Дар давоми чанд шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки бар асари боронҳои шадид ва тӯлонӣ ба вуҷуд омад. Ҷараёни сел дар якчанд ноҳияҳо роҳҳоро шуста, ҳаракати нақлиётро қатъ кард.
Дар чунин вазъият муассисаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар маҳалҳо шабу рӯз корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табииро анҷом дода, роҳҳоро тоза ва ҳаракати нацлиётро барқарор мекунанд.
15-уми май
Рӯзи чоршанбе, бинобар боришоти шадид дар ҳудуди деҳаҳои ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат аз теппаҳо сел фаромада, ба иншооти ёрирасон, садҳои муҳофизатӣ ва роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллӣ осеб расонид.
Роҳи автомобилгарди «Ромит–Варва» лойқа ва регу санг пур кард, ҳаракати нақлиёт ва одамон муваққатан қатъ гардид.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои бартарафсозии оқибати сел аз ҷониби муассисаҳои Вазорати нақлиети ҶТ пас аз чанд соат роҳ тоза карда, ҳаракат барқарор карда шуд.
16-уми май
Рӯзи панҷшанбе, соати 19:05 боришоти шадид сабаби аз теппаҳои атрофи деҳаи «Дороб», ҷамоати деҳоти «Калъаи-Дашт»-и ноҳияи Файзобод фаромадани сел гардид. Дар натиҷа, сангу гил роҳи автомобилгарди деҳотро бастанд.
Аллакай соати 20:26 тавассути техникаи махсуси муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТроҳ тоза ва ҳаракат барқарор карда шуд.
17-уми май
Дар натиҷаи боронҳои шадид шаби рӯзи ҷумъа дар километри 9-уми роҳи автомобилгарди «Ваҳдат- Лахш», ки аз қаламрави деҳаи «Меҳргон»-и ҷамоати деҳоти ба номи А.Абдулвасиеви шаҳри Ваҳдат мегузарад, қисман фурӯ рехт. Корҳо оид ба пурра бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.
***
17 майи соли 2024 тақрибан соати 00:10 дар километри 196-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе-Рашт-Лахш», ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти «Лангари Шоҳ»-и ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, боришоти шадид боиси омадани сел гардид, ки дар натиҷа ин қитъаи роҳ барои ҳама намудҳои воситаҳои нақлиёт муваққатан баста шуд.
Бо истифода аз техникаи махсус кормандони муассисаи нигоҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТ фавран ба тоза кардани роҳи автомобилгард шурӯъ карданд.
***
17 майи соли 2024 тақрибан соати 02: 30 шаб аз сабаби боронҳои шадид километрҳои 94, 96, 104, 109 ва 140-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе- Рашт-Лахш», ки аз қаламрави деҳаи «Хумдон»-и ҷамоати деҳоти «Сарикош»-и ноҳияи Нуробод мегузарад, сел фаромад. Дар натиҷа ин қитъаҳои роҳи автомобилгард муваққатан баста шуд.
Корҳои тозакунии рощ идома доранд.
***
17 май тақрибан соати 04:30 дар километрҳои 1, 36 ва 39-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе-Лаби-Ҷар-маркази ноҳияи Сангвор», деҳаи «Рубоднол»-и ҷамоати деҳоти «Чилдара»-и ноҳияи Сангвор аз сабаби боронҳои шадид аз ҷониби теппаҳо сел фуромад, ки дар натиҷа ин қитъаҳои роҳ муваққатан барои ҳама намудҳои нақлиёт баста шуданд.
Корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои офат оғоз идома доранд.
18-уми май
Рӯзи шанбе, соати 00:10 аз сабаби боронҳои шадид дар ҳудуди шаҳраки «Куфоб», ҷамоати деҳоти «Нулванд»-и ноҳияи Дарвози ВМКБ сел фаромад ва сабаби баста шудани роҳи автомобилгарди «Ш.Шохин-Дарвоз» шуд.
Муассисаи нигоҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТ корҳоро оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома медиҳад.
Таваҷҷуҳ!
Бино ба иттилои Агентии обуҳаворсанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 22 майи соли 2024 хатари омадани сел, ярч, сангрезӣ ва тармафароӣ боқӣ мемонад:
Аз 18 то 22 майи соли ҷорӣ дар аксари қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор ва боришоти шадид, инчунин дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ, жола пешгӯӣ мешавад. Дар аксари ноҳияҳои наздикӯҳӣ паст шудани ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 7-9 дараҷа интизор меравад.
Илова бар ин, дар ин рӯзҳо эҳтимолияти баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз доманакӯҳҳои ҷанубии қаторкуҳҳои Ҳисор (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол, 18 май дар аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе (маҳаллаи Лучоб, Хуҷамбиё, Чорбог, Фурудгоҳ, километри 9-ум), шаҳру ноҳияҳои Норак, Роғун, Ваҳдат (хусусан Симиганҷ, Ромит), Файзобод, Дарбанд, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ёвон, Хуросон, А.Ҷомӣ, Восеъ, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Кӯлоб, Муминобод, Шамсиддин Шоҳин), шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (Панҷакент, Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич), инчунин шаҳру ноҳияҳои қисми ғарбии ВМКБ (Дарвоз, ванч, Рӯшон, Хоруғ) борони шадид ва фаромадани сел дар назар аст.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи муассисаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди мамлакат супориш додааст, ки омодагии пурраи техникаи дар ихтиёрашон бударо барои зуд бартараф намудани оқибатҳои эҳтимолии боришот таъмин намоянд.
Дар айни замон Вазорат ба ронандагон чунин муроҷиат мекунад:
Ҳангоми борон сатҳи биниши роҳ паст мешавад ва роҳи тар диққати махсусро талаб мекунад. Аз ин рӯ, аз ронандагон даъват мекунем, ки аз эҳтиёт кор гиранд, маҳдудияти суръат ва масофаи байни воситаҳои нақлиётро қатъиян риоя кунанд, дар ҷойҳои ҷамъшавии пиёдагардон - дар бозорҳо, гузаргоҳҳои пиёдагард ва истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ хеле эҳтиеткор бошанд, талаботи аломатҳои роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракати роҳро нодида нагиранд.
Ғайр аз ин, дар рӯзҳои номбаршуда ба қадри имкон аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ тавассути нақлиети шахсӣ худдорӣ намоянд.