Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷонибдорӣ намуд

Санаи нашр: 07-05-2024 Просмотрено: 1847

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7-уми майи соли 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ қатъномаро дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Дар ин хусус  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7-уми майи соли 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ қатъномаро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду давлати дигар, аз ҷумла Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд.

Дар қатъномаи мазкур аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи рӯзи 25 майро эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол якдилона пазируфт, зеро соли 2024 садсолагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол, ки бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1924 дар ш. Париж баргузуор гардида буд, ҷашн гирифта мешавад.

Дар баробари ин, МУ СММ аз ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, аъзои муассисаҳои махсусгардонидашуда ва нозирони Маҷмаи Умумӣ, инчунин ташкилотҳои низоми СММ, аз ҷумла Шӯъбаи рушди фарогири иҷтимоии Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Котиботи СММ, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал меоварад, ки барои таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол мувофиқи афзалиятҳои миллии кишварҳо ва таблиғи манфиатҳои футбол барои ҳама, аз ҷумла тавассути баргузории чорабиниҳои таълимӣ ва иттилоотӣ чора андешанд.

Қабул гардидани санади мазкур бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешбарандаи усулҳои тарзи ҳаёти солим ва вусъатдиҳандаи ҳамкориҳои байналмилалии варзишӣ ҷиҳати оммавӣ гардонидани он дар арсаи байналмилалӣ муҳим хонда, ба ташаббус ва иқдомҳои мо эътимоду боварии комил дорад.