Бо дастигирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саривақт баратараф кардани оқибати офати табиӣ дар маҳалҳои осебдида ба роҳдорони минтақаи Рашт боз ду адад техникаи нав - 1 мехлопата ва 1 автогрейдер супорида шуд.
Тавре хабар дода будем, бар асари боришоти пай дар пайи рӯзҳои охир 133 километр роҳҳо ва 14 пул дар минтақаҳои гуногуни кишвар зери об монда, ба соҳаи роҳсозӣ хисороти ҷиддӣ расид. Аз ҷумла, дар минтақаи Рашт 12 километр роҳ ва 7 пул осеб дида, роҳдорон пайи бартарфсозии ин пайомад шабу рӯз кор мекунанд.
Барои аз наздик шинос шудан бо вазъи роҳҳо дар минтақаи Рашт айни ҳол Гуруҳи кории Вазорати нақлиёт таҳти роҳбарии Вазир Азим Иброҳим дар ин минтақа қарор дорад.
Қобили зикр аст аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан низ ба роҳдорон як миқдор техникаи махсуси роҳнигоҳдорӣ иборат аз 5 боркунаки фронталии тамғаи «Lovol-FL», як экскаватори тасмачархи тамғаи «Lovol-FL-220D2» ва 4 адад автогрейдери тамғаи «Lutong Py180» туҳфа карда буданд, ки он 7 майи соли равон аз ҷониби Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ба муассисаҳои хоҷагии роҳ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаҳои Рашт ва Кӯлоб супорида шуд.
Пеш аз он роҳдорони ноҳияи Сангвор як адад мехлопатаи секуба туҳфа гирифта буданд.
Хотиррасон мешавем, ки 20 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони як қатор сохторҳои марказии кишвар ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ машварати корӣ доир намуданд.
Сарвари давлат ҷиҳати сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, таъмиру боз намудани роҳҳои осебдида ва расондани кумаки зарурӣ ба мардуми зарардида ба шахсон ва идораҳои масъул супоришҳои мушаххас доданд.