Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

«KAZANFORUM 2024». Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии «Kazan Halal Market» иштирок ва суханронӣ кард

Санаи нашр: 15-05-2024 Просмотрено: 2641

Аз 14-ум то 19-уми май дар маркази ЭКСПО-и Қазон Форуми XV байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum» баргузор мешавад, ки дар он ҳайати Тоҷикистонро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад.  

Рӯзи 14-уми май дар доираи баргузории Форуми XV баналмилалии иқтисодии «KazanForum» дар маркази намоишии «Kazan Expo» Намоишгоҳи байналмилалии «Kazan Halal Market» ифтитоҳ ёфт. Намоишгоҳро Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов ҳусни оғоз бахшида, тамоми меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт.

Дар маросими кушодашавии намоишгоҳ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим низ иштирок ва суханронӣ намуд.  Ӯ барои даъват ва пазироӣ, инчунин дар сатҳи хуб ташкил намудани Форум ба созмондиҳандагони он изҳори миннатдорӣ кард ва ба кори Форум барор хост.   

Дар Намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои бонуфузи истеҳсоли кишварҳои ҷаҳони ислом ба намоиш гузошта шуданд.  

Барномаи Форуми XV баналмилалии иқтисодии «KazanForum» аз 12 маҷмӯи мавзуҳо оид ба ҳамкории байналмилалӣ, иқтисод, молия, нақлиёт, сайёҳӣ, илм, технология,  варзиш ва ғайра иборат мебошад. Аз рӯи  барнома дар давоми 6 рӯз 125 ҷаласаи мавзӯъӣ бо иштироки  намояндагони  беш аз 80 давлати ҷаҳон, аз ҷумла 40 кишвари кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), инчунин  83 минтақаи Русия баргузор мегарданд.