Имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим кормандони соҳаи роҳу нақдиётро бо санаи таърихӣ - Рӯзи Ғалаба табрик намуд.
Матни табрикоти Вазир дар зер пешниҳод мешавад.
Ҳамкасбони арҷманд,
Тавре шумо медонед, 9 май мардуми кишвари мо дар баробари дигар халқҳои сулҳдӯсти олам яке аз санаҳои таърихӣ – Рӯзи Ғалабаро ҷашн мегиранд.
Ба ин муносибат ман ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми ватандӯсту сулҳпарвари кишварамон, пеш аз ҳама иштирокчиёни ҷанг ва онҳоеро, ки дар ақибгоҳ барои ба даст овардани пирӯзӣ саҳм худро гузоштаанд, самимона табрику шодбош мегӯям!
Имсол ба анҷоми набардҳои шадиду хунин ва фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ва ғалаба бар фашизм марҳалаи асосиву ҳалкунандаи он буд, 79 сол сипарӣ мешавад.
Тавре зикр кардам, Ҷанги дуюми ҷаҳон барои сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми табиатан ватандӯст ва қавииродаи кишвари мо яке аз давраҳои душвортарин ва фоҷеабортарини асри гузашта ба ҳисоб меравад.
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баш аз 300 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон, яъне 20% сокинони ҷумҳурии мо (дар он солҳо таъдоди аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 1,5 миллион нафарро ташкил медод) бевосита иштирок карда, қариб 100 ҳазор нафари онҳо дар пайкорҳои хунини ҷанг ҷони худро аз даст додаанд.
Дар баробари ҷанговарон, ки дар майдони ҷанг алайҳи истилогарон мубориза мебурданд, ҳар сокини Тоҷикистон – калонсолон ва занону наврасон дар ақибгоҳ шабонарӯз заҳмат мекашиданд ва дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми арзишманди худро мегузоштанд.
Дар байни иштирокчиёни ҷанг ва онҳое, ки дар ақибгоҳ фидокориҳо нишон медоданд, кормандони соҳаи роҳу нақлиёти кишвари мо низ кам набуданд.
Дар оғози ҷанг дар муддати кутоҳтарин дар истгоҳҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ҳазорҳо сар асп, садҳо адад мошину ароба, аслиҳаи ҷангӣ, амволи муҳандисӣ, сару либос ва хӯрокворӣ ба вагонҳо бор карда, ба фронт интиқол дода шуданд. Танҳо дар солҳои аввали ҷанг ба қисмҳо ва иттиҳодияҳои Артиши Сурх 8874 адад автомашина, 115 адад трактор, 19326 сар асп, 1791 адад ароба таҳвил ёфтанд.
Дар баробари ин, корхонаҳои саноатии Тоҷикистон барои ҷабҳа либосҳои низомӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ истеҳсол мекарданд.
Дар маҷмуъ, дар муддати панҷ сол аз Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан ба набардгоҳҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда 1 миллиард рубли шуравӣ, 1015 тонна ғалла, 213 тонна гӯшт, 2014 тонна картошка, 500 тонна меваю сабзавот, 532 ҳазор адад сару либос фиристонда шудааст.
Дар солҳои ҷанг Тоҷикистон воқеан хонаи дуввуми бисёр мардуми кишварҳои ҷангдидаи шуравӣ гардид. Сокинони Ленингради муҳосирашуда, Москва, Киев, Минск ва чандин шаҳру деҳоти дигари вилоятҳои ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷумҳурии мо интиқол дода шуданд. Дар сарзамини Тоҷикистон тақрибан 100 000 нафар русҳо, украинҳо, беларусҳо, сокинони ҷамоҳири соҳили Балтика паноҳгоҳ пайдо карданд, ки қариб 10 000 нафарашон кӯдакон буданд.
