Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

«KAZANFORU 2024». Вазири нақлиёти Тотористон барои ба кор ҷалб намудани ронандагону коргарони ширкатҳои мусофирбарии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард

Санаи нашр: 15-05-2024 Просмотрено: 2559

14 май дар шаҳри Қазон мулоқоти ҳайатҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тотористон    оид ба масъалаи ташкили хизматрасонии мусофирбарӣ дар шаҳрҳои Лениногорск ва Бугулма баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Тоҷикистон  Вазири нақлиёти ҶТ   Азим Иброҳим, директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Раҳмиддин Саломзода ва муовини сардори Худамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Фаррух Ашурзода, аз ҷониби Тотористон - Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои ин кишвар Фарит Ханифов, муовини Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо Лилия Сафиуллина, раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳрҳои Лениногорск ва Бугулмаи Ҷумҳурии Тотористон иштирок намуданд.

Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористон ҳайати Тоҷикистонро хайрамақдам гуфта, барои қабули даъват ҷиҳати иштирок дар Форуми XV байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum 2024» изҳори  сипос намуд.

  Фарит Мударисович зикр намуд, ки Лениногорск ва Бугулма шаҳрҳои минтақаи иқтисодии ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Тотористон буда, минтақаҳои бой ва тараққикарда мебошанд. Дар шаҳрҳои мазкур дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани мусофирбарии ҷамъиятӣ ба миён омадааст.

Сипас, роҳбарони кумитаҳои иҷрояии шаҳрҳои намбурда оид ба шумораи аҳолии ин шаҳрҳо, хатсайрҳои мусофирбарии онҳо, ҳолати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, харидории автобусу микроавтобусҳо   ва мушкилоти мавҷуда ахбороти муфассал доданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки хатсайрҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Лениногорск ва Бугулма се ва ва чор ададро ташкил медиҳанд ва мутаносибан аз ҷониби институтҳои тадқиқотии Москва ва Санкт-Петербург мавриди омӯзиш ва тадқиқот қарор дода шуда, бари ташкили шабакаи хатсайрҳо дар шаҳрҳои мазкур тавсияҳои илман асоснок дода шудаанд.

Инчунин, гуфта шуд, ки бо кӯмаку дастгирии Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористон барои мусоифрбарӣ дар хатсайрҳои мазкур автобусҳои нав харидорӣ гардидаанд.

  Тавре иттилоъ дода шуд, мушкилоти асосӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондан ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофирбарӣ ба сокинони шаҳрҳои Лениногорск ва Бугулма асосан аз нарасидани шумораи зарурии ронандагон ва набудани базаи моддию техникӣ иборат аст, ки тариқи шартнома аз бахши хусусӣ истифода мешавад. Ҳамчунин оид ба тарифҳои хизматрасонӣ ва гардиши шабонарӯзии мусофирон маълумот дода шуд.

Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористон вобаста ба мушкилоти мавҷуда пешниҳод намуд, ки таҷрибаи Тоҷикистон барои ташкили дурусти мусофирбарӣ дар шаҳрҳои Лениногорск ва Бугулма истифода шавад ва ронандагону коргарони ширкатҳои мусофирбарӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон таъмин карда шаванд.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим барои даъват ба Форуми байналмилалии «KazanForum 2024» ба ҳамтои худ миннатдорӣ баён карда, вобаста ба пешниҳоди ҷониби Тотористон ибрози назар намуд.

  «Мо ҷонибдори ҳамкориҳои мутақобилан судманд буда, омодаем пешниҳоди мазкурро дар доираи имкониятҳои ҳар ду ҷониб, дақиқ ва бо таъмини шароити заруррии буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Тотористон ва дигар масъалаҳои марбут ба ин, аз ҷумла ташкили ширкатҳои мусофирбарӣ дар шаҳрҳои мазкур ё ба роҳ мондани фаъолияти филиалу намояндагиҳои ширкатҳои мусофирбари тоҷикистонӣ дар ин шаҳрҳо мавриди баррасӣ қарор диҳем», - гуфт Вазири нақлиёти Тоҷикистон.  

Ӯ зарур шуморид, ки шаклҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии корхонаҳои нақлиётии мусофирбарӣ бо имконияту имтиёзҳо ва дастгирии давлатии онҳо муайян гардида, доираи фаъолият, мансубияти идоравӣ, маблағгузорӣ, шароити корӣ, талаботи техникӣ ва дигар масъалаҳо дар доираи талаботи конунгузории амалкунандаи Федератсия Россия мушаххас карда шаванад.

Фарид Мударисович низ барои гуфтушунид бо ширкатҳои ҳавасманди тоҷикистонӣ изҳори омодагӣ намуд ва пешниҳод кард, ки роҳбарони кумитаҳои иҷроияи шаҳрҳоиЛениногосрк ва Бугулма масъалаҳои мавҷударо дар реҷаи корӣ бо ҷониби Тоҷикистон баррасӣ намоянд.

Инчунин, пешниҳод гардид, ки барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самт байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тотористон созишномаи ҳамкорӣ таҳия ва имзо карда шавад.