Хабарҳо

slider_img
slider_img

«РОҲ БА СӮИ ТЯНШОН». Пагоҳ дар Душанбе Конфроси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл миёни кишварҳои ОМ, ИДМ ва ИА баргузор мегардад

Санаи нашр: 28-05-2024 Просмотрено: 1181

Пагоҳ, 29 май, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии минтақавӣ дар мавзуи «Роҳ ба сӯи Тияншон» баргузор мегардад.  

Конфронс тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №44659 (27-2) аз 14 декабри соли 2023, рӯзҳои 29-30 майи соли 2024 гузаронида мешавад. Дар кори он роҳбарони мақомотҳои соҳаи нақлиёти кишварҳои хориҷии дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.

Дар Конфронс баррасии масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо, мушкилоти вобаста ба таҳвили таҷҳизот ва бору коло аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шоҳроҳи «Душанбе-Қулма-сарҳади Хитой» дар назар дошта шудааст.

  Дар ҳошияи Конфронс инчунин мулоқотҳо бо масъулини кишварҳои хориҷии дуру наздик ва муаррифии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе  доир карда мешаванд.