Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

БОРОНУ СЕЛ. Бо супориши Сарвари давлат роҳу пулҳое, ки ба асари офати табиӣ зери обу лой монданд, тоза ва боз мегарданд

Санаи нашр: 11-05-2024 Просмотрено: 1350

Чанд рӯзи охир дар натиҷаи бориши шадид дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон сатҳи об боло баромада,  сел омад. Дар натиҷа ба чандин роҳу пулҳо осеб расид.

 

      10 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли боронҳои шадиди селу ҷола, обхезӣ ва сангрезиш дар роҳҳои куҳӣ чораҳои зарурӣ амалӣ намуда, мардумро аз ин хатарҳо огоҳ намоянд.

Таъкид гардид, ки чанд рӯзи дигар дар минтақаҳои гуногун, бахусус ноҳияҳои куҳӣ ва наздикуҳӣ ҳавои номусоид ва офатҳои табиӣ пешбинӣ мегардад.

                                

                                   5-уми май

 

 Рӯзи якшанбеи 5 май,  соати 04:30 дар натиҷаи бориши шадид дар кӯчаҳои ба номи К.Исмоилов, «Ғалаба»-и  маркази шаҳри Ваҳдат ва  маҳалаҳои дигари он, аз ҷумла, ҷамоатҳои деҳоти ба номи А.Абдулвосиев, Нӯъмон Розиқ, «Чӯянгарон», «Симиганҷ», «Ромит», «Роҳатӣ»  сел омад, ки  бар асари он роҳҳои маҳаллӣ, пулҳо, сарбандҳои муҳофизатӣ, заҳбурҳо ва иншооти дигар зери об мондаанд.

Инчунин дар деҳаи «Гулбоғ»- и ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб, маҳаллаи «Сабзазор», кӯчаи «Деҳнавак»-и ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе,  дар ҳудуди як ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ, ду ҷамоати деҳоти шаҳри Ҳисор, деҳаи «Савда»-и ҷамоати деҳоти «Боғистон»- и ноҳияи Шаҳринав бар асари бориши шадид сел омад.

Кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода техникаи муҳандисӣ  фавран ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ  шуруъ намуданд.

5 май, тахминан соати 07:30 омадани сел пули мошингарди «Нуробод-Сангвор-Дарвоз-Сариҷар» дар ноҳияи Нурободро пурра хароб кардааст. Ҳамчунин дар километри 21-уми деҳаи «Дашти Гург» ва километри 39-уми деҳаи Рубоднол, дар километри 18 ва 5-уми шоҳроҳи «Лабиҷар — Сангвор» бориши борон боиси зери об мондани роҳҳо гардид. Дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуд. Таҷҳизоти муҳандисии идораи хоҷагии роҳҳои ноҳия сари вақт ба бартарафсозии оқибатҳои сел шуруъ намуд. Ҳаҷми хисоротро комиссияи ноҳиявӣ муайян мекунад.

Дар вилояти Хатлон низ бориш боиси ба амал омадани сел гардид.   Соати 03:30-и 5 май дар деҳаҳои «Тиётош», «Зағертут», «Тоҷикобод»-и ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ва деҳаи «Гулистон»-и ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант омадани сел ба қайд гирифта шуд. Бар асари сел 50 метр роҳе, ки аз ҳудуди деҳаи «Зағертут» мегузарад ва  сангу гил онро баста буданд, бо ёрии техника тоза карда шуд.

                                      

                                       9-уми май   

Рӯзи панҷшанбе дар километри 29 роҳи автомобилгарди «Рушон-Бартанг» дар ҳудуди деҳаи Ҳиҷоз тарма фаромад. Барои бартараф кардани оқибатҳои он кормандони  муассисаҳои нигоҳдории  роҳҳои Вазорати нақлиёт бо истифода аз техникаи махсус сафарбар  гардиданд.

 

                                      10-уми май           

Субҳи рӯзи ҷумъа дар километри 140-уми роҳи автомобилгарди байналмилалии «Ваҳдат - Рашт - Лахш», дар ҳудуди деҳаи Сарикоши ноҳияи Нуробод  сел омад.   

  Бо ҷалби 6 адад техникаву механизмҳои роҳдории Вазорати нақлиёт дар минтақа дар давоми 9 соат роҳ кушода ва  ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт  таъмин гардид.

  Инчунин дар киломектрҳои 8,9 ва 10-и роҳи ҷумҳуриявии «Сарипул –Новобод» шаби гузашта сел омад, ки он роҳро банд намуд. Бо ёрии техникаҳои роҳдорӣ шабона роҳ кушода, ҳаракати нақлиёт тавассути он таъмин карда шуд.

                                                           ***

11-12 май низ дар якчанд шаҳру навоҳии  тобеи ҷумҳурӣ ба амал омадани раъду барқ, жола ​​ва сел дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад.

  Дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Норак, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Файзобод, Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Лучоб, Қаратоғ, дар вилояти Хатлон - шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои  Ёвон, Хуросон, Данғара, Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Восеъ ва Даштиҷум, дар вилояти Суғд  асосан дар шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Истаравшан, ноҳияҳои  Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Шаҳристон, Деваштич, Ашт ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ боришоти зиёд  ва  сел дар назар аст.

Инчунин дар ин рузҳо дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор – Варзоб ва Лучоб ҷорӣ мешаванд, болоравии сатҳи об дар назар аст.

 Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи муассисаҳои нигоҳдорӣ ва истифодабарии роҳҳои кишвар супориш додааст, ки омодагии пурраи техникаи дар ихтиёрашон бударо барои зуд бартараф намудани оқибатҳои эҳтимолии боришот таъмин намоянд.

 Ҳамзамон Вазорат ба ронандагон чунин муроҷиат мекунад:

Ҳангоми боришот сатҳи биниш ва намоёнӣ коҳиш меёбад ва роҳи тар диққати махсусро талаб менамояд.  Бинобар ин аз ронандагон даъват мекунем, ки аз эҳтиёт кор гиранд, маҳдудияти суръат ва масофаи байни воситаҳои нақлиётро қатъиян риоя намоянд, дар ҷойҳое, ки пиёдагардон бештар ҷамъ мешаванд - бозорҳо, гузаргоҳҳо ва истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ хеле бодиққат бошанд, талаботи аломатҳои роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида нагиранд. Илова бар ин, то ҳадди имкон дар ин рӯзҳо сафарро ба минтақаҳои кӯҳӣ тавассути нақлиёти шахсӣ кам кунанд.