Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

СУХАНРОНИИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Санаи нашр: 23-05-2024 Просмотрено: 2619

Барои ҷавонони кишварамон 23 май рӯзи таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро   бо ташаббуси Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 инҷониб ин санаи фархунда - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯз ба ин муносибат дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар он Вазир Азим Иброҳим бо паёми табрикӣ ба ҷавонон муроҷиат намуд.

Матни суханронӣ дар зер оварда мешавад.

Ҳозирини гиромӣ, ҷавонони соҳаи роҳу нақлиёт!

Ҳамаи шуморо, ки дар пешбурди сиёсати ягонаи нақлиётии кишварамон саҳмгузор ҳастед, бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тани сиҳату рӯзгори осуда ва фазои амну осоиштаро таманно  мекунам.

Итминон дорам, ки бо сайъу талош ва омӯзишу такмили пайвастаи донишу таҷрибаи худ ба боварии Пешвои муаззами миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ба унвони «Пайравони Пшвои миллат» ва «Насли ояндасози миллат» сазовор хоҳед гашт.

Ғамхории Сарвари хирадманди давлатамон дар ҳақи ҷавонон дар тамоми самтҳои фаъолият бараъло намоён аст ва Роҳбарияти Олии кишвар ояндаи миллатро маҳз ба ин қишри ҷомеа  вобаста медонанд.

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ низ омадааст: «Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд».

Дарвоқеъ, тибқи маълумоти расмӣ, 70% аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон, яъне шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд , ки ин дар санадҳои Созмони Милали Муттаҳид низ дарҷ гардидааст.

Дар ҳама давру замон қишри ҷавон чун нерӯи бузург ва муҳаррики пурқудрате дар пешрафти ҷомеъа нақши муҳим доранд. Имрӯз, ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо қувваи бузург, нерӯи тавоно ва ояндаи дурахшони миллатанд. Аз ҳамин рӯ, Роҳбарияти Олии кишварамон ба масъалаи таълиму тарбия, ташаккули афкори ҷавонон муносибати хирадмандона ва дурбинона дорад.

Мо хуб огоҳем, ки дар ин давра дастоварду комёбиҳои ҷавонони кишвар ба маротиб афзуда, онҳо бо дастовардҳои илмию варзишии худ  Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти дастгирии ҷавонон барномаву тадбирҳои зарурӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  ҳамасола 23-юми май ба таври фарогир ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи таҷлили ин ҷашни ҷавонию хуррамӣ  тадбирҳои зиёде  амалӣ гашта, ҷавонони фаъол қадр карда мешаванд.  

Дӯстони азиз,

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон бояд бори дигар насли ҷавонро водор менамояд, ки бо илму донишандӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дигар зарфиятҳои зеҳнию ҷисмонии худ дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии хеш устувор бошанд. Маҳз ба ҳамин хотир Сарвари давлат пайваста ба ҷавонон муроҷиат ва таъкид мекунад, ки ба омӯзиши илму техника ва забонҳои хориҷӣ аҳамияти махсус зоҳир намоянд. Зеро ояндаи халқу кишвар ва бақои ҳар давлату миллат аз наслҳои ҷавоне вобаста аст, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушду нумӯи он ҳамеша ҳушёр ва омодаи хизмат ҳастанд.

Дар қатори дигар соҳаҳо саҳми ҷавонон дар пиёда  сохтани яке аз  ҳадафҳои стратегии кишвар – раҳо ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ низ кам нест. Шояд бештари Шумо, ки имрӯз дар ин ҳамоиш иштирок доред, зодаи даврони Истиқлол ҳастед ва дар бораи он рӯзҳое, ки бо машаққати зиёд ва бо баҳои ҷони даҳҳо нафар фарзандони содиқи Ватан осудагии кишвар  ба даст омад, танҳо аз  калонсолон шунида, аз китобҳо хондаед ва ба назаратон афсона  менамояд. Вале нафарони зиёде, ки имрӯз аз синни ҷавонӣ гузаштаанд, маҳз дар даврони ҷавониашон кору пайкори шоиста нишон дода, бо фаъолияти назарраси худ дар  рушду нумӯи  кишварамон  саҳми бориз гузоштаанд.

Бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи  Сарвари давлат равапнди созандагӣ аз бунёду таҷдиди роҳҳо ва ба ҳам   пайвастани тамоми манотиқи кишвар оғоз гардида буд. Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ Тоҷикистон ба чор самти олам роҳ ёфт ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба қишри ҷавони имрӯз  низ имконият фароҳам овард, ки ҷиҳати рушду ривоҷи  соҳаҳои гуногуни кишварамон лоиҳаҳои зиёдро таҳия ваамалӣ намоянд.    

Имрӯз талош бар он дорем, ки ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои боз ҳам бештар ва фарохтар барои насли оянда Тоҷикистонро ба як кишвари муосири транзитӣ табдил диҳем. Дар роҳи амалӣ намудани ин иқдоми нек  ҷавонон бояд дар сафи пеш қарор дошта бошанд.   

Мавриди зикр аст, дар Вазорати нақлиёт ба ҷалби бештари ҷавонон ба кору фаъолият аҳамияти махсус  дода мешавад. Сафи ҷавононеро, ки имрӯз дар соҳаи роҳу нақлиёт кор мекунанд, 3526 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин зиёда аз 1000 нафарашон духтарон мебошанд. Ин шумора  кам нест ва дар сафи онҳо ҷавонони фаъолу болаёқат низ зиёданд.

Ҳозирини арҷманд,

Барои баланд бурдани сатҳу сифати фаъолияти соҳа ва расидан ба натиҷаҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз худ намудани дастовардҳои илмию техникӣ, донишҳои мукаммали касбӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ зарур аст. Мо бояд дар ин самт бештар кор барем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, то ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардем.

Бори дигар аз ҳамаи шумо, ҷавонон даъват мекунам, ки дар ҳама кори неку шоиста фаъол бошед, барои такмили донишу маҳорат ва забондонии худ бештар заҳмат кашед. Зеро ояндаи кишвар дар дасти шумост. 

Боварӣ дорам, ки таваҷҷуҳу ғамхории бесобиқаи Роҳбарияти  олии кишвар ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон ҳар яки шуморо водор   месозад ки баҳри донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунар ва саҳмгузорӣ дар ободонию шукуфоии Ватани биҳиштосоямон саъю талоши бештар намоед.

 Намунаи олии ин талошҳо ин аст, ки бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Созмони Милали Муттаҳид нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 майро расман «Рӯзи умумиҷаҳонии футбол» эълон намуд.

 Ин боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ ва бахусус ҷавонони кишвар аст.

Ҷавонони ояндасози соҳаи роҳу нақлиёт!

Бори дигар шуморо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, барои шумо дар роҳи пуршарафи хизмат ба Ватан-Модар муваффақиятҳои беназир таманно дорам!