Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 15-05-2024 Просмотрено: 1043

ДАР ТОҶИКИСТОН

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ)-ро оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Обигарм-Нуробод» тасдиқ кард. Дар ин бора 14 май «АП» хабар дод.

Гуфта мешавад, ки мувофиқи санади рӯзи 3 апрели соли равон имзошуда ҳаҷми умумии қарзи ҷалбшаванда 75,5 млн долларро ташкил медиҳад. Қарз ба муҳлати 29 сол, аз ҷумла бо 6 соли давраи имтиёзнок пешниҳод карда мешавад.

  Қарз ба сохтмони роҳи мошингарди масофааш 79 километри  «Обигарм-Нуробод», аз ҷумла бунёди пул дар ин роҳ бо дарозии 920 метр равона мегардад.

 Хотиррасон мешавем, ки бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, айни ҳол дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 млрд сомонӣ (ҳудуди 1,2 млрд доллар)  дар  ҳоли амалишавӣ мебошад.

  Айни замон татбиқи лоиҳаи сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди «Роғун-Обигарм-Нуробод» ба маблағи 3,3 млрд сомонӣ (зиёда аз 300 млн доллар) идома дорад.

Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ бо пешниҳоди Чин таъсис дода шудааст. Ҳадафи аслии ниҳоди молиявии мазкур ҳавасмандсозии ҳамкории молиявӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Осиё унвон шудааст.

Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ соли 2014 таъсис ёфта, айни замон 57 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои он мебошанд. Қароргоҳи Бонк дар Пекин воқеъ аст.                                        

                                           ***

Дар Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) эстакада сохта мешавад. Дар ин бора 30 апрел созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва БАТР  ба имзо расид

 Ба иттилои Вазорати молияи кишвар, ин роҳи дусатҳа бо 28 млн 450 ҳазор евро қарзи БАТР сохта мешавад.

«Ҳадафи татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди дусатҳа дар чорроҳаи С. Шерозӣ ва Ҳ. Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А. Қаҳҳорови шаҳри Душанбе» - баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути минтақаҳои болозикр, паст намудани ҳолатҳои тамбашавӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад»,- гуфт шудааст дар хабари Вазорати молия.

                                          ***

Дар Душанбе 30 апрели соли 2024 парвози мустақими ҳавопаймоҳо ба Тбилиси, пойтахти Гурҷистон муаррифӣ карда шуд.

Бори аввал дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистон парвози мунтазам ва мустақим дар хатсайри «Душанбе-Тбилиси-Душанбе» ба роҳ монда мешавад. Парвози аввал 23 майи соли 2024 дар назар дошта шудааст.

 Ин иқдом бо кӯшиши ширкатҳои FLY.TJ, EASYBOOKING ва ширкати ҳавопаймоии SOMON AIR имконпазир гардид. Хатсайри мазбур на танҳо робитаҳои нақлиётии Тоҷикистону Гурҷистонро тақвият мебахшад, балки барои соҳибкорони ватанӣ ва дӯстдорони сайёҳӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.

 Инчунин парвози чартерӣ ба Урдун, ки 6 июн ба нақша гирифта шудааст, эълон карда шуд.   Онро ширкатҳои FLY.TJ вак SOMON AIR барои дастгирии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии ҳалкунанда бо дастаи мунтахаби Урдун.ташкил кардаанд.

 Ҳамчунин дар ин рӯз яке аз самтҳои маъмултарин - парвози мустақим дар хатсари «Душанбе-Шарм-эл-Шайх (Миср)», ки моҳи июл ба нақша гирифта шудааст, эълон гардид.  

                                           ***

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазами мустақимро бо хатсайри «Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд» оғоз мекунад. Акнун сокинони Хуҷанд имконият пайдо карданд, ки мустақиман ба Урумчӣ парвоз кунанд.