Қобили зикр аст, ки дар он солҳо дар баробари мардон занони шуҳратманду бошарафи тоҷик ҳам дар ҷабҳаи ҷанг ва ҳам дар ақибгоҳ корнамоиҳои беназир нишон додаанд. Барои мисол, духтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, дастпарвари мактаб-интернати шаҳри Панҷакент, пас аз хатми мактаби ҳарбӣ ба ҷанг рафта, дар полки авиатсионӣ ба сифати лётчик хизмат кардааст. Вай зиёда аз 90 парвози ҷангӣ анҷом дода, чандин ҳавопаймоҳои низомии душманро нобуд кардааст ва аз ҷониби Шӯрои ҳарбии Фронти Ғарбӣ бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.
Дар ақибгоҳ занони тоҷик, дар баробари тарбияи фарзандони хурдсол ба ҷои падарону бародарони худ паси чамбараки мошину торакторҳо нишаста, шабу рӯз заҳмат мекашиданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ғалабаи халқи шӯравӣ ба анҷом расид. Барои ин пирузӣ миллионҳо нафар қурбон шуданд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ғалабаи умумӣ бар душман саҳми арзанда гузоштанд. Онҳо дар ҳамаи набардҳо ва рӯйдодҳои муҳими Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сарзамини Русия, Беларус, Украина, кишварҳои соҳили Балтика, дар ҳимояи қалъаи Брест, муҳорибаи Курск, озодкунии Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол ва дигар шаҳрҳо сарбаландона иштирок кардаанд.
55 000 нафар ҷанговарони тоҷик бо ордену медалҳо, аз ҷумла15 нафар бо ордени «Шараф», 65 нафарашон, аз ҷумла Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Сафар Амиршоев, Исмат Шарифов, Саидқул Турдиев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзалиев, Эргаш Шарифов ва дигарон бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бино ба хабари Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, имрӯз дар Тоҷикистон, ба ҳолати 1 майи соли 2024 ҳамагӣ 25 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Синну соли чанд нафари онҳо кайҳо аз 100 гузаштааст.
Мо бояд онҳоро чун гавҳараки чаши эҳтиёт кунем, бо онҳо мулоқотҳо баргузор намоем, аз суҳбатҳо ва нақлу ривоятҳо, таҷрибаи рӯзгорашон баҳравар шавем, аз иштироки зафармандонаи онҳо дар ин шадидтарин ҷанг дар асри 21 сабақи таърихӣ, дарси ватандӯстию мардонагӣ ва диловарӣ омӯзем.
Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорони ҷанг, маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст.
Ҳар сол ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат гузашти низомӣ, мулоқоту ҳамоишҳо ва намоишҳои ёдбуд доир карда мешаванд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Оқибатҳои бисёр талху фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон ба аҳли башар ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки пойдории сулҳу субот ва рӯзгори орому осуда, ҳамкорӣ ва равобити созандаи халқу давлатҳо неъмати бебаҳои зиндагӣ барои ҳар як инсон мебошад».
Ба гуфтаи Сарвари давлат, «мардуми Тоҷикистон, ки дар тӯли асри гузашта солҳои 90-ум бори дуюм ба давраи вазнину ҳалокатбор гирифтор гардида, дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бештар аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон – зиёда аз 150 ҳазор нафар фарзандони худро аз даст доданд, оқибатҳои вазнини аъмоли харобиовари неруҳои экстремистиву террористӣ ва пайомадҳои фоҷиабори ин зуҳуроти нангинро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва бо роҳҳои осоишта, яъне тавассути музокирот ва бо истифодаи василаҳои дипломатӣ ҳаллу фасл гардидани ҳама гуна мухолифату низоъҳо ҳастем».
Дарвоқеъ, сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони мамлакат ҳамеша ҳушёру омода бошем.
Имрӯз мо бо ифтихору эътимод иброз медорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш ба хотири ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинони он содиқонаву ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.
Моро мебояд таҷрибаи зиндагӣ ва роҳи пуршарафи тайкардаи падарону бобоёни худро омӯзем, идома бахшем, ба наврасону ҷавонон аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоем, иқтидори мудофиавии Ватани азизамонро таҳким бахшем, ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатамон саъю талош варзем ва нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибихтиёрамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо ин санаи пуршараф ва таърихӣ – Рӯзи Ғалабаи дар Чанги Бузургир Ватанӣ самимона табрик мегӯям ва ба ҳамаатон осмони софу беғубор ва зиндагии хушу хурраморна орзу менамоям!