 30-05-2024 Просмотрено: 1250

29 май дар доираи Конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тён-Шон», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад,  сессияи мавзӯӣ  таҳти унвони «Вазъият ва дурнамои рушди долонҳои байниминтақавии нақлиётӣ ва ҳамлу нақли мултимодалӣ» баргузор шуд.

Дар сессия дар ин мавзӯъ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим суханронӣ кард.

«Вохӯрии имрӯза барои ҳамаи мо, ки дар роҳи таҳкими инфрасохтори нақлиёт, беҳтар кардани логистика ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ саъй дорем, як рӯйдоди муҳим аст», - изҳор дошт ӯ. - Дар асри ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати технологӣ мо на танҳо бо мушкилоти нав, балки бо имкониятҳои нав низ рӯ ба рӯ мешавем. Ҳамгироии самараноки намудҳои гуногуни нақлиёт, ташкили долонҳои боэътимод ва бехатари нақлиётӣ омили асосии муваффақият мегардад».

 Вазири нақлиёти ҶТ ба иштирокчиёни сессия гуфт, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ буд, ки моҳи майи соли 2004, вақте ки роҳ ба Қулма, сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта шуд, ба даст омад.

«Қобили зикр аст, ки 22 майи соли равон мо шоҳиди он будем, ки Тоҷикистон ва Чин якҷоя расман 20-солагии ифтитоҳи гузаргоҳи назоратии “Қулма-Қаросу”-ро дар Мурғоб, норҳияи наздисарҳадии Тоҷикистон таҷлил намуданд», - иброз дошт Азим Иброҳим.

Ба гуфтаи Вазир, барои ноил шудан ба ин ҳадафи стратегӣ дар 32 соли охир тавассути Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 58 лоиҳаи бисёрҷанбаи давлатии сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва инфрасохтори онҳо, инчунин лоиҳаҳо оид ба таҳкими иқтидори техникии соҳаи нақлиёт ба маблағи беш аз 2,2 миллиард доллари ИМА амалӣ карда шуданд. Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда 2407,8 км роҳҳо, 274 пул, 2 чорроҳаи сесатҳа ва 2 дусатҳа, 7 нақби нақлиётӣ сохта, таҷдид ва таъмир карда шуданд. Ҳамчунин 3,4 км  долонҳои зидди тарма, 219 км роҳи оҳан бо 14 пул ва 3 нақб  бунёд гардиданд.

«Ҳукумати мамлакат ба рушди долонҳои мултимодалии иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, ки Осиёи Марказиро бо дигар давлатҳои ИДМ, кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Аврупо мепайванданд ва вуруди Тоҷикистонро ба бандарҳои баҳрӣ таъмин месозанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир  менмояд»,- таъкид  кард Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илова намуд, ки айни замон ҷиҳати навсозии инфрасохтори нақлиётии мамлакат, аз ҷумла роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, инчунин гузаргоҳҳои сарҳадӣ   бо мақсади беҳдошти  шароити транзит ва савдо фаъолона кор бурда мешавад. Дар бахши нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1,2 миллиард доллари ИМА ва дар соҳаи роҳи оҳан беш аз даҳ лоиҳаи муҳим ба маблағи умумии беш аз 7,5 миллиард доллари ИМА  мавриди татбиқ қарор доранд, ки ба гуфтаи Вазири нақлиёт,   барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Имрӯз дарозии умумии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ дар ҷумҳурӣ 27274 километрро ташкил медиҳад. Дар давоми солҳои 2022-2026  зиёда аз 1000 км роҳҳои автомобилӣ, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма сохта мешаванд, ки қисми зиёди онҳо аҳамияти байналмилалӣ доранд.

Дар ҷумҳурӣ 10 долони афзалиятноки савдо ва транзит муайян карда шудаанд, ки қаламрави кишвари моро аз Шарқ ба Ғарб ва Шимол ба Ҷануб убур мекунанд ва низ аҳамияти байналмилалӣ доранд.

Ояндаи наздик дар асоси Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 дар кишвар сохтмони якчанд маҷмааҳои логистикии дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои сохтмони иншооти номбаршуда лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии  беш аз 100 млн.доллари ИМА омода карда шудаанд.  

 Дар робита ба ин, Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз иштирокчиёни Конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тён-Шон» даъват ба амал овард, ки кори пайгиронаро доир ба ташаккули низоми муосир ва густурдаи шоҳроҳҳои нақлиётӣ дар фазои васеи минтақаи мо ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ идома  бидиҳанд.  

Дар сессия инчунин намояндагони Москва (Русия), Чин, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, ЭСКАТО ва дигарон  ба сухан баромада, роҷеъ ба мавзи зикршуда изҳори назар карданд.