Парвози аввал 16 май сурат мегирад, хабар дод хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

Парвозҳо аз Хуҷанд ба Урумчӣ ҳафтае як маротиба, рӯзи панҷшанбе, ба самти дигар рӯзи ҷумъа анҷом дода мешаванд.

Аз Хуҷанд ба Урумчӣ ҳавопаймоҳо соати 21: 00 ба вақти маҳаллӣ парвоз мекунанд. Вақти парвоз аз Урумчӣ ба Хуҷанд соати 04:00 ба вақти маҳаллӣ.

 Ҳамаи парвозҳо бо щавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд.

 Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Урумчӣ парвоз мекунад. Парвозҳо ҳар ҳафта рӯзи сешанбе ва ҷумъа сурат мегиранд. Вақти парвоз соати 22:30 ба вақти маҳаллӣ.

Аз Урумчӣ ба Душанбе парвозҳо рӯзи чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз соати 03: 30 ба вақти маҳаллӣ.

  Ҳоло ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон бомуваффақият парвоз  анҷом медиҳад.

                                  ДАР МИНТАҚА

Дар  шаҳриТирмизи Ӯзбекистон 23 апрели соли 2024 аввалин вохӯрӣ оид ба рушди  долони байналмилалии мультимодалии нақлиетии  «Беларус — Русия — Қазоқистон — Узбекистон — Афғонистон — Покистон» бо баромадан ба бандарҳои уқенуси Ҳинд баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи  Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар меддиҳад.

Дар он роҳбарони идораҳои нақлиётӣ, ширкатҳои экспедиторӣ ва тиҷорат иштирок карданд. Онҳо имкониятҳои зиёд кардани ҳаҷми боркашонии байналмилалиро дар долонҳои хушкӣ,  бещдошти долонҳои нақлиётӣ ва рушди равандҳои логистикӣ, баланд бардоштани нақши  кишварҳои ИДМ, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар системаи глобалии нақлиётӣ ва логистикии Авруосиёро баррасӣ карданд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ «Харитаи роҳ» ба имзо расид, ки нақшаҳои мушаххаси рушди ҳамлу нақли борро дар бар мегирад.

                                    ДАР ҶАҲОН

14 май дар пойтахти Тотористон (Русия), дар маркази намоишгоҳи «ҚазонЭкспо» ифтитоҳи расмии Форуми XV байналмилалии иқтисодии «Русия –ҷаҳони исломӣ" (KazanForum 2024) баргузор шуд. Онро Сарвазири Тотористон Алексей Песошин  щусни о-оз бахшида, зикр намуд, ки ин  ҳамоиш солҳои тӯлонӣ барои ҳамкории Русия ва ҷаҳони ислом хизмат мекунад.

Мавзӯи асосии форум «Эътимод ва ҳамкорӣ» мебошад.

Дар барнома 125 ҷаласаи мавзӯъӣ бо иштироки коршиносони кишварҳои хориҷӣ ва минтақаҳои Русия пешбинӣ шудааст.

Дар Форум намояндагони Озарбойҷон, Алҷазоир, Афғонистон, Баҳрайн, Миср, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Кувайт, Малайзия, Марокаш, АМА, Сурия, Тоҷикистон, Узбекистон ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд.

                                        ***

Тасвири парчами Русия барои рақамҳои автомобилӣ ҳатмӣ хоҳад шуд, хабар дод рӯзномаи "Коммерсантъ" (Ъ) 2 май.

 Ҳамаи  рақамҳои давлатии бақайдгирӣ (ГРЗ), ки ҳангоми ба қайд гирифтани мошинҳо дода мешаванд, нишонаи парчами русияро дар бар мегиранд. Ҳоло триколор ҳатмӣ нест, аммо вакили Думаи давлатӣ Александр Хинштейн ба ВКД пешниҳод кард, ки қоидаҳоро сахттар кунад.

