Имрӯз, 29 май, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии минтақавии «Роҳ ба сӯи Тён-Шон» оғоз ба кор кард, ки дар он роҳбарони мақомоти нақлиёти кишварҳои хорҷии наздику дур ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок мекеунанд.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ифтитоҳ намуд.
«Хеле шодам, ки имрӯз Тоҷикистон мизбони чунин ҳамоиши бонуфуз дар соҳаи нақлиёт аст», - изҳор дошт ӯ ва ширкаткунандагону меҳмонони Конфронсро хайрамақдам гуфт. Вай хабар дод, ки дар кори Конфронси дурӯза тақрибан 350 намоянда, аз ҷумла аз Чин, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Туркия, инчунин созмонҳои байналмилалӣ аз қабили СҲШ, ЮСАИД, ТРАСЕКА, ЭСКАТО, ШБР ИДМ ва Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ ширкат меварзанд.
Сипас иштирокчиён ва меҳмонони Конфроси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тён-Шон»-ро Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шодбош гуфт.
«Нақлиёт асоси рушди тиҷорат ва робитаҳои иқтисодӣ буда, кишварҳо ва корхонаҳоро ба шабакаи ягонаи фаъолияти иқтисодӣ мепайвандад, - гуфт ӯ. - Бе таъмини самаранок, боэътимод ва бехатари хизматрасониҳои нақлиётӣ ноил шудан ба ҳама ҳадафҳои гузошташуда ғайриимкон мебуд».
Бино ба суханони Сарвазир, нақши соҳаи роҳу нақлиёт дар интиқоли молҳо, таъмини тиҷорати байналмилалӣ, коҳиш додани монеаҳои тиҷоратӣ ва мусоидат ба табодули фарҳангӣ бисёр бузург аст. Азбаски ҷаҳони муосир торафт бештар ба ҳам мепайвандад, аҳамияти ин соҳа дар рушди иқтисод ва ҳамкориҳои глобалӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд.
«Имрӯз дар ин ҷо роҳбарони мақомоти нақлиёт ва корхонаю муассисаҳои ин соҳа, мутахассисони пешбари самти логистика ва рақамисозӣ ҷамъ омаданд, то вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориро ҷиҳати афзоиши ҳамлу нақли бор ва мусофирон якҷоя баррасӣ кунанд, - афзуд Кохир Расулзода. - Ва албатта, мо бояд ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва баланд бардоштани иқтидори нақлиётию транзитии минтақа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем, ки дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд».
Зикр карда шуд, ки Конфронси байналмилалӣ ба 10-солагии имзои Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай «Дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ», инчунин татбиқи Созишнома дар бораи таҳкими шуғл дар соҳаи нақлиёти заминии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 13 сентябри соли 2023 дар Душанбе ба имзо расидааст, бахшида шудааст.
Сарвазири Тоҷикистон ба ҳамаи иштирокчиён кори муваффақ, мубоҳисаву тамосҳои муфид ва будубоши гуворо дар шаҳри Душанберо таманно намуд.
Дар Конфронс намояндагони ЭСКАТО, ЮСАИД, ТРАСЕКА, Котиботи СҲШ ва ШБР ИДМ низ сухан гуфтанд.
Дар кори Конфронс Вазири Федеролии коммуникатсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Алим Хон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Махкамов, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қирғизистон Тилек Текебаев, муовини Вазири роҳҳо ва рушди шаҳрҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Камол, муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Максат Калиакпаров, муовини Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Ҷумҳурии Туркия Дурмус Унувар, Сардори шӯъбаи логистикаи ҶСК «Демирёллари»-и Туркманистон Максат Худойбаренов, Директори Маркази байналмилалии рушди занҷирҳои таъминоти логистикии Ҷумҳурии Мардумии Чин Шан Хуай, мушовири Вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон Имил Сайфуллоев, Котиби Вазорати нақлиёти автомобилӣ ва роҳҳои автомобилгарди Ҳиндустон Аҳмад Маҳмуд, Котиби якуми Департаменти сиёсати бисёрҷониба ва ҳамкорӣ бо мақсади рушди Ҷумҳурии Арманистон Андраник Григорян, Муовини Котиби Генералии СҲШ Соҳайл Хон, Дабири кулли Котиботи Комиссияи байниҳукуматии долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё (ТРАСЕКА) Асет Асавбаев, намояндаи ЭСКАТО Федор Кормилитсин ва дигарон ширкат доранд.
Иштирокчиёни Конфронси байналмилалӣ вазъ ва дурнамои рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ҳамлу нақли мултимодалӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт, беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва ғайраро баррасӣ намуданд.
Пагоҳ Конфронс ба кори худ идома медиҳад.