Полис  аллакай лоиҳаи тағинротро омода кардааст. Ба ронандагоне, ки қаблан рақамҳои бе тасвири парчам гирифта буданд, ислоҳот таъсир намерасонад.

                                            ***

 Аз 25 апрел то 4 май дар пойтахти Чин 18-умин Намоишгоҳи байналмилалии автомобилии Пекин дар соли 2024 баргузор шуд, хабар медиҳад «Жэньминь жибао».

Намоишгоҳи Пекин имсол бисёр навгониҳои брендҳои машҳури автомобилии ватанӣ ва хориҷиро ҷамъ овард. Дар намоишгоҳ 117 модели нави мошинҳо (аз ҷумла 30 мошини нави ширкатҳои фаромиллӣ), 41 концепт-кар ва 278 модели манбаъҳои нави энергия ба маъраз гузошта шуданд.

                                            ***   

Истеҳсолкунандаи амрикоии Optibike, ки дучархаҳои электронӣ истеҳсол мекунад,  намунаи нави модели маъмули R17-и худро бо чаҳорчӯбаи карбон, ки барои ронандагони аз 50-сола боло пешбинӣ шудааст, эълон кард. Он номи Riot - ро гирифт, менависад портали New Atlas.

                                           ***

Tesla дар семоҳаи охири соли гузашта дар фурӯши умумиҷаҳонии мошинҳои барқӣ пешсаф шуд. Дар ин бобат бори аввал ширкати чинӣ аз ширкати Илон Маск пеш гузашт.

Дар семоҳаи охири соли 2023 консерни BYD 525 409 адад мошини барқӣ фурӯхт. Дар ҳоле ки Tesla дар ҳамон давра 484,507 мошин фурӯхтааст. Ин аз афзоиши қудрати Чин ҳамчун кишвари истеҳсолкунандаи "нақлиёти сабз" шаҳодат медиҳад.

Бо вуҷуди ин, истеҳсолкунандаи мошинҳои амрикоӣ аз рӯи ҳаҷми солонаи фурӯш пешсаф боқӣ мемонад ва суръати фурӯши худро афзоиш медиҳад. Аз моҳи октябр то декабри соли гузашта, ҳаҷми фурӯши он 20% афзоиш ёфт. 

                                         ***   

  Мақомоти Дубай барои сохтмони терминали нави мусофирбарӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Ал-Мактум, ки дар қисмати ҷанубии шаҳр ҷойгир аст, 128 миллиард дирҳам (34,8 миллиард доллар) ҷудо мекунанд. Дар ин бора сарвари Дубай, сарвазири АМА шайх Муҳаммад бин Рашид Ал Мактум изҳор дошт.

 "Имрӯз мо лоиҳаи терминали нави мусофиркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Ал-Мактумро тасдиқ кардем ва дастур додем, ки сохтмони онро дар доираи стратегияи таҳиякардаи корпоратсияи авиатсионии Дубай оғоз кунем", - навиштааст сарвазири АМА дар X (қабланTwitter)-и худ.

Ба гуфтаи ӯ, фурудгоҳ яке аз бузургтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон бо иқтидори интиқоли беш аз 260 миллион мусофир дар як сол хоҳад буд. Гуфта мешавад, ки маркази нави нақлиётӣ, ки метавонад 400 ҳавопайморо ҷойгир кунад, бо панҷ хатти парвоз  муҷаҳҳаз карда мешавад.

                                            ***

Чин ҷуғрофияи истифодаи таҷҳизоти ватаниро барои сохтмони нақбҳо фаъолона васеъ мекунад.

Ба наздикӣ дар Шэнчжен Кунгураи байналмилалии нақбҳо /World Tunnel Congress / баргузор шуд. Диққати махсуси иштирокчиёни чорабинӣ ба таҷҳизоти нақбии истеҳсоли Чин, ки дар толори намоишгоҳ пешниҳод шуда буд, хабар дод рӯзномаи Жэньминь жибао 30 апрел.